Ишаъё 18 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАЖДАҲУМ Вой бар заминҳое ки дар он тарафи наҳрҳои Ҳабаш воқеъ аст. 1 Эй вой бар замини пур аз садои болҳои малах, ки дар он тарафи наҳрҳои Ҳабаш воқеъ аст, 2 Ва элчиёнашро бо роҳи баҳр, ва дар киштиҳои бардӣ бар рӯи об мефиристад! Эй қосидони тезрав, биравед назди халқи қоматбаланд ва ранги пӯсташон мисгун, назди қавме ки барои муҳити атрофи наздик ва дур саҳмгин ҳастанд, яъне халқи пурқувват ва шикастоваре ки наҳрҳо заминашонро бурида мегузарад. 3 Эй ҳамаи бошандагони дуньё ва сокинони замин! Чун ливое бар кӯҳҳо барафрошта шавад, бингаред, ва чун шох садо диҳад, бишнавед. 4 Зеро ки Худованд ба ман чунин гуфтааст: «Ман дар маскани Худ оромида, назар хоҳам кард, мисли гармои тафсон ҳангоми нурафшонии офтоб, мисли абри шабнамӣ дар гармии мавсими дарав». 5 Зеро ки пеш аз ангурканӣ, вақте ки ток аз гул фуромада, муғҷаҳо ба ғӯра мубаддал мешавад, Ӯ шохаҳоро бо қайчии токбурӣ хоҳад бурид, ва навдаҳоро бурида дур хоҳад андохт. 6 Ва ҳамааш барои мурғони соҳибчанголи кӯҳистон ва барои ҳайвоноти замин вогузошта хоҳад шуд; ва мурғони соҳибчангол тобистонро бар онҳо ба сар хоҳанд бурд, ва тамоми ҳайвоноти замин зимистонро бар онҳо хоҳанд гузаронид. 7 Дар он замон инъоме барои Худованди лашкарҳо аз қавми қоматбаланд ва ранги пӯсташон мисгун, ва аз қавме ки барои муҳити атрофи наздик ва дур саҳмгин ҳастанд, яъне аз халқи пурқувват ва шикастоваре ки наҳрҳо заминашонро бурида мегузарад, ба макони исми Худованди лашкарҳо, ба кӯҳи Сион оварда хоҳад шуд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden