Ишаъё 32 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СИЮ ДУЮМ Ваъдаҳо ва огоҳиҳо. Подшоҳи Раҳокунанда. 1 Инак, подшоҳ бо адолат салтанат хоҳад ронд, ва мирон бо инсоф ҳукмронӣ хоҳанд кард. 2 Ва ҳар кас мисли паноҳгоҳе аз бод ва ниҳонгоҳе аз тӯфон, мисли ҷӯйҳои об дар саҳрои хушк, мисли сояи кӯҳпораи бузург дар замини бемаҷол хоҳад буд. 3 Ва чашмони бинандагон пӯшида нахоҳад шуд, ва гӯшҳои шунавандагон самъ хоҳад намуд. 4 Ва дили сабукмағзон ба фаҳм кардани дониш қобил хоҳад шуд, ва забони сақавҳо ба гуфтани суханони возеҳ шитоб хоҳад кард. 5 Нокас дигар валинеъмат номида нахоҳад шуд, ва қаллоб сарватдор хонда нахоҳад шуд; 6 Зеро ки нокас суханони зишт ба забон меронад, ва дили вай бадкорӣ меандешад, то ки риёкорӣ кунад ва дар ҳаққи Худованд суханони куфромез гӯяд, ҷони гуруснагонро аз нон маҳрум созад ва оби ташнагонро кашида гирад. 7 Ва қаллоб воситаҳои бадро ба кор мебарад: вай найрангҳо меандешад, то ки мискинеро бо суханони дурӯғ нобуд кунад, гарчанде ки камбағал аз рӯи инсоф сухан меронад. 8 Валекин валинеъмат тадбирҳои олиҳимматона меандешад, ва ӯ дар олиҳимматӣ устувор хоҳад буд. 9 Эй занони лоубол, бархоста, овози маро бишнавед! Эй духтарони худком, ба суханони ман гӯш андозед! 10 Эй худкомон! Каме бештар аз як соли дигар музтариб хоҳед шуд, зеро ки ангурчинӣ анҷом ёфтааст, ва мавсими ғунучини меваҳо фаро нахоҳад расид. 11 Эй лоуболон, биларзед! Эй худкомон, музтариб шавед! Либоси худро кашида, бараҳна шавед ва палос бар камар бибандед! 12 Барои мазрааҳои зебо ва токҳои серҳосил синазанон навҳа хоҳед кард. 13 Бар замини қавми ман хор ва явшон хоҳад рӯид, ҳамчунин бар ҳамаи хонаҳои дилхушии шаҳри пурсурур. 14 Зеро ки қасрҳо тарк карда хоҳад шуд; ғулғулаи шаҳр хотима хоҳад ёфт; ҳисор ва бурҷи дидбонӣ то абад дар ивази мағораҳо манзилгоҳи гӯрхарон ва чарогоҳи чорво хоҳад шуд, 15 То даме ки бар мо рӯҳе аз афроз рехта шавад, ва биёбон ба боғистон мубаддал гардад, ва боғистон ҷангал ҳисоб ёбад. 16 Ва он гоҳ инсоф дар биёбон сокин хоҳад шуд, ва адолат дар боғистон ҷойгир хоҳад гардид. 17 Ва натиҷаи адолат сулҳу осоиштагӣ хоҳад буд, ва самари адолат — оромӣ ва амният то абад. 18 Ва қавми ман дар макони сулҳу осоиштагӣ, ва дар масканҳои амният, ва дар оромгоҳҳои сафобахш ҷойгир хоҳанд шуд. 19 Ва ҳангоми фурӯ ғалтидани ҷангал жола хоҳад борид, ва шаҳр ба водӣ фурӯд хоҳад омад. 20 Хушо шумо, эй касоне ки назди ҳамаи обҳо кишт менамоед, ва пойҳои гову хари худро ба он ҷо равона мекунед! |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden