Ишаъё 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Ваъда дар бораи айёми охир. 1 Каломе ки Ишаъё ибни Омӯс дар бораи Яҳудо ва Ерусалим дар рӯъё дидааст. 2 Ва дар айёми охир воқеъ хоҳад шуд, ки кӯҳи хонаи Худованд бар сари кӯҳҳо барқарор хоҳад гардид, ва аз теппаҳо баланд хоҳад шуд, ва ҳамаи халқҳо сӯи он равона хоҳанд шуд. 3 Ва қавмҳои бисьёр роҳсипор шуда, хоҳанд гуфт: «Биёед, ба кӯҳи Худованд, ба хонаи Худои Яъқуб бароем, то ки Ӯ тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад, ва мо ба роҳҳои Ӯ равона шавем». Зеро шариат аз Сион, ва каломи Худованд аз Ерусалим хоҳад баромад. 4 Ва Ӯ дар миёни халқҳо доварӣ хоҳад кард, ва қавмҳои бисьёрро танбеҳ хоҳад намуд; ва онҳо шамшерҳои худро ба амочҳо, ва найзаҳои худро ба досколаҳо табдил хоҳанд дод; ва халқе бар халқе шамшер нахоҳанд кашид, ва ҷангро дигар таълим нахоҳанд гирифт. Пеш аз баракат ҷазо меояд. 5 Эй хонадони Яъқуб! Биеёд, дар нури Худованд роҳ равем. 6 Зеро Ту қавми Худ, хонадони Яъқубро тарк кардаӣ, чунки онҳо аз расму оини шарқӣ пур шудаанд, ва мисли фалиштиён фол мекушоянд, ва бо зодагони бегонаҳо қонеъ мешаванд. 7 Ва замини вай аз нуқра ва тилло пур шудааст; ва хазоини вай интиҳо надорад; ва замини вай аз аспон пур шудааст, ва аробаҳои вай интиҳо надорад; 8 Ва замини вай аз бутҳо пур шудааст: онҳо ба амали дастҳои худ, ба он чи ангуштҳошон сохтааст, саҷда мекунанд. 9 Ва инсон сарпаст, ва мард залил шудааст; ва Ту онҳоро нахоҳӣ омурзид! 10 Аз тарси Худованд ва аз шавкати кибриёи Ӯ ба кӯҳпора дохил шав, ва худро дар хок пинҳон кун. 11 Чашмони ҳавобаланди инсон залил ва ғурури мардон паст хоҳад шуд, ва танҳо Худованд дар он рӯз баланд хоҳад буд. 12 Зеро аз ҷониби Худованди лашкарҳо рӯзест, ки бар ҳар чизи ҳавобаланд ва мағрур хоҳад омад, ва бар ҳар чизи сарбаланд, — ва он паст хоҳад шуд, — 13 Ва бар ҳамаи арзҳои сиҳӣ ва сарбаланди Лубнон, ва бар ҳамаи булутҳои Бошон, 14 Ва бар ҳамаи кӯҳҳои саркаш, ва бар ҳамаи теппаҳои сарбаланд, 15 Ва бар ҳар бурҷи баланд, ва бар ҳар ҳисори мустаҳкам, 16 Ва бар ҳамаи киштиҳои Таршиш, ва бар ҳамаи зеварҳои назаррабо. 17 Ва ҳавобаландии инсон паст, ва ғурури мардон залил хоҳад шуд, ва танҳо Худованд дар он рӯз баланд хоҳад буд. 18 Ва бутҳо тамоман маҳв хоҳад шуд. 19 Ва мардум ба мағораҳои кӯҳпораҳо ва ба сӯрохҳои хок дохил хоҳанд шуд, аз сабаби тарси Худованд ва аз шавкати кибриёи Ӯ, вақте ки Ӯ бархезад, то заминро вожгун созад. 20 Дар он рӯз инсон бутҳои нуқра ва бутҳои тиллои худро, ки барои парастиши худ сохтааст, ба кӯрмушҳо ва кӯршабпаракҳо хоҳад партофт, 21 То ки мардум ба ғорҳои кӯҳпораҳо ва ба дутаҳиҳои байни сахраҳо дохил шаванд, аз сабаби тарси Худованд ва аз шавкати кибриёи Ӯ, вақте ки Ӯ бархезад, то заминро вожгун созад. 22 Шумо аз инсон, ки нафаси ӯ дар бинии ӯст, даст кашед, зеро ки у чӣ чизе ҳисоб меёбад? |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden