Ишаъё 26 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ ШАШУМ Исроил, ки аз нав барпо гардида, ба Худо руҷӯъ намудааст, Худовандро ҷалол медиҳад. 1 Дар он рӯз ин суруд дар замини Яҳудо сароида хоҳад шуд: «Мо шаҳри мустаҳкаме дорем; Ӯ наҷотро чун ҳисор ва садд ба вуҷуд овардааст. 2 Дарвозаҳоро бикшоед, то халқи одиле ки имонашонро нигоҳ медоранд, ворид шаванд. 3 Дили боматонатро Ту дар осоиштагии комил нигоҳ медорӣ, зеро ки вай ба Ту таваккал мекунад. 4 Ба Худованд то абад таваккал кунед, зеро ки Худованд Худо сахраи ҷовидонист. 5 Зеро ки Ӯ болонишинонро вожгун намудааст, шаҳри олишонро фурӯ ғалтонидааст, онро то ба замин фурӯ ғалтонида, ба хок яксон кардааст. 6 Онро пойҳо поймол мекунад, — пойҳои мискинон, қадамҳои бенавоён». 7 Роҳи одил рост аст; Ту, эй Росткор, тариқи одилро ҳамвор мекунӣ. 8 Ва дар роҳи довариҳои Ту, эй Худованд, мо ба Ту умед бастаем, ва ҷони мо иштиёқманди исми Ту ва зикри Ту мебошад. 9 Шабонгаҳ ман бо ҷони худ муштоқи Ту ҳастам, ва саҳаргоҳон ман бо рӯҳи худ дар андарунам Туро металабам; зеро вақте ки довариҳои Ту бар замин ба амал ояд, сокинони дуньё инсофро таълим хоҳанд гирифт. 10 Агар шарир омурзида шавад, адлу инсофро таълим нахоҳад гирифт, — дар замини росткорон ноинсофӣ хоҳад кард, ва кибриёи Худовандро нахоҳад дид. 11 Худовандо! Дасти Ту баланд бардошта шудааст, аммо онҳо намебинанд; чун рашки Туро барои қавмат бинанд, хиҷил хоҳанд шуд; оташи хашмат адуёни Туро фурӯ хоҳад бурд. 12 Худовандо! Осоиштагиро барои мо барқарор намо; зеро ки ҳамаи корҳои моро низ Ту барои мо ба амал овардаӣ. 13 Худовандо, Худои мо! Ҳокимон ба ғайр аз Ту бар мо салтанат меронданд, аммо танҳо ба Ту умед баста, исми Туро зикр менамудем. 14 Мурдагон зинда нахоҳанд шуд; арвоҳи мурдагон нахоҳанд бархост; зеро ки Ту онҳоро тафаққуд намуда, нобуд сохтаӣ, ва тамоми зикрашонро маҳв кардаӣ. 15 Халқро афзун намудаӣ, эй Худованд, халқро афзун намуда, Худро ҷалол додаӣ, тамоми ҳудуди заминашонро васеъ кардаӣ. 16 Худовандо! Дар вақти тангии худ онҳо Туро талабидаанд; чун аз Ту ҷазо меёфтанд, бо зорию илтиҷо дуо мегуфтанд. 17 Чунон ки зани ҳомиладор ҳангоми наздик омадани зоиданаш аз дардҳои сахти худ печутоб хӯрда, фарьёд мезанад, ончунон мо низ, эй Худованд, ба ҳузури Ту будем. 18 Ҳомила шуда, печутоб мехӯрдем, вале гӯё ки бодро мезоидем: ҳеҷ наҷоте барои замин ба амал наомад, ва сокинони дуньё фурӯ нағалтиданд. 19 Бигзор мурдагони Ту зинда шаванд, майитҳои ман бархезанд! Эй сокинони хок, бедор шавед ва тараннум намоед! Зеро ки шабнами Ту шабнами наботот аст, ва замин мурдагонро берун хоҳад афканд. 20 Эй қавми ман, биёед, ба ҳуҷраҳои худ дароед, ва дарҳои худро аз қафои худ бибандед, як лаҳзае пинҳон шавед, то даме ки ғазаб бигзарад. 21 Зеро инак, Худованд аз макони Худ берун меояд, то ки сокинони заминро барои гуноҳашон сазо диҳад; ва замин хунҳои фурӯбурдаи худро ошкор хоҳад кард, ва мақтулони худро дигар пинҳон нахоҳад дошт. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden