Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 24 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ ЧОРУМ Доварии Худо бар замин. Зуҳури ояндаи ҷалоли Худо.

1 Инак, Худованд заминро холӣ ва хароб мекунад, ва сатҳи онро дигаргун месозад, ва сокинони онро пароканда менамояд.

2 Ва чунон ки қавм бошанд, ончунон коҳин хоҳад буд, чунон ки ғулом — ончунон оғояш, чунон ки каниз — ончунон хотунаш, чунон ки харидор — ончунон фурӯшанда, чунон ки қарзхоҳ — ончунон қарздор, чунон ки даъвогар — ончунон ҷавобгар.

3 Замин тамоман беодам ва толону тороҷ хоҳад шуд, зеро ки Худованд ин суханро гуфтааст.

4 Замин мотам гирифтааст, сархам шудааст; дуньё афсурдахотир ва сархам шудааст; олимақомони қавми замин афсурдахотир шудаанд.

5 Ва замин зери сокинонаш палид шудааст, зеро ки онҳо дастурҳоро поймол кардаанд, аз фароиз берун баромадаанд, аҳди ҷовидониро шикастаанд.

6 Бинобар ин лаънат заминро хӯрдааст, ва сокинони он ба ҷазо дучор шудаанд; бинобар ин сокинони замин сӯхтаанд, ва аз одамон андаке боқӣ мондаанд.

7 Шираи ангур мотам гирифтааст; ток афсурдахотир шудааст; ҳамаи шоддилон оҳ мекашанд.

8 Шодмонии дафҳо барҳам хӯрдааст; ғавғои айёшон хотима ёфтааст; шодмонии барбатҳо барҳам хӯрдааст.

9 Дигар бо суруд шароб наменӯшанд; арақ барои нӯшандагонаш талх шудааст.

10 Шаҳри хароба ба шикаст гирифтор шудааст; ҳар хона баста аст, ва касе наметавонад дарояд.

11 Дар кӯчаҳо аз барои шароб фиғон мекашанд; ҳар гуна сурур тира гардидааст; шодмонии замин талаф шудааст.

12 Дар шаҳр харобӣ ҳукмфармост, ва дарвозаи он шикаста пора‐пора шудааст.

13 Ва дар миёни замин, дар байни қавмон ончунон хоҳад шуд, чунон ки дар вақти зада афшондани дарахти зайтун ва баъд аз анҷоми ангурчинӣ якчанд шингиле боқӣ мемонад.

14 Онҳо овози худро баланд карда, тараннум хоҳанд намуд: дар бораи кибриёи Худованд аз ҷониби баҳр бо шодӣ садо хоҳанд баровард.

15 Бинобар ин Худовандро дар шарк, ва исми Худованд Худои Исроилро дар ҷазираҳои ғарб ҷалол диҳед.


Мусибати бузург.

16 Аз ақсои замин мо сурудҳоро шунидаем: «Одилро ҷалол бод!» Ва ман гуфтам: «Дареғо бар ман! Дареғо бар ман! Вой бар ман! Хоинон хиёнат кардаанд, ва хоинон хиёнат бар хиёнат зам кардаанд».

17 Эй сокини замин, тарс ва чоҳ ва дом бар туст!

18 Ва воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар кӣ аз овози тарс бигрезад, ба чоҳ хоҳад афтод; ва ҳар кӣ аз даруни чоҳ барояд, ба дом хоҳад афтод; зеро ки равзанҳо аз афроз кушода хоҳад шуд, ва асосҳои замин ба ларза хоҳад омад.

19 Замин пора‐пора шудааст, замин аз ҳам ҷудо шудааст, замин вожгун гардидааст.

20 Замин мисли маст мекалавад, ва мисли арғунчак алвонҷ мехӯрад; ва ҷинояташ бар он гаронӣ мекунад; ва фурӯ хоҳад ғалтид, ва дигар нахоҳад бархост.

21 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Худованд лашкари афрозро бар афроз, ва подшоҳони заминро бар замин тафаққуд намуда, ҷазо хоҳад дод.

22 Ва мисли издиҳоми бандиён дар чоҳе ҷамъ оварда хоҳанд шуд, ва дар зиндон баста хоҳанд шуд, ва баъд аз рӯзҳои бисьёр тафаққуд карда хоҳанд шуд.

23 Ва моҳ хиҷил, ва офтоб шармсор хоҳад шуд, зеро ки Худованди лашкарҳо бар кӯҳи Сион ва дар Ерусалим салтанат хоҳад ронд, ва ба хузури пирони Худ ҷалол хоҳад ёфт.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan