Ишаъё 27 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ Ба залолат афтодани давлатҳои бузург. Аз нав барқарор шудани Исроил. 1 Дар он рӯз Худованд бо шамшери сахт ва бузург ва пурзӯри Худ он аждар‐мори тозонро ва он аждар‐мори печонро сазо хоҳад дод, ва он тимсоҳро, ки дар баҳр аст, хоҳад кушт. 2 Дар он рӯз барои токзори шароби ноб бисароед. 3 Ман, ки Худованд ҳастам, онро нигоҳ медорам, ҳар лаҳза онро об медиҳам; шабу рӯз онро посбонӣ мекунам, то ки касе ба он осебе нарасонад. 4 Ғазабе дар Ман нест. Аммо агар касе ба Ман явшон ва хори шутурро муқобил мегузошт, Ман бар зидди вай ба ҷанг иқдом намуда, варо якҷоя месӯзондам; 5 Магар ки вай ба қуввати Ман рӯи паноҳ оварда, бо Ман сулҳ мекард: пас бигзор бо Ман сулҳ кунад. 6 Дар рӯзҳои оянда Яъқуб реша хоҳад давонд, Исроил муғча ва шукуфа хоҳад кард; ва рӯи дуньё аз мева пур хоҳад шуд. 7 Оё ӯ варо ончунон задааст, чунон ки занандагони варо задааст? Оё варо ончунон куштааст, чунон ки кушандагони вай кушта шудаанд? 8 Варо Ту баандоза сазо додаӣ, вақте ки бадар рондаӣ. Варо бо вазиши сахти Худ дур андохтаӣ, мисли он ки дар рӯзи боди шарқӣ бошад. 9 Пас, гуноҳи Яъқуб ба ин восита кафорат хоҳад шуд, ва тамоми самари дафъи хатои вай ҳамин хоҳад буд, ки вай ҳамаи сангҳои қурбонгоҳҳоро мисли сангҳои оҳаки шукуфта хоҳад гардонид, то ки бутҳои Ашера ва Ҳамон дигар барпо нашавад. 10 Зеро ки он шаҳри истеҳкомдор валангор гардида, монанди чарогоҳе хоҳад шуд, ки онро тарк карда баромада рафта бошанд; дар он ҷо гӯсола хоҳад чарид, ва дар он ҷо вай хобида, навдаҳои онро талаф хоҳад кард. 11 Вақте ки шохаҳои он хушк шавад, шикаста хоҳад шуд; занон омада, онҳоро хоҳанд сӯзонид. Азбаски онҳо қавми бофаҳм нестанд, Офаринандаашон ба онҳо раҳм нахоҳад кард, ва Холиқашон онҳоро афв нахоҳад намуд. 12 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Худованд аз соҳили наҳр то водии Миср хӯшаҳоро хоҳад кӯфт, ва шумо, эй банӣ‐Исроил, якто‐якто ҷамъ карда хоҳед шуд. 13 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки шохи бузурге хоҳад навохт, ва гумшудагони замини Ашшур ва рондашудагони замини Миср хоҳанд омад, ва бар кӯҳи муқаддас, ки дар Ерусалим воқеъ аст, ба Худованд саҷда хоҳанд кард. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden