Ишаъё 14 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРДАҲУМ Аз нав барқарор шудан ва бузургӣ ёфтани салтанати Исроил. 1 Зеро ки Худованд ба Яъқуб раҳм хоҳад кард, ва Исроилро боз хоҳад баргузид, ва онҳоро дар заминашон ҷойгир хоҳад кард; ва аҷнабиён ба онҳо ҳамроҳ шуда, ба хонадони Яъқуб хоҳанд пайваст. 2 Ва қавмон онҳоро гирифта, ба маконашон хоҳанд овард, ва хонадони Исроил онҳоро дар замини Худованд ҳамчун ғуломон ва канизон ба тасарруфи худ хоҳанд даровард, ва асиркунандагони худро асир карда, бар ситамгарони худ ҳукмронӣ хоҳанд кард. 3 Ва дар рӯзе ки Худованд туро аз андӯҳат ва аз изтиробат ва аз меҳнати сахте ки маҷбуран ба ҷо меовардӣ, бираҳонад, чунин воқеъ хоҳад шуд, 4 Ки ту ин масалро бар подшоҳи Бобил зада, бигӯӣ: чӣ гуна он ситамгар маҳв шуд, ва он зулм барҳам хӯрд! 5 Худованд асои шарирон ва чӯбдасти ҳокимонро шикаст, 6 Ки он бо ғазаб қавмонро зарбаҳои паёпай мезад, ва бар халқҳо бо хашм, бо таъқиботи муттасил ҳукмронӣ мекард. 7 Тамоми замин ором ёфта, фароғат менамояд; ба тараннум овоз баланд мекунанд. Ҳайвони дарранда ба дӯзах сарнагун шуд. 8 Сарвҳо низ дар ҳаққи ту шодӣ мекунанд, ва арзҳои Лубнон мегӯянд: «Аз замоне ки ту фурӯ ғалтидаӣ, дарахтбуре ба сари мо наомадааст». 9 Дӯзах аз барои ту музтариб шудааст, то ки туро ҳангоми омаданат истиқбол намояд; арвоҳи мурдагонро, ҳамаи пешвоёни дуньёро барои ту бедор кардааст; ҳамаи подшоҳони халқҳоро аз тахтҳошон бархезонидааст; 10 Ҳамаашон ба ту хитоб намуда, хоҳанд гуфт: «Ту низ мисли мо бемаҷол шудаӣ! Монанди мо гардидаӣ!» 11 Кибриёи ту, садои барбатҳои ту ба дӯзах фурӯд омадааст; дар таги ту кирмҳо густурда шудааст, ва болопӯши ту кирмҳост. 12 Эй зӯҳраи субҳидам, чӣ гуна аз осмон афтодаӣ! Эй, ки халқҳоро поймол мекардӣ, чӣ гуна ба замин бархӯрдаӣ! 13 Ва ҳол он ки ту дар дили худ мегуфтӣ: «Ман ба осмон сууд карда, курсии худро болотар аз ситорагони Худо хоҳам гузошт, ва бар кӯҳи анҷумани худоён, дар ақсои шимол хоҳам нишаст; 14 Бар баландиҳои абрҳо сууд намуда, монанди Ҳаққи Таоло хоҳам шуд». 15 Аммо ту ба дӯзах, ба ақсои ҷаҳаннам сарнагун хоҳӣ шуд. 16 Онҳое ки туро мебинанд, ба ту назар дӯхта ва дар ҳаққи ту фикру хаёл карда, хоҳанд гуфт: «Оё ин ҳамон кас аст, ки заминро ба ҷунбиш меовард, мамлакатҳоро ба ларза меандохт, 17 Дуньёро мисли биёбон гардонид, ва шаҳрҳои онро хароб мекард, ва асирони худро ба хонаҳошон ҷавоб намедод?» Доварӣ бар Бобил. 18 Ҳамаи подшоҳони халқҳо саросар, ҳар яке дар оромгоҳи худ бо ҷалол хобидаанд, 19 Валекин ту берун аз қабри худ мисли шохаи зиште партофта шудаӣ, — мисли либоси мақтулоне ки шамшер хӯрда, дар миёни сангҳои хандак фурӯ рафта бошанд, мисли ҷасаде ки поймол шуда бошад. 20 Ту бо онҳо дар қабр нахоҳӣ пайваст, зеро ки ту замини худро хароб кардаӣ, қавми худро куштаӣ; насли бадкешон то абад зикр нахоҳад ёфт. 21 Барои писарони вай, ба сабаби гуноҳи падарашон, қатлро муҳайё намоед, то ки қиём накунанд, ва заминро мусаххар накунанд ва рӯи дуньёро аз шаҳрҳо пур насозанд. 22 «Ва Ман бар зидди онҳо қиём хоҳам намуд, — мегӯяд Худованди лашкарҳо, — ва номи Бобил ва бақияи онро: ҳам писар ва ҳам набераро маҳв хоҳам кард», — мегӯяд Худованд. 23 «Ва онро мероси хорпуштҳо ва ботлоқзор хоҳам гардонид, ва онро бо ҷорӯби ҳалокат хоҳам рӯфт», — мегӯяд Худованди лашкарҳо. 24 Худовани лашкарҳо қасам хӯрда, мегӯяд: «Ба яқин, чунон ки салоҳ дидаам, ончунон хоҳад шуд, ва чунон ки қарор додаам, ончунон ба амал хоҳад омад: 25 Ашшурро дар замини Худ шикаст хоҳам дод, ва бар кӯҳҳои Худ поймол хоҳам кард; ва юги вай аз гардани онҳо дур хоҳад шуд, ва бори вай аз дӯши онҳо нест хоҳад шуд». 26 Чунин аст қароре ки дар бораи тамоми дуньё қабул гардидааст, ва ин аст дасте ки бар ҳамаи халқҳо дароз карда шудааст. 27 Зеро ки Худованди лашкарҳо қарор додааст, ва кист, ки онро тавонад ботил намояд? Ва дасти Ӯ дароз карда шудааст, ва кист, ки онро тавонад баргардонад? 28 Дар соле ки подшоҳ Оҳоз вафот кард, ин ваҳй омадааст: 29 Эй тамоми замини Фалиштӣ, шодӣ накун, ки чӯбдасте ки туро мезад, шикастааст; зеро ки аз решаи мор афъӣ мебарояд, ва самараи он — аждаҳои паррон хоҳад буд. 30 Ва мардуми бағоят бенаво ба серӣ хоҳанд хӯрд, ва мискинон дар амният хоҳанд хобид; вале решаи туро бо гуруснагӣ нобуд хоҳам кард, ва бақияи туро ӯ хоҳад кушт. 31 Эй дарвоза, вовайло намо! Эй шаҳр, фарьёд зан! Эй тамоми замини Фалиштӣ, аз ҳам пош хоҳӣ хӯрд! Зеро ки аз шимол дуд меояд, ва аз ӯрдуи онҳо як нафар ҳам қафо нахоҳад монд. 32 Пас, ба қосидони ин халқ ӯ чӣ ҷавобе хоҳад дод? Ин ки Худованд Сионро буньёд кардааст, ва мискинони қавми Ӯ дар он паноҳ хоҳанд бурд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden