Ишаъё 40 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧИЛУМ Нубувват дар бораи Яҳьёи Таъмиддиҳанда. 1 Тасаллӣ диҳед, қавми маро тасаллӣ диҳед, — мегӯяд Худои шумо. 2 Суханони дилпазир ба Ерусалим гӯед ва ба вай зълон намоед, ки мӯҳлати муборизаи вай пур шудааст, гуноҳаш подош ёфтааст, зеро ки вай барои ҳамаи хатоҳояш аз дасти Худованд дучандон ҷазо дидааст. 3 Овозе нидо мекунад: «Дар биёбон роҳе барои Худованд тайёр кунед, тариқе барои Худои мо дар саҳро ҳамвор кунед! 4 Ҳар дара баланд ва ҳар кӯҳ ва теппа паст хоҳад шуд, ва партгоҳ ба дашт ва силсилаи кӯҳҳо ба водӣ табдил хоҳад ёфт. 5 Ва ҷалоли Худованд зоҳир хоҳад шуд, ва ҳар ҷисм якбора онро хоҳад дид, зеро ки даҳони Худованд инро гуфтааст». Дар бораи кибриёи Худо ва сустии инсон. 6 Овоз мегӯяд: «Эълон намо!» Ва гуфтам: «Чиро эълон намоям?» Ҳар ҷисм мисли алаф аст, ва тамоми ҳусни он мисли гули саҳро. 7 Алаф хушк мешавад, гул пажмурда мегардад, вақте ки боде аз ҷониби Худованд бар он бивазад: ба яқин, қавм низ алаф ҳастанд. 8 Алаф хушк мешавад, гул пажмурда мегардад, вале каломи Худои мо то абад қоим хоҳад буд. 9 Бар кӯҳи баланд баро, эй мубашшираи Сион! Овозатро бо тамоми қувват баланд кун, эй мубашшираи Ерусалим! Баланд кун, натарс, ба шаҳрҳои Яхудо бигӯй: «Инак, Худои шумо!» 10 Инак, Худованд Худо бо кудрат меояд, ва бозуи Ӯ барои Ӯ хукмронӣ мекунад. Инак, мукофоти Ӯ бо Ӯст, ва подоши Ӯ пеши Ӯст. 11 Ӯ мисли чӯпоне рамаи Худро хоҳад чаронид, баррагонро бо бозуи Худ ҷамъ карда, дар оғӯши Худ хоҳад гирифт, мешони ширдеҳро роҳнамоӣ хоҳад намуд. 12 Кист, ки обҳоро бо мушташ андоза намудааст, ва афлокро бо ваҷаб паймудааст, ва хоки заминро дар ченаке гунҷонидааст, ва кӯҳҳоро бо каппон ва теппаҳоро бо паллаи тарозу баркашидааст? 13 Кист, ки рӯҳи Худовандро андоза намудааст, ва мушовири Ӯ гардидааст, ва Ӯро таълим додааст? 14 Ӯ бо кӣ машварат кардааст, ва кист, ки ба Ӯ хирад бахшидааст, ва тариқи адлу инсофро ба Ӯ таълим додааст, ва ба Ӯ дониш омӯхтааст, ва роҳи дурустиҳоро ба Ӯ ёд додааст? 15 Халқҳо, охир, мисли қатрае аз сатил ва мисли гарде бар тарозу ҳисоб меёбанд. Ҷазираҳоро, охир, Ӯ мисли ғуборе мебардорад. 16 Ва Лубнон барои ҳезуми қурбонгоҳ кифоят намекунад, ва ҳайвоноти он барои қурбониҳои сӯхтанӣ басанда нест. 17 Ҳамаи халқҳо пеши Ӯ ночизанд, дар назари Ӯ ҳеҷу пуч ҳисоб меёбанд. 18 Пас, Худоро ба кӣ монанд мекунед? Ва чӣ гуна ташбеҳро ба Ӯ баробар медонед? 19 Бутро рехтагар мерезад, ва заргар онро бо тилло мепӯшонад, ва занҷирҳои нуқра барояш месозад. 20 Бенавое ки чунин ҳадия барояш дастнорас аст, чӯберо, ки намепӯсад, хуш мекунад, наҷҷори моҳире барои худ меёбад, то буте бисозад, ки поянда бошад. 21 Магар намедонед? Магар шумо нашнидаед? Магар аз аввал ба шумо гуфта нашудааст? Магар аз буньёди замин фаҳм надоред? 22 Ӯ Ҳамон аст, ки бар доираи замин нишастааст, ва сокинони он мисли малах мебошанд; Ӯ афлокро мисли чодире густурдааст, ва онро мисли хаймае барои сукунат барафроштааст. 23 Ӯ миронро ночиз мегардонад, доварони заминро ҳеҷу пуч месозад. 24 Гӯё ки онҳо ҳанӯз шинонда нашуда бошанд, ҳанӯз кошта нашуда бошанд, гӯё ки танаи онҳо ҳанӯз дар замин реша надавонда бошад, — ҳамин ки ӯ бар онҳо боде вазонид, онҳо хушк шуданд, ва тундбод онҳоро мисли пари коҳе гирифта бурд. 25 Пас, Маро ба кӣ монанд мекунед, то ки Ман ба вай баробар бошам? — мегӯяд Куддус. 26 Чашмони худро сӯи афроз баланд карда, бубинед: кист, ки инҳоро офаридааст? Ӯ лашкари онҳоро ба шумор берун меоварад, ҳамаи онҳоро бо номҳошон мехонад; аз бузургии қувват ва тавоноии кудрати Ӯ ҳеҷ яке аз онҳо ниҳон нахоҳад шуд. 27 Пас чаро, эй Яъқуб, ба забон меронӣ, ва эй Исроил, мегӯӣ: «Роҳи ман аз назари Худованд гум шудааст, ва даъвои ман аз Худои ман дур афтодааст»? 28 Магар ту намедонӣ? Магар ту нашнидаӣ? Худованд, Худои ҷовид, ки ақсои заминро офаридааст, хаста намешавад ва лакот намегардад; хиради Ӯ таҳқиқнопазир аст. 29 Ӯ хастаро қувват мебахшад, ва ба бемаҷол тавоноӣ афзун мекунад. 30 Ҳатто амрадон хаста мешаванд ва лакот мегарданд, ва ҷавонмардон тамоман фурӯ меғалтанд, 31 Валекин умедворони Худованд қуввати тоза пайдо мекунанд, мисли уқобон бол меафшонанд, медаванд ва бемаҷол намегарданд, қадам мезананд ва хаста намешаванд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden