Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 16 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ШОНЗДАҲУМ Давоми нубувват.

1 Гӯсфандони парвориро барои ҳокими замин аз Салъ бо роҳи биёбон ба кӯҳи духтари Сион бифиристед.

2 Ва духтарони Мӯоб назди маъбарҳои Арнӯн мисли мурғи оворае ки аз лонааш ронда шуда бошад, хоҳанд буд.

3 «Машварат бидеҳ, додгарӣ бикун, сояи худро пешингоҳон мисли шаб бар мо биафкан, рондашудагонро пинҳон намо, оворагонро таслим накун.

4 Бигзор мӯобиёни рондашудаи ман назди ту маскан гиранд: барои онҳо аз дасти тороҷгар паноҳгоҳ бош, то даме ки золим нест шавад, тороҷ хотима ёбад, ва ситамгарон аз рӯи замин маҳв гарданд.

5 Ва бигзор тахт бо марҳамат устувор бошад, ва бар он дар хаймаи Довуд доваре дар садоқат нишинад, ки толиби инсоф ва роғиби адолат бошад».

6 Дар бораи ғурури Мӯоб, ки вай бағоят мағрур аст, дар бораи кибр ва ғурур ва хашми вай шунидаем: лофу газофи вай пуч аст.


Вовайлои духтарони Мӯоб.

7 Бинобар ин аҳли Мӯоб ба ҳоли Мӯоб вовайло мекунанд, саросар вовайло мекунанд. Ба ёди кулчаҳои мавизии Қир‐Ҳарешет аз дили пурхун нолиши ҷонсӯз хоҳед кард!

8 Киштзорҳои Ҳешбӯн хароб шудааст, токзори Сибмо низ: ҳокимони халқҳо разҳои онро шикастаанд, ки то Яъзир расида, дар биёбон паҳн шуда буд; навдаҳои он вусъат ёфта, ба тарафи баҳр гузашта буд.

9 Бинобар ин ман ҳамроҳи Яъзир ба ҳоли токзори Сибмо гирья мекунам; шуморо, эй Ҳешбӯн ва Элъоле, бо ашкҳои худ сероб менамоям, зеро ки бар ғунучини меваи тобистони ту ва бар мавсими ангуркании ту гулбонг афтодааст.

10 Ва аз саҳроҳо хурсандӣ ва сурур барҳам хӯрдааст ва дар токзорҳо садоҳои тараннум ва шодмонӣ шунида намешавад; токдоре ангурро дар чархуштҳо пахш намекунад: гулбонги шодиро Ман барҳам додаам.

11 Бинобар ин амъои ман ба ҳоли Мӯоб, ва ботини ман ба ҳоли Қир‐Ҳарешет мисли барбат нолиш мекунад.

12 Ва ҳарчанд Мӯоб ҳозир шуда, бар минбарҳо заҳмат кашад ва ба макони муқаддаси худ барои дуо биёяд, манфиате нахоҳад дид.

13 Ин аст каломе ки Худованд дар ҳаққи Мӯоб аз қадимулайём гуфтааст.

14 Ва алҳол Худованд чунин мегӯяд: «Баъд аз се сол, мисли солҳои муздур, ҷалоли Мӯоб бо тамоми оммаи сершумори он ба залолат хоҳад афтод, ва бақияи он бағоят хурд ва беқувват хоҳад буд».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan