Ишаъё 46 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧИЛУ ШАШУМ Панд ба Исроил дар бораи он ки қодир будани Худованд ва ноҷиз будани бутҳоро дар хотир нигоҳ доранд. 1 Бил фурӯ ғалтидааст, Набӯ сари таслим овардааст, бутҳои онҳо бар ҳайвонот ва чорпо бор карда шудааст: он чизҳое ки шумо бардор‐бардор мекардед, барои ҳайвоноти лакот бори гароне гардидааст. 2 Онҳо якҷоя фурӯ ғалтида, сари таслим овардаанд, он борро натавонистаанд раҳо кунанд, балки худашон низ ба асирӣ рафтаанд. 3 «Маро бишнавед, эй хонадони Яъқуб, ва эй тамоми бақияи хонадони Исроил, ки аз батн шуморо бар Худ бор кардаам, ва аз раҳим шуморо бардоштаам, 4 Ва то пирии шумо Ман хамон ҳастам, ва то мӯйсафедии шумо Ман шуморо хоҳам бардошт: Ман шуморо ба вуҷуд овардаам, ва Ман бар Худ бор хоҳам кард, ва Ман хоҳам бардошт ва хоҳам раҳонид. 5 Маро ба кӣ монанд мекунед ва баробар медонед, ва Маро ба кӣ мисол мезанед, то ки монандӣ дошта бошам? 6 Тиллоро аз ҳамьён мерезанд, ва нуқраро бо тарозу бармекашанд; заргареро киро мекунанд, то ки худое аз он бисозад; пеши он саҷда мекунанд ва онро мепарастанд. 7 Онро бар китфи худ бардошта мебаранд, ва дар маконаш мегузоранд, ва он меистад ва аз ҷояш намеҷунбад; пеши он доду фарьёд мекунанд, вале ҷавоб намедиҳад, онҳоро аз мусибаташон раҳо намекунад. 8 Инро ба ёд оваред ва худро даст гиред; инро, эй осиён, ба дили худ гузаронед! 9 Паёмҳои пешинаро аз замони қадим ба ёд оваред, зеро ки Ман Худо ҳастам, ва Худои дигаре нест, ва амсоли Ман нест. 10 Оқибатро аз ибтидо, ва он чиро, ки ҳанӯз рӯй надодааст, аз қадим баён менамоям; Ман мегӯям: „Иродаи Ман иҷро хоҳад шуд, ва ҳар он чиро, ки хостаам, ба ҷо хоҳам овард“. 11 Уқоберо аз шарқ, иҷрокунандаи қарори Худро аз кишвари дурдаст хондаам; он чи гуфтаам, яқинан ба амал хоҳам овард; он чи пешбинӣ намудаам, яқинан иҷро хоҳам кард. 12 Маро бишнавед, эй сахтдилон, ки аз адолат дур шудаед! 13 Ман адолати Худро наздик овардаам, ва он дур нест, ва наҷоти Ман таъхир нахоҳад кард; ва наҷотро дар Сион барои Исроил, ки шукӯҳи Ман аст, хоҳам бахшид». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden