Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 30 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СИЮМ Огоҳӣ дар бораи он ки бо Миср иттифоқ набанданд.

1 «Эй вой бар писарони исьёнкор, — мегӯяд Худованд, — ки машварат қабул мекунанд, вале на аз ҷониби Ман, ва тадбирҳо меандешанд, вале на бар тибқи рӯҳи Ман, то ки гуноҳро бар гуноҳ зам кунанд!

2 Онҳо изни даҳони Маро напурсида, ба Миср фурӯд меоянд, то ки дар таҳти ҳимояти фиръавн бошанд, ва дар сояи Миср паноҳ баранд.

3 Валекин ҳимояти фиръавн барои шумо хиҷолат, ва паноҳ бурдан дар сояи Миср шармандагӣ хоҳад буд;

4 Зеро ки мирони ӯ дар Сӯан мебошанд, ва злчиёни ӯ ба Ҳонис расидаанд;

5 Ҳамаашон аз боиси қавме ки барои онҳо фоида надоранд, хиҷил хоҳанд шуд: на ёварӣ ва на фоида, балки хиҷолат ва шармандагӣ хоҳад буд».

6 Ваҳй дар бораи баҳимути ҷанубӣ. Онҳо аз замини тангӣ ва мусибат, ки модашер ва наррашер, афъӣ ва аждаҳои паррон аз он ҷо меояд, сарвати худро бар пушти харон, ва ганҷи худро бар кӯҳони шутурон бор карда, назди қавме ки ҳеҷ фоидае надоранд, мебаранд.

7 Чунки ёварии мисриён ҳеҷу пуч аст; бинобар ин онҳоро хондаам: «Раҳаби бекорнишин».

8 Акнун биё, инро бар лавҳе барои онҳо бинавис ва дар китобе қайд намо, то ки барои рӯзҳои оянда ба таври доимӣ, то абад бимонад.

9 Зеро ки инҳо қавми осӣ, писарони каззоб ҳастанд, писароне ки намехоҳанд дастурҳои Худовандро гӯш кунанд,

10 Ва онҳо ба ғайбдонон мегӯянд: «Ғайбдонӣ накунед!» — ва ба анбиё мегӯянд: «Барои мо ҳақиқатро нубувват нанамоед, балки ба мо суханони ширин гӯед, ҳазлу шӯхиро нубувват кунед,

11 Аз роҳ дур шавед, аз тариқ берун равед, Куддуси Исроилро аз пеши мо дур кунед!»

12 Бинобар ин Қуддуси Исроил чунин мегӯяд: «Азбаски шумо аз ин сухан безор шудаед, ва ба зулм ва каҷравӣ умед баста, бар он такья мекунед,

13 Аз ин рӯ ин гуноҳ барои шумо мисли рахнаи пуртаҳдиде ки дар ҳисори баланд пайдо шуда бошад, хоҳад буд, ки фурӯғалтии он ҳисор баногоҳ, дар як он ба амал хоҳад омад.

14 Ва фурӯғалтии он мисли шикастани кӯзаи сафолин хоҳад буд, ки бе шафқат пора‐пора мешавад, ба тавре ки дар миёни пораҳояш сафолпорае ёфт намешавад, то ки оташ аз манқал бикашанд ва об аз кӯлмак бигиранд».


Панд дар бораи он ки ба Худованд руҷӯъ намуда, мадади Ӯро ба зидди Санҳериб биталабанд.

15 Зеро ки Худованд Худо, Қуддуси Исроил чунин мегӯяд: «Бо тавба ва фароғат наҷот меёфтед; қуввати шумо дар оромӣ ва эътимод мебуд»; вале шумо нахостед.

16 Ва гуфтед: «Не, мо бар аспон нишаста, хоҳем тохт», — пас, хоҳед тохт; «ва бар аспони сабукрав савор хоҳем шуд», — пас, таъқибкунандагони шумо сабукрав хоҳанд шуд.

17 Ҳазор нафар аз таҳдиди як нафар рӯй ба гурез хоҳанд овард; шумо аз таҳдиди панҷ нафар рӯй ба гурез хоҳед овард то даме ки мисли ходае бар куллаи кӯҳ, ва мисли ливое бар теппа бимонед.

18 Ва аз ин сабаб Худованд даранг менамояд, то шуморо афв кунад; ва аз ин сабаб Ӯ канорагирӣ менамояд, то бар шумо марҳамат кунад; зеро ки Худованд Худои адлу инсоф аст; хушо ҳамаи онҳое ки ба Ӯ таваккал мекунанд!

19 Ба яқин, эй қавме ки дар Сион, дар Ерусалим сокин ҳастед, дигар гирья нахоҳед кард; Ӯ ба овози фарьёдатон бар шумо раҳм хоҳад кард: онро шунидан замон, шуморо иҷобат хоҳад намуд.

20 Ва агарчи Худованд ба шумо нони тангайшӣ ва оби мусибатро диҳад, муаллиматон дигар пинҳон нахоҳад шуд, ва чашмонатон муаллиматонро хоҳад дид;

21 Ва гӯшҳотон суханеро аз қафои шумо хоҳад шунид, ки мегӯяд: «Роҳ ин аст, бо он биравед», вақте ки ба тарафи рост ё чап майл кунед.

22 Ва ҷилди нуқрагини санамҳои худро, ва пӯшоки заррини бутҳои худро наҷис хоҳед донист; онҳоро мисли наҷосате дур андохта, хоҳед гуфт: «Дафъ шав!»

23 Ва Ӯ бар тухмие ки замини худро бо он кишт мекунед, борон хоҳад дод, ва ҳосили ғаллаи замин ширадор ва фаровон хоҳад буд; чорвои шумо дар он рӯз дар чарогоҳи фарохе хоҳад чарид.

24 Ва нарговон ва хароне ки заминро кор мекунанд, хӯроки намакине ки бо белу сешоха бод дода шуда бошад, хоҳанд хӯрд.

25 Ва дар рӯзи куштори азим, вақте ки бурҷҳо фурӯ меғалтад, бар ҳар кӯҳи саркаш ва бар ҳар теппаи баланд наҳрҳо ва ҷӯйҳои об ҷорӣ хоҳад шуд.

26 Ва дар рӯзе ки Худованд ҷароҳати қавми Худро бибандад ва захмҳои онҳоро шифо диҳад, рӯшноии моҳ мисли рӯшноии офтоб хоҳад шуд, ва рӯшноии офтоб ҳафтчандон, мисли рӯшноии ҳафт рӯз хоҳад буд.

27 Инак, исми Худованд аз дурдаст меояд, ғазаби Ӯ аланга мезанад, ва дуди ғализе аз он боло мебарояд; лабҳои Ӯ пур аз хашм аст, ва забони Ӯ мисли оташи сӯзон аст.

28 Ва нафаси Ӯ мисли селоби саршор аст, ки то ба гардан мерасад, то ки халқҳоро ғалбер карда ба дараҷаи нестӣ расонад, ва лаҷоми гумроҳиро ба даҳони қавмон андозад.

29 Он гоҳ шумо мисли шаби тақдиси ид сурудгӯӣ хоҳед кард, ва дилшодии шумо мисли касоне хоҳад буд, ки бо найнавозӣ мераванд, то ба кӯҳи Худованд, назди сахраи Исроил биёянд.

30 Ва Худованд кибриёи овози Худро хоҳад шунавонид, ва тазьиқи бозуи Худро бо шиддати ғазаб ва алангаи оташи сӯзон, бо тундбод ва сел ва жолаи сангин зоҳир хоҳад намуд.

31 Зеро ки Ашшур аз овози Худованд шикаст хоҳад хӯрд, ҳангоме ки варо бо асои ғазаби Худ зарба занад.

32 Ва ҳар зарбаи чӯбдасти қазо, ки Худованд бар вай фурӯд хоҳад овард, бо дафҳо, ва барбатҳо хоҳад буд, ва Ӯ бо муҳорибаҳои шадид ба муқобили онҳо ҷанг хоҳад кард.

33 Зеро ки Тӯфет пешакӣ тайёр карда шудааст: он барои подшоҳ низ муҳайёст, ба тавре ки амиқ ва фарох гардидааст; дар гулханаш оташ ва ҳезум бисьёр аст; нафаси Худованд мисли наҳри кибрит онро хоҳад барафрӯхт.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan