Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 19 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ НУЗДАҲУМ Нубувват дар бораи Миср.

1 Ваҳй дар бораи Миср. Инак, Худованд бар абри сабукрав савор шуда, ба Миср меояд. Ва аз ҳузури Ӯ бутҳои Миср ба ларза хоҳанд афтод, ва дили Миср андаруни вай заиф хоҳад шуд.

2 Ва Ман мисриёнро бар мисриён хоҳам барангехт, ва онҳо бародар бо бародар, ва ёр бо ёр, ва шаҳр бо шаҳр, ва мамлакат бо мамлакат ҷанг хоҳанд кард.

3 Ва рӯҳи Миср андаруни вай бемаҷол хоҳад шуд, ва Ман машварати онро дарҳам‐барҳам хоҳам кард, ва онҳо аз бутҳо ва фолбинон ва ҷодугарон ва азоимхонон дархост хоҳанд намуд.

4 Ва Ман Мисрро ба дасти ҳокими сахтгире хоҳам супурд, ва подшоҳи золиме бар онҳо ҳукмронӣ хоҳад кард, — мегӯяд Худованд, Худованди лашкарҳо.

5 Ва обҳои баҳр кам шуда, наҳр хароб ва хушк хоҳад гардид.

6 Ва наҳрҳо гандида, ҷӯйҳои Миср камоб ва хароб хоҳад шуд; най ва қамиш хушк хоҳад гардид.

7 Чаманҳое ки дар атрофи дарьё, дар соҳилҳои дарьё воқеъ аст, ва тамоми киштзори назди дарьё хушкида, парешон ва нест хоҳад шуд.

8 Ва моҳигирон нола хоҳанд кард, ва ҳамаи онҳое ки шаст ба дарьё меандозанд, мотам хоҳанд гирифт, ва онҳое ки тӯр бар рӯи об мегустаронанд, ғамгин хоҳанд шуд.

9 Ва наддофони катон ва бофандагони матои сафед хиҷил хоҳанд шуд.

10 Ва пояҳои он афсурдахотир, ва ҳамаи муздурон афтодарӯҳ хоҳанд шуд.

11 Ба яқин, мирони Сӯан аблаҳ ҳастанд; ҳокимони машваратчии фиръавн машварати ҷоҳилона медиҳанд. Пас шумо чӣ гуна метавонед ба фиръавн бигӯед: «Ман писари ҳакимон ҳастам, писари подшоҳони қадимам?»

12 Пас ҳакимони ту куҷоянд? Бигзор онҳо ба ту гӯянд, ва бигзор донанд, ки Худованди лашкарҳо барои Миср чӣ қароре кардааст.

13 Мирони Сӯан аблаҳ шудаанд; мирони Нуф фиреб хӯрдаанд; Мисрро аркони сибтҳои вай гумроҳ кардаанд.

14 Худованд андаруни он рӯҳи дарҳам‐баҳрамӣ даровардааст, ва онҳо Мисрро дар тамоми аъмоли он гумроҳ кардаанд, мисли он ки маст роҳро гум карда, дар қаи худ афтода мехобад.

15 Ва дар Миср коре нахоҳад буд, ки сар ва дум, нахл ва най тавонад онро ба ҷо оварад.

16 Дар он рӯз Миср мисли занон хоҳад буд, ва аз ҳаракати дасти Худованди лашкарҳо, ки Ӯ бар вай мебардорад, ларзон ва тарсон хоҳад шуд.

17 Ва замини Яҳудо барои Миср манбаи даҳшат хоҳад буд: ҳамин ки зикри онро бишнавад, хоҳад тарсид, аз боиси қароре ки Худованди лашкарҳо дар ҳаққи вай қабул кардааст.

18 Дар он рӯз панҷ шаҳр дар замини Миср ба забони Канъон сухан ронда, ба Худованди лашкарҳо қасам хоҳанд хӯрд; яке Ир‐Ҳаҳерес номида хоҳад шуд.

19 Дар он рӯз қурбонгоҳе барои Худованд дар миёнаҷои замини Миср, ва сутуне барои Худованд назди сарҳади он хоҳад буд.

20 Ва инҳо аломате ва шаҳодате барои Худованди лашкарҳо дар замини Миср хоҳад буд, зеро ки сӯи Худованд аз дасти ҷафокорони худ фарьёд хоҳанд зад, ва Ӯ наҷотдиҳанда ва пуштибоне барои онҳо фиристода, онҳоро халосӣ хоҳад дод.

21 Ва Худованд ба мисриён маъруф хоҳад шуд, ва мисриён дар он рӯз Худовандро хоҳанд шинохт, ва бо қурбониҳо ва ҳадияҳо Ӯро ибодат хоҳанд намуд, ва барои Худованд назр карда, онро ба ҷо хоҳанд овард.

22 Ва Худованд мисриёнро зарба хоҳад зад; зарба зада, шифо хоҳад дод: чун сӯи Худованд руҷӯъ кунанд, Ӯ онҳоро иҷобат намуда, шифо хоҳад дод.

23 Дар он рӯз шоҳроҳе аз Миср ба Ашшур хоҳад буд, ва ашшуриён ба Миср, ва мисриён ба Ашшур хоҳанд рафт; ва мисриён бо ашшуриён Худовандро ибодат хоҳанд кард.

24 Дар он рӯз Исроил бо Миср ва бо Ашшур сегона хоҳад шуд; вай дар миёни замин баракат хоҳад буд,

25 Ки онро Худованди лашкарҳо баракат дода, хоҳад гуфт: «Муборак аст қавми Ман — Миср, ва амали дасти Ман — Ашшур, ва мероси Ман — Исроил».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan