Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 41 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЧИЛУ ЯКУМ Давоми он.

1 Эй ҷазираҳо, ба ҳузури Ман хомӯш монед; ва бигзор қабилаҳо қуввати тоза пайдо кунанд ва наздик омада, гӯянд: якҷоя муҳокима хоҳем кард.

2 Кист, ки шахсеро аз шарқ барангехтааст, ки вай дар ҳар қадамаш ба зафар дучор меояд? Кист, ки халқҳоро пеши вай таслим намудааст, ва подшоҳонро фурӯд овардааст? Вай онҳоро бо дами шамшери худ мисли ғуборе мегардонад ва бо камони худ мисли коҳрезае ки пароканда мешавад.

3 Вай онҳоро таъқиб намуда, аз роҳе ки ҳаргиз пои худро намондааст, ба саломатӣ мегузарад.

4 Кист, ки инро иҷро кардааст ва ба амал овардааст? — Ӯ, ки наслҳоро аз азал даъват намудааст! Ман, ки Худованд ҳастам, аввалинам, ва бо охиринҳо Ман ҳамон хоҳам буд.

5 Ҷазираҳо дидаанд ва ҳаросон шудаанд, ақсои замин ба ларза афтодаанд, онҳо наздик омада, муттаҳид гардидаанд.

6 Яке ба дигаре мадад мекунад ва ба бародари худ мегӯяд: «Қавидил бош!»

7 Ва рехтагар — заргарро, чакушзани сайқалгар сандонкӯбро тақвият медиҳад ва дар бораи кафшер мегӯяд: «Хуб аст», ва онро бо мехҳо мустаҳкам мекунад, то ки поянда бошад.

8 Валекин ту, эй бандаи Ман Исроил, ва эй Яъқуб, ки туро баргузидаам, ва эй насли дӯсти Ман Иброҳим,

9 Ки туро аз ақсои замин гирифтаам, ва туро аз канорҳои он даъват намудаам, ва ба ту гуфтаам: «Ту бандаи Ман ҳастӣ, Ман туро баргузидаам», ва туро тарк накардаам,

10 Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам; наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам: Ман туро тақвият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод, ва туро бо ямини адолати Худ дастгирӣ хоҳам кард.

11 Инак, ҳамаи онҳое ки бар ту ғазаб доранд, хиҷил ва расво хоҳанд шуд, ва онҳое ки бо ту ҷидол мекунанд, нест шуда, беному нишон хоҳанд рафт;

12 Онҳоеро, ки бо ту талош менамоянд, чустуҷӯ карда, нахоҳӣ ёфт, ва онҳое ки бо ту ҷанг мекунанд, несту нобуд хоҳанд шуд,

13 Зеро Ман, ки Худованд Худои ту ҳастам, ямини туро гирифта, ба ту мегӯям: «Натарс, Ман туро ёварӣ хоҳам дод».

14 Натарс, эй кирми Яъқуб, эй бақияи камшумори Исроил! Ман туро ёварӣ хоҳам дод, — мегӯяд Худованд, — ва Қуддуси Исроил туро хоҳад раҳонид.

15 Инак, Ман туро ғаллакӯбаки тези нави дандонадоре гардонидаам: ту кӯҳҳоро кӯфта, гард‐гард хоҳӣ кард, ва теппаҳоро мисли коҳ реза хоҳӣ сохт;

16 Онҳоро бод хоҳӣ дод, ва бод онҳоро хоҳад бардошт, ва тундбод онҳоро пароканда хоҳад кард; ва ту аз Худованд ба ваҷд хоҳӣ омад, аз Қуддуси Исроил фахр хоҳӣ кард.

17 Бенавоён ва мискинон об металабанд, вале нест: Забонашон аз ташнагӣ хушк мешавад. Ман, ки Худованд ҳастам, онҳоро иҷобат хоҳам намуд. Ман, ки Худои Исроил ҳастам, онҳоро тарк нахоҳам кард.

18 Бар теппаҳои беоб наҳрҳо, ва дар миёни водиҳо чашмаҳо хоҳам кушод: биёбонро ба кӯли об, ва замини хушкидаро ба чашмаҳои об табдил хоҳам дод.

19 Дар биёбон арз, ақоқиё, ос ва зайтуни ёбоӣ хоҳам шинонид; дар саҳро сарв, коҷ ва шамшодро якҷоя хоҳам рӯёнид,

20 То мардум бубинанд, ва бидонанд, ва диққат диҳанд ва якҷоя фаҳм кунанд, ки дасти Худованд инро ба амал овардааст, ва Куддуси Исроил инро офаридааст.

21 Даъвои худро арз намоед, — мегӯяд Худованд. Далелҳои қатъии худро пешниҳод кунед, — мегӯяд Подшоҳи Яъқуб.

22 Бигзор бутҳо он чиро, ки рӯй хоҳад дод, ба мо пешниҳод карда, баён намоянд; вақоеи пешина чист? — бигӯед, ва мо фикр ронда, оқибати онро хоҳем донист; ё ки вақоеи ояндаро ба мо пешгӯӣ намоед.

23 Он чиро, ки баъд аз ин ба вуқӯъ хоҳад омад, баён кунед, ва мо хоҳем донист, ки шумо худо ҳастед; ягон кори неке ё баде бикунед, то ки мабҳут шавем ва якҷоя бубинем.

24 Аммо шумо ночиз ҳастед, ва амали шумо ҳеҷу пуч аст, ва ҳар кӣ шуморо ихтиёр кунад, зишт аст.

25 Ман шахсеро аз шимол барангехтам, ва ӯ хоҳад омад, аз самти тулӯи офтоб исми Маро хоҳад хонд, ва миронро мисли лое лагадкӯб хоҳад кард, ва монанди кӯзагаре хоҳад буд, ки гилро поймол мекунад.

26 Кист, ки аз ибтидо гуфтааст, то мо бидонем, ва пешакӣ хабар додааст, то мо бигӯем: «Ҳақ асту рост»? Аммо ҳеҷ кас нагуфтааст, ҳеҷ кас хабар надодааст, ҳеҷ кас суханони шуморо нашнидааст.

27 Аввалин Ман ба Сион гуфтам: «Инак инҳо!», ва ба Ерусалим мубашшире бахшидам.

28 Ва Ман назар андохтам, ва касе нест, ва аз байни онҳо мушовире нест, то ки Ман ба онҳо савол диҳам, ва онҳо ҷавоб гардонанд.

29 Инак, ҳамаи онҳо ночизанд, аъмолашон низ ночиз аст; бутҳои фулуззии онҳо ҳеҷу пуч аст.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan