Ишаъё 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Доварӣ бар ғурур. 1 Зеро, инак Худованд, Худованди лашкарҳо, мадад ва такьягоҳро аз Ерусалим ва Яҳудо дур хоҳад кард: ҳар мадади нон ва ҳар мадади обро; 2 Паҳлавон ва марди ҷангӣ, довар ва набӣ, ва соҳир ва муршидро; 3 Мирипанҷоҳ ва шариф, ва мушовир, ва ҳунарвар ва азоимхонро. 4 Ва амрадонро бар онҳо ба сарварӣ хоҳам дод, ва кӯдакон бар онҳо ҳукмронӣ хоҳанд кард. 5 Ва қавм гирифтори зулм хоҳанд шуд: ҳар кас аз дасти каси дигар, ва ҳар кас аз дасти ёри худ; амрад ба пир, ва пастфитрат ба олиҷаноб густохӣ хоҳад кард. 6 Вақте ки касе дар хонаи падараш ба бародари худ часпида, бигӯяд: «Ту либосе дорӣ, пас ҳокими мо шав, ва ин бесарусомонӣ зери дасти ту бошад», — 7 Вай дар он рӯз овози худро баланд карда, хоҳад гуфт: «Ман наметовонам чорасоз шавам, зеро ки дар хонаи ман на ноне ҳаст, на либосе; маро ҳокими қавм таъин накунед». 8 Ба ин минвол Ерусалим бесару сомон шудааст, ва Яҳудо фурӯ ғалтидааст, зеро ки забони онҳо ва аъмоли онҳо бар зидди Худованд аст, то ки чашмони ҷалоли Ӯро ба хашм оваранд. 9 Ифодаи рӯйҳои онҳо бар зидди худашон гувоҳӣ медиҳад, ва онҳо дар бораи гуноҳи худ мисли мардуми Садӯм ошкоро сухан меронанд, ва онро пинҳон намедоранд. Вой бар ҷони онҳо! Зеро ки худашон ба сари худ бадӣ меоваранд. 10 Ба одил бигӯед, ки ӯ некӣ хоҳад дид, зеро ки аз самараи аъмоли худ хоҳад хӯрд. 11 Вой бар ҳоли шарир, ки вай бадӣ хоҳад дид, зеро ки мукофоти амали дастҳои вай ба вай дода хоҳад шуд. 12 Бар қавми ман кӯдакон зулм мекунанд, ва занон бар вай салтанат меронанд. Эй қавми ман! Роҳбаронат туро дар иштибоҳ меандозанд, ва самти роҳҳои туро вайрон кардаанд. 13 Худованд барои додгарӣ бархостааст, ва рост истодааст, то ки қавмҳоро доварӣ намояд. 14 Худованд бо пирони қавми Худ ва бо мирони он ба мурофиа хоҳад омад: «Шумо токзорро оташ задаед, ва он чи аз бенаво ғорат карда шудааст, дар хонаҳои шумост. 15 Шумо чӣ ҳақ доред, ки қавми Маро мазлум созед, ва рӯйҳои бенавоёнро поймол кунед?» — мегӯяд Худованд, Худованди лашкарҳо. 16 Ва Худованд гуфт: «Азбаски духтарони Сион мағрур шудаанд, ва гардан барафрохта роҳ мераванд, ва бо ғамзаҳои чашм ба васваса меандозанд, бо ишваю ноз мехироманд, ва зангӯлачаҳои халхолҳоро бар пойҳошон ҷарангос мезанонанд, 17 Бинобар ин Худованд фарқи сари духтарони Сионро кал хоҳад кард, ва Худованд аврати онҳоро бараҳна хоҳад намуд». 18 Дар он рӯз Худованд зебу зинати халхолҳо, ва пешонабандҳо, ва тавқҳоро нест хоҳад кард; 19 Ва гӯшвораҳо, ва дастпонаҳо, ва рӯйбандҳоро; 20 Ва афсарҳо, ва занҷирҳо, ва камарбандҳо, ва атрдонҳо, ва тӯморҳоро; 21 Ва ангуштаринҳо, ва ҳалқаҳои биниро; 22 Ва камзӯлҳо, ва ҷомаҳо, ва рӯймолҳо, ва ҳамьёнҳоро; 23 Ва оинаҳо, ва пероҳанҳо, ва дасторҳо, ва ҳиҷобҳоро. 24 Ва дар ивази роиҳаи атр тааффуни рим хоҳад буд; ва дар ивази камарбанд — арғамчин; ва дар ивази гесӯи пурпечу хам — калӣ; ва дар ивази либоси фарох — фӯтае аз палос; ва дар ивази зебоӣ — тамға. 25 Мардони ту ба шамшер, ва баҳодурони ту дар ҷанг хоҳанд афтод. 26 Ва дарвозаҳои он нола хоҳад кард ва мотам хоҳад гирифт, ва он тиҳӣ гардида, бар замин хоҳад нишаст. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden