Ишаъё 35 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СИЮ ПАНҶУМ Ҷалол ёфтани қавми Худо баъд аз андӯҳҳо. Ҷамъ шудани Исроил. 1 Биёбон ва саҳрои хушк ба ваҷд хоҳад омад, ва чӯл шод хоҳад гардид, мисли гули савсан хоҳад шукуфт; 2 Гул‐гул шукуфта ва шод гардида, аз хурсандӣ ва тараннум пур хоҳад шуд; ҷалоли Лубнон ва шавкати Кармил ва Шорӯн ба вай ато хоҳад шуд; онҳо ҷалоли Худованд ва шавкати Худои моро хоҳанд дид. 3 Дастҳои беқувватро қавӣ кунед, ва зонуҳои ларзонро тақвият диҳед. 4 Ба дилҳои тарсончак бигӯед: «Қавӣ бошед! Натарсед! Инак, Худои шумо бо интиқом меояд, бо подоши илоҳии Худ меояд: Ӯ омада, шуморо наҷот хоҳад дод». 5 Он гоҳ чашмони кӯрон кушода хоҳад шуд, гӯшҳои карон воз хоҳад шуд. 6 Он гоҳ ланг мисли гавазн ҷастухез хоҳад кард, ва забони гунг тараннум хоҳад намуд, зеро ки обҳо дар биёбон, ва рӯдҳо дар чӯл ҷӯш хоҳад зад. 7 Ва сароб ба кӯл табдил хоҳад ёфт, ва хушкӣ — ба чашмаҳои об; дар маскане ки шағолон мехобанд, маконе барои най ва қамиш хоҳад буд. 8 Ва дар он ҷо шоҳроҳе ва ҷоддае хоҳад буд, ва он роҳи муқаддас номида хоҳад шуд; наҷисе аз он нахоҳад гузашт; балки он барои онҳо хоҳад буд, ва ҳар кӣ бо ин роҳ равад, ҷоҳил бошад ҳам, гумроҳ нахоҳад шуд. 9 Шере дар он ҷо нахоҳад буд, ва ҳайвони даррандае бар он нахоҳад баромад ва дар он ҷо ёфт нахоҳад шуд, балки растагорон бар он қадамгузор хоҳанд шуд. 10 Ва растагорони Худованд баргашта, бо тараннум ба Сион хоҳанд омад, ва хурсандии абадӣ бар сари онҳо хоҳад буд; онҳо ба шодӣ ва хурсандӣ ноил хоҳанд гардид, ва андӯху фиғон нест хоҳад шуд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden