Ишаъё 25 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ Тантанаи Малакуми Худованд ва Худо. 1 Худовандо! Ту Худои ман ҳастӣ. Туро такбир менамоям, исми Туро ҳамд мегӯям, чунки корҳои аҷиб кардаӣ; муқаддароти қадими Ту ҳақ асту рост. 2 Зеро ки Ту шаҳрро ба сангтӯдае, пойтахти истеҳкомдорро ба харобазор табдил додаӣ; қасри бегонаҳоро аз шаҳр маҳв намудаӣ, ки он ҳаргиз бино нахоҳад ёфт. 3 Бинобар ин қавмони зӯровар Туро ҷалол хоҳанд дод; шаҳрҳои халқҳои мустабид аз Ту хоҳанд тарсид. 4 Зеро ки Ту қалъае барои бенаво, қалъае барои мискин дар вақти тангии вай, паноҳгоҳе аз борони сел, сояе аз гармо будӣ; зеро ки нафаси қаҳролуди мустабидон мисли селоби деворшикан аст. 5 Ҳаёҳуи бегонаҳоро мисли гармо дар саҳрои хушк Ту фурӯ хоҳӣ нишонид; тараннуми мустабидон мисли гармо аз сояи абр паст хоҳад шуд. 6 Ва Худованди лашкарҳо бар ин кӯҳ барои ҳамаи қавмон базме аз таомҳои равғанин, базме аз шаробҳои кӯҳна — аз таомҳои равғанини болаззат ва аз шаробҳои кӯҳнаи мусаффо — хоҳад орост; 7 Ва бар ин кӯҳ рӯпӯшеро, ки бар ҳамаи қавмон пӯшонида шудааст, ва пардаеро, ки бар ҳамаи халқҳо густурда шудааст, барҳам хоҳад дод; 8 Маргро ба сурати абадӣ маҳв хоҳад намуд, ва Худованд Худо ашкҳоро аз ҳамаи чеҳраҳо пок хоҳад кард, ва нанги қавми Худро аз рӯи тамоми замин дур хоҳад сохт; зеро ки Худованд гуфтааст. 9 Ва дар он рӯз хоҳанд гуфт: «Инак, Худои мо, ки ба Ӯ умед бастаем, ва Ӯ моро наҷот хоҳад дод! Ин аст Худованде ки ба Ӯ умед бастаем, пас дар наҷоти Ӯ шодӣ ва хурсандӣ хоҳем кард!» 10 Зеро ки дасти Худованд бар ин кӯҳ қарор хоҳад ёфт, ва Мӯоб дар ҷои худ поймол хоҳад шуд, чунон ки коҳ дар ахлот поймол мешавад; 11 Ва ҳарчанд вай дастҳои худро андаруни он ҳаракат диҳад, чунон ки шиновар барои шино кардан ҳаракат медиҳад, — вале Ӯ такаббури варо бо якҷоягии ҳилаҳои дастҳои вай паст хоҳад кард. 12 Ва Ӯ ҳисорҳои баланди истеҳкомдори туро вожгун намуда, фурӯ хоҳад ғалтонид, бар замин афканда, ба хок яксон хоҳад кард. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden