Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 45 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЧИЛУ ПАНҶУМ Давоми нубувват.

1 Худованд ба масеҳи Худ, ба Куруш, чунин мегӯяд: «Ман дасти рости туро гирифтаам, то халқҳоро пеши ту мағлуб намоям, ва Ман камарҳои подшоҳонро хоҳам кушод, то ки дарҳо пеши ту кушода шавад, ва дарвозаҳо баста нашавад.

2 Ман пешопеши ту хоҳам рафт ва ноҳамвориҳоро ҳамвор хоҳам кард, дарҳои мисинро пора‐пора хоҳам кард ва ғалақаҳои оҳанинро хоҳам шикаст.

3 Ва хазинаҳои зулмот ва ганҷҳои ниҳониро ба ту хоҳам дод, то бидонӣ, ки Ман — Худованде ки туро ба номи ту хондаам, Худои Исроил ҳастам.

4 Ба хотири бандаи Худ Яъқуб ва баргузидаи Худ Исроил туро ба номат хондам ва мӯҳтарам доштам, гарчанде ки ту Маро намешинохтӣ.


Худованд ба Исроил хотиррасон менамояд, ки наҷот танҳо дар Ӯст.

5 Ман Худованд ҳастам, ва дигаре нест; ғайр аз Ман Худое нест; Ман камари туро бастаам, гарчанде ки ту Маро намешинохтӣ,

6 То ки аз тулӯи офтоб ва аз ғуруби он бидонанд, ки ҷуз аз Ман нест: Ман Худованд ҳастам, ва дигаре нест.

7 Ман рӯшноиро ба вуҷуд меоварам ва зулмотро меофарам, сулҳу осоиштагӣ барқарор менамоям ва мусибатҳоро ба вуҷуд меоварам; Ман — Худованд ҳамаи инҳоро ба амал меоварам.

8 Эй афлок! Аз боло биборон, то ки абрҳо адлу инсофро фурӯ резад. Бигзор замин рӯи худро бикшояд, то ки наҷотро ба миён оварад, ва адлу инсоф бо он нумӯ кунад. Ман — Худованд инро офаридаам».

9 Эй вой бар касе ки бо Офаринандаи худ муноқиша мекунад, дар сурате ки худаш сафолпорае аз сафолпораҳои рӯи замин аст! Оё гил ба кӯзагар мегӯяд: «Чӣ чизе сохтаӣ?» Ва ё маснӯи ту мегӯяд: «Ӯ дасти моҳир надорад!»

10 Эй вой бар касе ки ба падари худ гӯяд: «Чаро ту маро ба дуньё овардаӣ?» Ва ба модари худ: «Чаро ту маро зоидаӣ?»

11 Худованд, ки Қуддуси Исроил ва Офаринандаи вай аст, чунин мегӯяд: «Оё шумо дар бораи ояндаи писарони Ман ба Ман савол медиҳед, ва дар бораи амали дастҳои Ман Маро амр мефармоед?

12 Ман заминро ба вуҷуд овардаам, ва инсонро бар он офаридаам; дастҳои Ман афлокро паҳн кардааст, ва ҳамаи лашкарҳои онро Ман амр фармудаам.

13 Ман ӯро барои адолат барангехтаам, ва ҳамаи роҳҳояшро ҳамвор хоҳам кард. Ӯ шаҳри Маро бино хоҳад кард, ва матрудони Маро хоҳад фиристод, лекин на дар ивази фидия ва на дар ивази инъомҳо», — мегӯяд Худованди лашкарҳо.

14 Худованд чунин мегӯяд: «Сарвати Миср, ва тиҷорати Ҳабаш, ва аҳли Сабо, ки мардуми баландқоматанд, аз ҳудуди ту хоҳанд гузашт ва аз они ту хоҳанд шуд: онҳо аз паи ту хоҳанд рафт, дар занҷирҳо хоҳанд гузашт, ва пеши ту саҷда намуда, бо дуо ба ту хоҳанд гуфт: „Худо фақат дар туст, ва ғайр аз Ӯ Худои дигаре нест“».

15 Ба яқин, Ту Худои мастур ҳастӣ, эй Худои Исроил, эй Наҷотдиҳанда!

16 Ҳамаи ҳунармандони санамсоз хиҷил ва расво хоҳанд шуд; онҳо якҷоя ба расвоӣ хоҳанд рафт.

17 Аммо Исроил дар Худованд наҷот хоҳад ёфт, ки наҷоти ҷовидонӣ хоҳад буд; шумо то абад хиҷил ва расво нахоҳед шуд,

18 Зеро Худованде ки афлокро офаридааст, чунин мегӯяд; Ӯ Худоест, ки заминро ба вуҷуд овардааст ва сохтааст; Ӯ онро барқарор намудааст; онро на аз барои он офаридааст, ки бодияе бошад, балки аз барои он ба вуҷуд овардааст, ки маскун бошад. «Ман Худованд ҳастам, ва дигаре нест.

19 Ба таври ниҳонӣ, дар макони тираи замин сухан нарондаам; ба насли Яъқуб нагуфтаам: „Маро беҳуда биҷӯед“; Ман Худованди ҳақгӯй ҳастам, ки чизҳои ростро баён мекунам.

20 Ҷамъ шуда биёед, ва бо ҳам наздик шавед, эй растагорони халқҳо! Онҳое ки санами чӯбини худро бардошта мегарданд, ва пеши худое ки наметавонад наҷот диҳад, дуо мегӯянд, нодон ҳастанд.

21 Бигӯед, ва пешниҳод кунед, ва бо ҳам машварат намоед: кист, ки инро аз қадимулайём эълон намуда, аз он замон пешакӣ гуфтааст? Оё на Ман, ки Худованд ҳастам? Ва ғайр аз Ман Худои дигаре нест, — Худои одил ва наҷотдиҳандае ҷуз аз Ман нест.

22 Ба Ман руҷӯъ намоед ва наҷот хоҳед ёфт, эй тамоми ақсои замин! Зеро ки Ман Худо ҳастам, ва дигаре нест.

23 Ба Зоти Худ қасам хӯрдаам: „Аз даҳони Ман ростӣ, каломи барнагаштанӣ берун омадааст, ки пеши Ман ҳар зонуе хам хоҳад шуд, ва ҳар забоне ба исми Ман қасам хоҳад хӯрд,

24 Ва ҳар кас хоҳад гуфт: адолат ва қудрат барои ман фақат дар Худованд аст“». Ҳаман онҳое ки бар Ӯ ғазаб доштанд, сӯи Ӯ хоҳанд омад ва хиҷил хоҳанд шуд.

25 Тамоми насли Исроил дар Худованд сафед хоҳанд шуд ва ҷалол хоҳанд ёфт.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan