Ишаъё 21 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ ЯКУМ Пешгӯиҳо дар бораи Бобил, Адӯм ва Арабистон. 1 Ваҳй дар бораи биёбони назди баҳр. Мисли гирдбодҳое ки дар ҷануб мевазад, вай аз биёбон, аз замини пурдаҳшат меояд. 2 Рӯъёи мудҳише ба ман аён шудааст: хоин хиёнат менамояд, ва тороҷгар тороҷ мекунад. Эй Элом, баро! Эй Модай, муҳосира намо! Ба тамоми оҳу нолаи он хотима хоҳам дод. 3 Аз ин рӯ камари маро ларза гирифтааст; дарде, мисли дарди зане ки мезояд, маро дар бар гирифтааст; аз он чи мешунавам, печутоб мехӯрам, ва аз он чи мебинам, ҳаросон шудаам. 4 Ошуфтадил шудаам; тарсу бим маро мадҳуш кардааст; шоми фароғати ман ба тарсу ларз мубаддал шудааст. 5 Суфраро оростаанд; ҷойпӯшҳоро густурдаанд; ба хӯрдану нӯшидан машғуланд. «Эй мирон, бархезед, сипарҳоро равған молед!» 6 Зеро ки Худованд ба ман чунин гуфтааст: «Бирав, дидбоне бимон, то он чиро, ки бинад, хабар диҳад, 7 Ва чун фавҷҳои саворонро: ҷуфт‐ҷуфт саворони асп, саворони улоғ, саворони шутурро бинад, ба онҳо бо диққати тамом гӯш андозад». 8 Ва ӯ мисли шер садо баровард: «Эй оғои ман! Рӯзона ман доимо бар дидбонгоҳ меистам, ва тамоми шабҳо дар посбонии худ мебошам. 9 Ва инак, савори ароба бо ҷуфт‐ҷуфти асп меоянд». Ва ӯ хитоб намуда, гуфт: «Бобил фурӯ ғалтидааст, фурӯ ғалтидааст, ва тамоми санамҳои худоёнашро ба замин зада шикастаанд». 10 Эй хирмангоҳи ман ва писари хирмани ман! Он чи аз Худованди лашкарҳо, Худои Исроил шунидаам, ба шумо гуфтам. 11 Ваҳй дар бораи Думо. Маро аз Сеир фарьёд мекунанд: «Эй посбон! Чӣ посе аз шаб аст? Эй посбон! Чӣ посе аз шаб аст?» 12 Посбон гуфт: «Субҳ меояд, вале ҳанӯз шаб аст. Агар боз пурсидан хоҳед, бипурсед: бори дигар биёед». 13 Ваҳй дар бораи банӣ‐араб. Эй қофилаҳои дадониён! Дар сангзори Арабистон манзил кунед. 14 Эй сокинони замини Темо! Ба пешвози ташнагон об биёред, гурезагонро бо нонашон истиқбол намоед. 15 Зеро ки онҳо аз шамшерҳо гурехтаанд: аз шамшери бараҳна, ва аз камони кашида, ва аз гаронии ҷанг. 16 Зеро ки Худованд ба ман чунин гуфтааст: «Баъд аз як сол, мисли солҳои муздур, тамоми ҷалоли Қедор маҳв хоҳад шуд; 17 Ва бақияи шумораи баҳодурони камондори банӣ‐Қедор кам хоҳад шуд, зеро ки Худованд, Худои Исроил чунин гуфтааст». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden