Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 17 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАФДАҲУМ Пешгӯӣ дар бораи Димишқ ва Исроил.

1 Ваҳй дар бораи Димишқ. Инак, Димишқ аз миёни шаҳрҳо маҳв гардида, ғарами харобаҳо хоҳад шуд.

2 Шаҳрҳои Арӯэр тарк карда хоҳад шуд, — маконе барои рамаҳо хоҳад гардид, ва онҳо дар он ҷо хоҳанд хобид, ва касе нахоҳад буд, ки онҳоро хӯсонад.

3 Ва ҳисор аз Эфроим барҳам хоҳад хӯрд, ва салтанат аз Димишқ ва аз бакияи Арам; ҳолашон мисли ҷалоли банӣ‐Исроил хоҳад буд, — мегӯяд Худованди лашкарҳо.

4 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки ҷалоли Яъқуб заиф гардида, фарбеҳии баданаш ба лоғарӣ табдил хоҳад ёфт;

5 Ва мисли он хоҳад буд, ки даравгар пояҳоро ҷамъ мекунад, ва дасташ хӯшаҳоро медаравад; ва мисли он хоҳад буд, ки дар водии Рафоим хӯшаҳоро мечинанд;

6 Ва мисли меваҳое ки бар дарахти зайтун баъд аз зада афшондани он боқӣ мемонад, дар ӯ ду‐се донае бар сари шохаи баландаш, ва чор‐панҷ донае бар навдаҳои боровараш боқӣ хоҳад монд, — мегӯяд Худованд, Худои Исроил.

7 Дар он рӯз инсон ба Офаринандаи худ рӯй хоҳад овард, ва чашмонаш сӯи Қуддуси Исроил дӯхта хоҳад шуд;

8 Ва ӯ ба қурбонгоҳҳое ки бо дастҳои худ бино кардааст, рӯй нахоҳад овард, ва ба он чи ангуштҳои ӯ сохтааст, яъне ба бутҳои Ашера ва Ҳамон назар нахоҳад кард.

9 Дар он рӯз шаҳрҳои истеҳкомдори он мисли харобаҳое хоҳад шуд, ки дар ҷангалҳо ва бар қуллаҳои кӯҳ воқеъ аст, ва онҳоро пеши банӣ‐Исроил тарк карда буданд; ва он ба харобазор табдил хоҳад ёфт.

10 Зеро ки ту Худои наҷоти худро фаромӯш кардӣ, ва кӯҳпораи паноҳгоҳи худро ба ёд наовардӣ; бинобар ин ту ниҳолҳои дилпазир шинондӣ, ва қаламчаҳои бегонаро кишт кардӣ.

11 Дар рӯзе ки ниҳол шинондӣ, онҳоро сабзу хуррам гардондӣ, ва саҳаргоҳон кишти худро шукуфондӣ, аммо ҳосилаш дар рӯзи беморӣ ва дарди бедармон барбод хоҳад рафт.

12 Эй вой аз ғиреви қавмони бисьёр, ки мисли ғалаёни баҳрҳо талотум мекунанд! Ва аз хурӯши қабилаҳо, ки мисли хурӯши обҳои азим мехурӯшанд!

13 Қабилаҳо мисли хурӯши обҳои азим мехурӯшанд; вале Ӯ ба онҳо итоб намуд, ва онҳо ба ҷойҳои дур гурехтанд, ва мисли коҳрезае аз бод бар кӯҳҳо ронда шуданд, ва мисли ғуборе аз гирдбод.

14 Шомгоҳ — ва инак даҳшат аст, вале пеш аз субҳидам он нест мешавад. Чунин аст насиби тороҷгарони мо, ва қисмати харобкунандагони мо.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan