Ишаъё 29 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ НӮҲУМ Огоҳӣ ба Яҳудо ва Ерусалим. 1 Эй вой бар Ариил, Ариил, шаҳре ки Довуд дар он сукунат дошт! Солро бар сол зам кунед; бигзор идҳо давр занад. 2 Вале Ман Ариилро ба танг хоҳам овард, ва нолаю фиғон хоҳад буд; ва он барои Ман мисли Ариил хоҳад монд. 3 Ва Ман дар гирди ту ӯрду хоҳам зад, ва туро бо дидгоҳҳо муҳосира хоҳам намуд, ва бар ту манҷаниқҳо барпо хоҳам кард. 4 Ва ба залолат афтода, аз замин сухан хоҳӣ ронд, ва суханат аз даруни хок мутеона хоҳад буд, ва овозат аз замин мисли овози арвоҳ ба гӯш хоҳад расид, ва суханат аз даруни хок пичиррос хоҳад зад. 5 Валекин анбӯҳи душманонат мисли ғубори маҳин хоҳанд шуд, ва анбӯҳи ситамгарон мисли коҳрезае ки пароканда мешавад; ва ин баногоҳ, дар як он воқеъ хоҳад шуд. 6 Худованди лашкарҳо туро бо раъд, ва заминҷунбӣ, ва садои азим, ва тӯфон, ва тундбод, ва алангаи оташи сӯзон тафаққуд хоҳад кард. 7 Ва анбӯҳи ҳамаи халқҳое ки бар Ариил лашкар мекашанд, ва ҳамаи лашкарҳое ки бо он меҷанганд, ва бар зидди он қалъаҳои муҳосира барпо мекунанд, ва онро ба танг меоваранд, мисли хоб ва рӯъёи шаб хоҳанд буд. 8 Ва чунон ки гурусна хоб мебинад, ки инак нон мехӯрад, вале ҳамин ки бедор шавад, ҷонаш гурусна аст; ва чунон ки ташна хоб мебинад, ки инак об менӯшад, вале ҳамин ки бедор шавад, инак бемаҷол аст, ва ҷонаш ташна аст, — анбӯҳи ҳамаи халқҳое ки бар кӯҳи Сион лашкар мекашанд, ончунон хоҳанд шуд. 9 Дер мемонед, ва мутаҳайир хоҳед шуд! Худро кӯр месозед, ва кӯр хоҳед буд! Онҳо маст шудаанд, вале на аз шароб; мекалаванд, вале на аз арақ. 10 Зеро ки Худованд бар шумо рӯҳи хоби гаронро равона карда, чашмони шуморо бастааст, яъне набиёну сардорони ғайбгӯи шуморо нобино гардонидааст. 11 Ва ҳар рӯъё барои шумо мисли суханони номаи сарбамӯҳр аст, ки онро ба касе ки хонданро медонад, дода мегӯянд: «Инро бихон», вале ӯ мегӯяд: «Наметавонам, чунки он сарбамӯҳр аст». 12 Ва он номаро ба касе ки хонданро намедонад, дода мегӯянд: «Инро бихон», ва ӯ мегӯяд: «Хонданро намедонам». 13 Ва Худованд гуфт: «Азбаски ин қавм бо даҳони худ ба Ман наздик мешаванд ва бо лабҳои худ Маро ҷалол медиҳанд, вале дили худро аз Ман дур кардаанд, ва тарси онҳо аз Ман натиҷаи омӯхтани аҳкоми инсонист, — 14 Бинобар ин Ман боз ин қавмро бо рафтори аҷибу ғарибе дар ҳайрат хоҳам андохт, ва ҳикмати ҳакимони онҳо ба ҳалокат хоҳад расид, ва ақли оқилони онҳо нопадид хоҳад шуд». 15 Эй вой бар онҳое ки қарори худро аз Худованд бағоят амиқ пинҳон медоранд, ва аъмолашон дар торикист, ва онҳо мегӯянд: «Кист, ки моро бубинад? Ва кист, ки моро бидонад?» 16 Эй вой аз каҷрафториҳои шумо! Оё кӯзагарро мисли гил ҳисоб кардан мумкин аст? Оё шоиста аст, ки маснӯъ дар бораи сонеи худ бигӯяд: «Ӯ маро насохтааст», — ва асар дар бораи эҷодкори худ бигӯяд: «Ӯ фаҳме надорад»? 17 Охир, баъд аз андак вақт Лубнон ба боғистон мубаддал хоҳад шуд, ва боғистон ҷангал ҳисоб хоҳад ёфт. 18 Ва дар он рӯз карон суханони китобро хоҳанд шунид, ва чашмони кӯрон аз даруни торикӣ ва зулмот хоҳад дид. 19 Ва ҳалимон шодмонии худро дар Худованд афзун хоҳанд кард, ва мардуми мискин дар Қуддуси Исроил ба ваҷд хоҳанд омад. 20 Зеро ки ситамгар дигар нахоҳад буд, ва масхарабоз нобуд хоҳад шуд, ва ҳамаи шавқмандони шарорат маҳв хоҳанд шуд, 21 Ки онҳо одамро бо сухане гумроҳ месозанд, ва барои касе ки назди дарвоза додхоҳӣ менамояд, дом мегузоранд, ва одилро бо суханони беасос гирифтори ноинсофӣ мекунанд. 22 Бинобар ин Худованд, ки Иброҳимро раҳонидааст, дар бораи хонадони Яъқуб чунин мегӯяд: «Акнун Яъқуб хиҷил нахоҳад шуд, ва акнун ранги рӯяш нахоҳад канд; 23 Зеро, вақте ки онҳо фарзандони худро, яъне амали дастҳои Маро андаруни худ бубинанд, онҳо исми Маро тақдис хоҳанд кард, ва қудсияти Қуддуси Яъқубро хоҳанд шинохт, ва Худои Исроилро такбир хоҳанд гуфт; 24 Ва онҳое ки рӯҳашон гумроҳ аст, аз хирад воқиф хоҳанд шуд, ва норизоён дарси ибрат хоҳанд омӯхт». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden