Ишаъё 36 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СИЮ ШАШУМ Тохтутози Санҳериб. 1 Дар соли чордаҳуми подшоҳ Ҳизқиё воқеъ шуд, ки Санҳериб, подшоҳи Ашшур, бар ҳамаи шаҳрҳои истеҳкомдори Яхудо ҳуҷум оварда, онҳоро забт намуд. 2 Ва подшоҳи Ашшур Рабшоқеро аз Локиш ба Ерусалим назди подшоҳ Ҳизқиё бо лашкари азиме фиристод, ва ӯ назди ҷӯи ҳавзи боло, дар роҳи саҳрои козар истод. 3 Ва Ильёқим ибни Ҳилқиё, ки нозири боргоҳ буд, ва Шебнои мирзо ва Юоҳ ибни Ософи вақоеънавис назди ӯ берун омаданд. Таклифи Рабшоқе. 4 Ва Рабшоқе ба онҳо гуфт: «Ба Ҳизқиё бигӯед: „Подшоҳи бузург, подшоҳи Ашшур чунин мегӯяд: ин чӣ таваккалест, ки бар он таваккал кардаӣ? 5 Ман мегӯям: оё ин хама суханони ботил ба ҷои машварат ва қуввати ҷанг аст? Пас кист, ки бар вай таваккал карда, ба ман осӣ шудаӣ? 6 Инак, бар ин асои наи нимшикаста, яъне бар Миср таваккал мекунӣ, ки агар касе бар он такья кунад, ба дасташ халида, онро захмдор месозад; чунин аст фиръавн, подшоҳи Миср, барои ҳамаи онҳое ки бар ӯ таваккал мекунанд. 7 Ва агар ба ман гӯӣ, ки бар Худованд Худои мо таваккал мекунем, — Ӯ оё ҳамон нест, ки минбарҳо ва қурбонгоҳҳояшро Ҳизқиё аз миён бардошта, ба Яҳудия ва Ерусалим гуфтааст: фақат пеши ин қурбонгоҳ саҷда намоед? 8 Ва акнун, лутфан, бо оғои ман, подшоҳи Ашшур, шарт бибанд, ва ман ду ҳазор асп ба ту хоҳам дод, агар ту барои худ саворонро бар онҳо тавонӣ ба даст оварӣ. 9 Пас, чӣ гуна ту мехоҳӣ рӯи пошо, яъне яке аз хурдтарин бандагони оғои маро баргардонӣ, ва бар Миср барои аробаҳо ва саворон таваккал намоӣ? 10 Ва оё ман алҳол бе изни Худованд бар ин замин ҳуҷум овардаам, то ки онро хароб кунам? Худованд ба ман гуфтааст: бар ин замин ҳуҷум овар ва онро хароб кун!“» 11 Ва Ильёқим ва Шебно ва Юоҳ ба Рабшоқе гуфтанд: «Бо бандагони худ ба забони арамӣ гуфтугузор кун, зеро ки онро мефаҳмем; ва бо мо ба забони яҳудӣ дар гӯши қавме ки бар ҳисор мебошанд, гуфтугузор накун». 12 Ва Рабшоқе гуфт: «Оё оғои ман маро фақат назди оғои ту ва назди ту фиристодааст, то ки ин суханонро бигӯям? Не, назди ин мардум низ фиристодааст, ки бар ҳисор нишастаанд, ва ҳамчун шумо наҷосати худро хоҳанд хӯрд ва пешоби худро хоҳанд нӯшид». 13 Ва Рабшоқе бархост ва бо овози баланд ба забони яҳудӣ фарьёд зада, гуфт: «Суханони подшоҳи бузург, подшоҳи Ашшурро бишнавед! 14 Подшоҳ чунин мегӯяд: „Бигзор Ҳизқиё шуморо фирефта накунад, зеро ки ӯ наметавонад шуморо раҳо намояд; 15 Ва бигзор Ҳизқиё шуморо ба Худованд умедвор карда, нагӯяд, ки Худованд моро ба яқин раҳо хоҳад намуд, ва ин шаҳр ба дасти подшоҳи Ашшур таслим нахоҳад шуд. 16 Ба Ҳизқиё гӯш надиҳед, зеро ки подшоҳи Ашшур чунин мегӯяд: бо ман мусолиҳа намоед ва пеши ман берун оед; ва ҳар яке меваи токи худро, ва ҳар яке анҷири худро хоҳед хӯрд, ва ҳар яке аз оби чоҳи худ хоҳед нӯшид, 17 То вақте ки ман биёям ва шуморо гирифта, ба замине монанди замини худатон, ба замини ғалла ва шарбат, ба замини нон ва токзор бибарам. 18 Мабодо Ҳизқиё шуморо фирефта карда, гӯяд: Худованд моро раҳо хоҳад намуд! Оё худоёни халқҳо, ҳар яке замини худро, аз дасти подшоҳи Ашшур раҳо кардаанд? 19 Худоёни Ҳамот ва Арпод куҷоянд? Худоёни Сефарвоим куҷоянд? Ва оё Сомарияро аз дасти ман раҳо кардаанд? 20 Аз ҳамаи худоёни ин заминҳо кист, ки замини худро аз дасти ман раҳо карда бошад? Пас наход ки Худованд Ерусалимро аз дасти ман метавонад раҳо кунад?“» 21 Валекин онҳо хомӯш монда, ба ҷавоби вай сухане нагуфтанд, зеро подшоҳ амр фармуда гуфта буд, ки «ба вай ҷавоб надиҳед». 22 Ва Ильёқим ибни Ҳилқиё, ки нозири боргоҳ буд, ва Шебнои мирзо, ва Юоҳ ибни Ософи вақоеънавис бо ҷомаҳои чокзада назди Ҳизқиё омаданд, ва суханони Рабшоқеро ба ӯ гуфтанд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden