Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 37 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СИЮ ҲАФТУМ Бар тибқи дуои Ҳизқиё қуввати Санҳериб шикаст хӯрд.

1 Ва воқеъ шуд, ки чун подшоҳ Ҳизқиё инро шунид, либоси худро чок зад, ва палос пӯшид, ва ба хонаи Худованд даромад.

2 Ва Ильёқими нозири боргоҳ ва Шебнои мирзо ва коҳинони пиронсолро, ки палос пӯшида буданд, назди набӣ, Ишаъё ибни Омӯс, фиристод.

3 Ва онҳо ба вай гуфтанд: «Ҳизқиё чунин мегӯяд: „Имрӯз рӯзи тангӣ ва ҷазо ва таҳқир аст, зеро ки кӯдакон ба дами валодат расидаанд, вале қуввати зоидан нест.

4 Шояд, Худованд, Худои ту, суханони Рабшоқеро, ки оғояш подшоҳи Ашшур ӯро барои таҳқир кардани Худои Ҳай фиристодааст, бишнавад ва ӯро аз барои суханоне ки Худованд, Худои ту, шунидааст, ҷазо диҳад; пас, барои ин бақияе ки вуҷуд доранд, дуое бигӯй“».


Худованд иродаи Худро ба Ишаъё ошкор мекунад.

5 Ва бандагони подшоҳ Ҳизқиё назди Ишаъё омаданд.

6 Ва Ишаъё ба онҳо гуфт: «Ба оғои худ чунин бигӯед: „Худованд чунин мегӯяд: аз суханоне ки шунидаӣ, ки навкарони подшоҳи Ашшур Маро бо онҳо дашном додаанд, натарс.

7 Инак, рӯҳе бар ӯ мефиристам, ва ӯ овозае шунида, ба замини худ хоҳад баргашт, ва ӯро дар заминаш бо дами шамшер нобуд хоҳам кард“».


Санҳериб бо Ҳизқиё ба гуфтушунид шурӯъ менамояд.

8 Ва Рабшоқе баргашт, ва подшоҳи Ашшурро дар вазъияте ёфт, ки бо Либно ҷанг мекард, зеро шунида буд, ки аз Локиш ақиб рафтааст.

9 Ва ӯ дар бораи Тирҳоқо, подшоҳи Ҳабаш, хабаре шунид, ки яъне: «Берун омадааст, то ки бо ту ҷанг кунад»; ва чун шунид, элчиён назди Ҳизқиё фиристода, гуфт:

10 «Ба Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудия, чунин бигӯед: „Бигзор Худоят туро фирефта накунад, ки ту ба Ӯ таваккал намуда мегӯӣ: Ерусалим ба дасти подшоҳи Ашшур таслим нахоҳад шуд.

11 Инак, ту шуниданӣ, ки подшоҳони Ашшур бо ҳамаи кишварҳо чиҳо кардаанд, то ки сокинонашонро маҳв намоянд; ва оё ту раҳо хоҳӣ шуд?

12 Оё худоёни халқҳое ки падарони ман несту нобуд кардаанд, онҳоро, яъне: Ҷӯзон ва Ҳорон ва Расаф ва банӣ‐Аданро, ки дар Талассор буданд, раҳоӣ доданд?

13 Подшоҳи Ҳамот ва подшоҳи Арпод ва подшоҳи шаҳри Сефарвоим, Ҳенаъ ва Ивво куҷоянд?“»


Дуои Ҳизқиё ва ҷавоби Худованд ба воситаи Ишаъё.

14 Ва Ҳизқиё номаро аз дасти элчиён гирифт, ва онро хонд, ва ба хонаи Худованд даромад, ва онро ба ҳузури Худованд густаронид.

15 Ва Ҳизқиё назди Худованд дуо хонда, гуфт:

16 «Эй Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, ки бар каррубиён нишастаӣ! Туӣ, ки бар ҳамаи мамлакатҳои замин Худои ягона ҳастӣ; Ту осмон ва заминро офаридаӣ.

17 Гӯши Худро, эй Худованд, хам карда, бишнав; чашмони Худро, эй Худованд, кушода, бубин; ва ҳамаи суханони Санҳерибро, ки барои таҳқир кардани Худои Ҳай фиристодааст, бишнав.

18 Худовандо! Дуруст аст, ки подшоҳони Ашшур ҳамаи кишварҳо ва замини худашонро хароб кардаанд,

19 Ва худоёни онҳоро дар оташ андохтаанд, зеро ки онҳо Худо набуданд, балки маснӯи дастҳои одам, ва чӯб ва санг буданд, бинобар ин онҳоро несту нобуд кардаанд.

20 Ва акнун, эй Худованд Худои мо, моро аз дасти вай наҷот деҳ, то ҳамаи мамлакатҳои замин бидонанд, ки Ту Худованди ягона ҳастӣ».

21 Ва Ишаъё ибни Омӯс назди Ҳизқиё кас фиристода, гуфт: «Худованд, Худои Исроил, чунин мегӯяд: азбаски назди Ман дар бораи Санҳериб, подшоҳи Ашшур, дуо гуфтӣ,

22 Чунин аст сухане ки Худованд дар бораи вай гуфтааст: духтари бокираи Сион аз ту нафрат намуда, туро тамасхур кардааст, ва духтари Ерусалим аз қафои ту сар ҷунбонидааст!

23 Киро ту таҳқир намудаӣ ва дашном додаӣ? Ва дар ҳаққи кӣ овоз баланд кардаӣ ва чашмони худро боло бардоштаӣ? Дар ҳаққи Куддуси Исроил!

24 Ба воситаи бандагони худ Худовандро таҳқир намуда, гуфтаӣ: „Бо анбӯҳи аробаҳои худ ман ба қуллаи кӯҳҳо, бар ақсои Лубнон баромадаам, ва арзҳои болобаланд ва сарвҳои гузини онро буридаам, ва ба қуллаи баландтарини он, ба боғистони ҳосилхези он расидаам;

25 Ва ман чоҳ канда, об нӯшидаам; ва бо кафи пойҳои худ ҳамаи наҳрҳои Мисрро хушк хоҳам кард“.

26 Оё ту нашнидаӣ, ки Ман аз замони пеш инро қарор додаам, аз қадимулайём инро пешбинӣ намудаам, ва ҳоло инро тавре ба амал овардаам, ки ту шаҳрҳои истеҳкомдорро валангор карда, ба харобазор табдил медиҳӣ?

27 Ва сокинони онҳо камқувват, ҳаросон ва хиҷил шудаанд: онҳо мисли алафи саҳро ва майсаи навхез, ва сазбаи болои бомҳо, ва мисли киштзоре ки пеш аз хӯша бастанаш хушк шуда бошад, гардидаанд.

28 Вале Ман нишастани туро, ва баромадани туро, ва даромадани туро медонам; ва адоватеро, ки ба Ман дорӣ.

29 Азбаски адовате ки ба Ман дорӣ, ва лоуболии ту ба гӯши Ман расидааст, бинобар ин маҳори Худро ба бинии ту, ва ҷилави Худро ба даҳони ту хоҳам зад, ва туро бо роҳе ки омадаӣ, хоҳам баргардонид.

30 Ва аломат барои ту, эй Ҳизқиё, чунин аст: имсол ғаллаи худрӯй хоҳед хӯрд, ва дар соли дуюм — он чи аз он бирӯяд; вале дар соли сеюм кишт кунед ва дарав намоед, ва токҳо шинонед ва меваи онҳоро бихӯред.

31 Ва растагорони хонадони Яҳудо, ки боқӣ мондаанд, аз нав дар поён реша хоҳанд давонид, ва дар боло мева хоҳанд овард,

32 Зеро ки бақия аз Ерусалим, ва растагорон аз кӯҳи Сион ба вуҷуд хоҳанд омад. Рашки Худованди лашкарҳо инро ба амал хоҳад овард.

33 Бинобар ин Худованд дар бораи подшоҳи Ашшур чунин мегӯяд: вай ба ин шаҳр ворид нахоҳад шуд, ва ба он ҷо тир нахоҳад андохт, ва назди он бо сипар нахоҳад омад, ва дар муқобили он хокрез барпо нахоҳад кард.

34 Бо кадом роҳе ки омадааст, бо ҳамон хоҳад баргашт, валекин ба ин шаҳр ворид нахоҳад шуд, — мегӯяд Худованд.

35 Ва Ман ин шаҳрро ҳимоят хоҳам кард, то ки онро ба хотири Худам ва ба хотири бандаи Худ Довуд наҷот диҳам».

36 Ва фариштаи Худованд берун омада, дар ӯрдуи Ашшур саду ҳаштоду панҷ ҳазор нафарро зарба зад; ва субҳидам бархостанд, ва инак, ҳамаашон ҷасадҳои мурда буданд.

37 Ва Санҳериб, подшоҳи Ашшур, ақиб нишаста, раҳсипор шуд, ва бозгашта, дар Нинве сукунат кард.

38 Ва воқеъ шуд, ки чун ӯ дар хонаи Нисрӯк, худои худ, саҷда мекард, писаронаш Адрмалик ва Шаросир ӯро бо шамшер куштанд, ва худашон ба замини Аророт гурехтанд; ва писараш Асарҳадӯн ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan