Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 15 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ПОНЗДАҲУМ Нубувват дар бораи Мӯоб.

1 Ваҳй дар бораи Мӯоб. Ҳайҳот, ки дар як шаб Ор хароб гардида, аҳли Мӯоб нобуд шудаанд! Ҳайҳот, ки дар як шаб Қир хароб гардида, аҳли Мӯоб нобуд шудаанд!

2 Мардуми он ба буткада, ва аҳли Дивӯн ба минбарҳо барои гиристан баромадаанд; Мӯоб ба ҳоли Набӯ ва Медбо вовайло мекунад; мӯйсари ҳама гирифта шудааст, риши ҳама тарошида шудааст.

3 Дар кӯчаҳои он мардум бар камари худ палос бастаанд; бар бомҳои он ва дар майдонҳои он ҳама вовайло мекунанд, зор‐зор мегирьянд.

4 Ва Ҳешбӯн ва Элъоле фиғон мекашанд; овозашон то Ёҳас шунида мешавад; бинобар ин ҷанговарони Мӯоб низ навҳа мекунанд; ҷони онҳо андарунашон меларзад.

5 Дили ман ба ҳоли Мӯоб фиғон мекашад: гурезаҳои он то ба Сӯор ва Эҷлот‐Илишиё расидаанд. Ҳайҳот, ки ба фарози Луҳит гирьякунон мебароянд, ва дар аснои роҳи Ҳӯрӯноим доду фарьёди ҷонгудозе мебароранд!

6 Ҳайҳот, ки обҳои Нимрим тамом шудааст, чаманзор хушкидааст, наботот талаф гардидааст, сабзае боқӣ намондааст!

7 Бинобар ин сарвати андӯхтаи худ ва пасандозҳои худро ба он соҳили наҳри Аровим мебаранд.

8 Ҳайҳот, ки ҳудуди Мӯобро фигон фаро гирифтааст! Вовайлои он то Эҷлоим аст, вовайлои он то Беэр‐Элим аст.

9 Ҳайҳот, ки оби Димон аз хун пур шудааст! Ва Ман бар Димон боз балоҳо хоҳам овард: бар гурезаҳои Мӯоб ва бар боқимондагони заминаш шерро хоҳам овард.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan