Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 22 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ ДУЮМ Нубувват дар бораи водии рӯъё.

1 Ваҳй дар бораи водии рӯъё. Пас туро чӣ шудааст, ки саросар ба бомҳо баромадаӣ?

2 Эй шаҳри пурҷӯшу хурӯш, ки пурҳаяҷон ҳастӣ, эй шаҳри пурсурур! Мақтулони ту мақтулони шамшер нестанд ва дар ҷанг талаф нашудаанд.

3 Ҳамаи саркардаҳои ту якҷоя гурехтаанд, вале бе он ки аз камон истифода баранд, ба асирӣ гирифта шудаанд; ҳамаи онҳое ки андаруни ту ёфт шудаанд, ҳарчанд ба ҷойҳои дур гурехта бошанд ҳам, якҷоя ба асирӣ афтодаанд.

4 Бинобар ин мегӯям: «Аз ман дур шавед, ман зор‐зор хоҳам гирист; барои тасаллӣ додани ман дар бораи таҳлукаи духтари қавми ман саъю кӯшиш накунед».

5 Зеро ки рӯзи ҳаяҷон ва мағлубият ва парешонӣ аз ҷониби Худованди лашкарҳост дар водии рӯъё: ҳисорро вайрон мекунанд, ва фарьёд дар кӯҳҳо танинандоз мешавад.

6 Ва Элом бо аробаҳои ҷангии пур аз одам ва бо саворон тирдонро бардоштааст, ва Қир сипарро бараҳна кардааст.

7 Ва инак, водиҳои беҳтарини ту аз аробаҳои ҷангӣ пур шудааст, ва саворон дар рӯ ба рӯи дарвоза мавқеъ гирифтаанд.

8 Ва болопӯши Яҳудо бардошта шудааст, ва ту дар он рӯз ба аслиҳаи қӯрхонаи ҷангал назар дӯхтаӣ.

9 Ва шумо рахнаҳои шаҳри Довудро, ки бисьёр аст, дидаед, ва оби ҳавзи поёнро ҷамъ кардаед;

10 Ва хонаҳои Ерусалимро дар шумор овардаед, ва хонаҳоро вайрон кардаед, то ки ҳисорро мустаҳкам намоед;

11 Ва дар миёни ду ҳисор обанборе барои оби ҳавзи кӯҳна сохтаед; валекин ба Ӯ, ки инро ба амал овардааст, назар надӯхтаед, ва Ӯро, ки аз қадимулайём инро муқаррар намудааст, надидаед.

12 Ва Худованд, Худованди лашкарҳо, дар он рӯз шуморо ба гиристан ва навҳа кардан ва мӯйсар гирифтан ва палос пӯшидан даъват намудааст.

13 Вале инак, хурсандӣ ва димоғчоқӣ! Гов мекушанд ва гӯсфанд забҳ мекунанд, гӯшт мехӯранд ва шароб менӯшанд: «Бихӯрем ва бинӯшем, зеро ки фардо хоҳем мурд!»

14 Ва Худованди лашкарҳо дар гӯши ман ошкор кардааст: «Ба яқин, ин гуноҳи шумо омурзида нахоҳад шуд то даме ки бимиред!» — гуфтааст Худованд, Худованди лашкарҳо.

15 Худованд, Худованди лашкарҳо, чунин гуфтааст: «Бирав ва назди ин гумошта, яъне Шебно, ки нозири боргоҳ аст, дохил шав, ва бигӯй:

16 „Дар ин ҷо туро чӣ кор аст, ва дар ин ҷо ту кистӣ, ки барои худ дар ин ҷо мақбарае месозӣ?“» Вай дар ҷои баланд барои худ мақбара месозад, дар сахра барои худ маскан метарошад.

17 «„Инак, эй шахси ҷоҳталаб, Худованд туро дур хоҳад андохт, ва туро печутоб хоҳад дод,

18 Ва туро сахт фушурда, мисли тӯбе бар замини фарох хоҳад ғелонид, ва ту дар он ҷо хоҳӣ мурд, ва дар он ҷо аробаҳои боҳашамати ту боиси нанги хонадони оғоят хоҳад шуд.

19 Ва Ман туро аз маконат бадар хоҳам ронд, ва аз мартабаи худ фурӯ хоҳӣ ғалтид.

20 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Ман бандаи Худ — Элъёқим ибни Ҳилқиёро даъват хоҳам намуд,

21 Ва ӯро бо либоси ту пӯшонида, бо камарбанди ту маҳкам хоҳам кард, ва ҳокимияти туро ба дасташ хоҳам супурд, ва ӯ барои сокини Ерусалим ва хонадони Яҳудо падар хоҳад буд.

22 Ва калиди хонадони Довудро бар дӯши ӯ хоҳам гузошт, ва ӯ чун кушояд, ҳеҷ кас нахоҳад баст, ва чун бандад, ҳеҷ кас нахоҳад кушод.

23 Ва ӯро мисли мехе дар ҷои сахт устувор хоҳам кард, ва ӯ барои хонадони падари худ курсии ҷалол хоҳад буд“».

24 Ва тамоми ҷалоли хонадони падарашро, аз фарзандонаш то ақрабояш, ва тамоми олоти хурдро, аз косаю кӯзаҳои гаронбаҳо то ҳамаи сафолпораҳо, бар ӯ хоҳанд овехт.

25 «Дар он рӯз, — мегӯяд Худованди лашкарҳо, — он мехе ки дар ҷои сахт устувор гардида буд, лиққонак хоҳад шуд, ва шикаста, фурӯ хоҳад ғалтид, ва боре ки бар он овезон аст, талаф хоҳад шуд; зеро ки Худованд гуфтааст».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan