Ишаъё 38 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СИЮ ҲАШТУМ Бемории Хизқиё ва шифо ёфтани ӯ. 1 Дар он айём Ҳизқиё бемор шуда, наздик ба мурдан буд; ва набӣ, Ишаъё ибни Омӯс, назди ӯ омада, ба ӯ гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: барои аҳли байти худ васият намо, зеро ки ту хоҳӣ мурд ва шифо нахоҳӣ ёфт». 2 Ва Ҳизқиё рӯи худро ба девор гардонида, сӯи Худованд дуо хонд, 3 Ва гуфт: «Лутфан, эй Худованд, ба ёд овар, ки чӣ гуна ман ба ҳузури Ту бо ростӣ ва аз самими қалб рафтор намудаам, ва он чи дар назари Ту мақбул буд, ба амал овардаам». Ва Ҳизқиё зор‐зор гирист. 4 Ва каломи Худованд бар Ишаъё нузул карда, гуфт: 5 «Бирав ва ба Ҳизқиё бигӯй: Худованд, Худои падарат Довуд, чунин мегӯяд: дуои туро шунидам, ашкҳои туро дидам. Инак, Ман бар рӯзҳои ту понздаҳ сол илова менамоям. 6 Ва туро ва ин шаҳрро аз дасти подшоҳи Ашшур раҳо хоҳам намуд, ва ин шаҳрро ҳимоят хоҳам кард. 7 Ва аломат аз ҷониби Худованд дар бораи он ки Худованд каломеро, ки гуфтааст, ба амал хоҳад овард, барои ту чунин аст: 8 Инак, Ман сояи зинаҳоро, ки аз офтоб бар зинаҳои Оҳоз фуромадааст, даҳ зина қафо мегардонам». Ва офтоб аз зинаҳое ки фуромада буд, даҳ зина қафо гашт. 9 Таронаи Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, вақте ки ӯ бемор шуд ва аз бемории худ шифо ёфт: 10 Ман гуфтам, ки дар миёнаи рӯзҳои худ ба дарвозаи дӯзах хоҳам рафт: ман аз бақияи солҳои худ маҳрум шудаам. 11 Ман гуфтам, ки Худовандро дигар нахоҳам дид, — Худовандро дар замини зиндаҳо; дар миёни сокинони дуньё инсонро дигар нахоҳам дид; 12 Маскани ман барканда шудааст ва мисли хаймаи чӯпон аз ман дур рафтааст; мисли бофандае ман риштаи умри худро кӯтоҳ кардаам; Ӯ маро аз навард хоҳад бурид; аз рӯз то шаб Ту кори маро тамом хоҳӣ кард. 13 То субҳ ман сокит будам; мисли шер Ӯ ҳамаи устухонҳои маро хоҳад шикаст; аз рӯз то шаб Ту кори маро тамом хоҳӣ кард. 14 Мисли фароштурук, мисли лайлак ман садо мебаровардам, мисли кабӯтар нолиш мекардам; чашмонам сӯи афроз баланд мешуд: Худовандо! Гирифтори ситам ҳастам; маро халосӣ бидеҳ. 15 Чӣ метавонам бигӯям? Ӯ ба ман гуфт — ва Ӯ ба ҷо овард. Тамоми солҳои худро бо талхии ҷонам оҳиста‐оҳиста ба сар хоҳам бурд. 16 Худовандо! Бо ин чизҳо зиндагӣ мекунанд, ва ҳаёти рӯхи ман бо ҳамаи инҳост; ва Ту маро шифо бидеҳ ва ба ман ҳаёт бибахш. 17 Инак, талхӣ барои ман ба саломатӣ мубаддал шуд, ва Ту лутф намуда, ҷони маро аз чоҳи ҳалокат баровардӣ, чунки ҳамаи гуноҳҳои маро ба пушти Худ партофтӣ. 18 Зеро ки дӯзах Туро ҳамд намегӯяд, мамот Туро ситоиш намекунад, ба гӯр фурӯ рафтагон ростии Туро интизор надоранд. 19 Зинда, фақат зинда Туро ҳамд мегӯяд, чунон ки ман имрӯз мегӯям; падар ба писаронаш ростии Туро мефаҳмонад. 20 Худованд маро наҷот медиҳад, ва сурудҳоямро тамоми рӯзҳои ҳаёти худ дар хонаи Худованд хоҳам хонд. 21 Ва Ишаъё гуфт: «Бигзор кулӯлае аз анҷирқоқ биёранд, ва бар захм бимоланд, ва ӯ шифо хоҳад ёфт». 22 Ва Ҳизқиё гуфт: «Аломати он ки ба хонаи Худованд хоҳам рафт, чист?» |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden