Ишаъё 31 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СИЮ ЯКУМ Огоҳии дуюм ба Яҳудо, ки бо Миср иттифоқ набандад. 1 Эй вой бар онҳое ки барои мадад ба Миср фурӯд меоянд, ва бар аспон такья менамоянд, ва бар аробаҳо ба сабаби бисьёрии онҳо, ва бар саворон ба сабаби пурзӯрии онҳо таваккал мекунанд, валекин ба Қуддуси Исроил рӯ намеоваранд, ва аз Худованд дархост намекунанд! 2 Вале Ӯ низ хирадманд аст, ва ҳалокат хоҳад овард, ва суханони Худро ботил нахоҳад кард, ва бар зидди хонадони бадкешон ва мадади бадкирдорон қиём хоҳад намуд. 3 Ва мисриён одамизоданд ва на Худо, ва аспони онҳо ҷисманд ва на рӯҳ; ва чун Худованд дасти Худро дароз кунад, мададгор пешпо хоҳад хӯрд, ва мададталаб фурӯ хоҳад ғалтид, ва ҳамаашон якҷоя нобуд хоҳанд шуд. 4 Зеро ки Худованд ба ман чунин гуфтааст: «Чунон ки шер ва шербача бар сайди худ наъра мезанад, дар сурате ки анбӯҳи чӯпонон бар зидди вай ҷамъ мешаванд, вале вай аз садои онҳо наметарсад ва аз ҳаёҳуи онҳо сар хам намекунад, — ончунон Худованди лашкарҳо фурӯд меояд, то ки барои кӯҳи Сион ва теппаи он ҳарбу зарб кунад». 5 Чунон ки мурғон бар чӯҷаҳои худ дар парвоз мебошанд, ончунон Худованди лашкарҳо Ерусалимро ҳимоят хоҳад кард, муҳофизат намуда, халосӣ хоҳад дод, шафаққат намуда, раҳо хоҳад кард. 6 Эй банӣ‐Исроил! Сӯи Ӯ, ки маъсиятро бар зиддаш афзун кардаед, руҷӯъ намоед. 7 Зеро ки дар он рӯз ҳар кас бутҳои нуқраи худ ва бутҳои тиллои худро, ки дастҳои шумо барои гуноҳ сохтааст, тарк хоҳад кард. 8 «Ва Ашшур аз шамшере ки аз они инсон набошад, фурӯ хоҳад ғалтид, ва шамшере ки аз они одам набошад, варо маҳв хоҳад кард, — вай аз шамшер хоҳад гурехт, ва ҷавонони вай хироҷгузор хоҳанд шуд. 9 Ва сахраи вай аз тарс рӯй ба гурез хоҳад овард, ва мирони вай аз ливо ҳаросон хоҳанд шуд», — мегӯяд Худованд, ки оташи Ӯ дар Сион, ва кӯраи Ӯ дар Ерусалим мебошад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden