Ишаъё 20 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУМ Нубувват дар бораи ғалабаи Ашшур бар Миср. 1 Дар соле ки Тартон ба Ашдӯд омад, вақте ки Сарҷун, подшоҳи Ашшур ӯро фиристод, ва бо Ашдӯд ҷанг карда, онро забт намуд, 2 Дар ҳамон вақт Худованд ба воситаи Ишаъё ибни Омӯс сухан ронда, гуфт: «Бирав, ва палосро аз камари худ бикшо, ва кафшро аз пойҳои худ дур кун». Ва ӯ чунин кард: бараҳна ва пойлуч роҳ мерафт. 3 Ва Худованд гуфт: «Чунон ки бандаи Ман Ишаъё се сол бараҳна ва пойлуч роҳ рафтааст, то аломате ва ишорате дар бораи Миср ва Ҳабаш бошад, 4 Ончунон подшоҳи Ашшур асирони Миср ва матрудони Ҳабашро — ҷавонон ва пиронро — бараҳна ва пойлуч ва кунлуч хоҳад бурд, то ки расвоӣ барои Миср бошад. 5 Ва аз Ҳабаш, ки пуштибони онҳост, ва аз Миср, ки ифтихори онҳост, ҳаросон ва хиҷил хоҳанд шуд. 6 Ва дар он рӯз сокинони ин соҳил хоҳанд гуфт: „Инак, чунин аст ҳоли пуштибони мо, ки ба кӯмакаш рӯ оварда будем, то аз подшоҳи Ашшур раҳо шавем! Пас, мо чӣ гуна халосӣ меёбем?“» |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden