Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 34 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СИЮ ЧОРУМ Доварӣ бар халқҳо: Ҳармиҷидӯн.

1 Эй халқҳо, наздик омада, бишнавед! Ва эй қабилаҳо, бодиққат гӯш кунед! Бигзор замин ва ҳар чи дар он аст, дуньё ва ҳар чи дар он ба вуҷуд меояд, бишнавад!

2 Зеро ки ғазаби Худованд бар ҳамаи халқҳост, ва хашми Ӯ бар тамоми лашкари онҳост. Ӯ онҳоро ба ҳалокат маҳкум кардааст, ба катл таслим намудааст.

3 Ва мақтулони онҳо партофта хоҳанд шуд, ва тааффуни ҷасадҳои онҳо хоҳад баромад, ва қӯҳҳо аз хуни онҳо гудохта хоҳад шуд.

4 Ва тамоми лашкари осмон фано хоҳад шуд, ва осмон мисли тӯморе хоҳад печид, ва тамоми лашкари он бетароват гардида, фурӯ хоҳад ғалтид, мисли барги ток, ки пажмурда шуда мерезад, ва мисли меваи хом аз дарахти анҷир.

5 Зеро ки шамшери Ман дар осмон сероб гардидааст: инак, бар Адӯм ва бар қавме ки ба ҳалокат маҳкум намудаам, барои доварӣ меояд.

6 Шамшери Худованд аз хун пур, аз чарбу фарбеҳ шудааст, — аз хуни мешон ва такаҳо, аз чарбуи гурдаҳои қӯчқорон: зеро ки барои Худованд дар Басра забҳ аст, ва куштори бузурге дар замини Адӯм.

7 Ва говмешон бо онҳо хоҳанд афтод, ва гӯсолаҳо бо нарговон; ва заминашон аз хун сероб, ва хокашон аз чарбу фарбеҳ хоҳад шуд.

8 Зеро ки барои Худованд рӯзи интиқом аст, — соли подош барои даъвои Сион.

9 Ва наҳрҳои он ба қатрон, ва хоки он ба кибрит табдил хоҳад ёфт, ва замини он қатрони сӯзон хоҳад шуд.

10 Шаб ва рӯз хомӯш нахоҳад шуд; дуди он то абад хоҳад баромад; аз насл ба насл харобазор хоҳад монд; то абадуддаҳр касе дар он гузар нахоҳад кард.

11 Ва онро мурғи саққо ва хорпушт тасарруф хоҳанд намуд; ва бум ва зоғ дар он сокин хоҳанд шуд; ва Ӯ ресмони вайронӣ, ва шоқули харобиро бар он хоҳад кашид.

12 Аз ашрофу аъёнаш, ки ба подшоҳӣ даъват намоянд, касе дар он ҷо нахоҳад буд; ва ҳамаи миронаш нест хоҳанд шуд.

13 Ва дар қасрҳояш хорбӯттаҳо хоҳад рӯид, ва бар қалъаҳояш — газна ва мушхор; ва он маскани шағолон ва иқоматгоҳи шутурмурғон хоҳад шуд.

14 Ва дар он гурбаҳои ваҳшӣ ба рӯбоҳон дучор хоҳанд омад, ва ғӯл ёри худро хоҳад хонд; ифрит низ дар он ҷо фароғат хоҳад кард, ва барои худ оромгоҳ хоҳад ёфт.

15 Дар он ҷо тирмор ошьёна сохта, тухм хоҳад монд, ва бача бароварда, дар зери сояи худ ҷамъ хоҳад кард; қарчиғайҳо низ дар он ҷо яке бо дигаре ҷамъ хоҳанд шуд.

16 Китоби Худовандро бодиққат қироат намуда, хоҳед дид, ки ҳеҷ яке аз инҳо кам нахоҳад буд: яке дигареро гум нахоҳад кард; зеро ки даҳони Ӯ амр фармудааст, ва рӯҳи Ӯ онҳоро ҷамъ намудааст.

17 Ва Ӯ барои онҳо қуръа партофтааст, ва дасти Ӯ онро барои онҳо бо ресмоне тақсим кардааст; то абад онро тасарруф хоҳанд намуд, аз насл ба насл дар он сокин хоҳанд буд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan