Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 13 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СЕЗДАҲУМ Нубувват дар бораи Бобил дар рӯзи Худованд иҷро хоҳад шуд.

1 Ваҳй дар бораи Бобил, ки онро Ишаъё ибни Омӯс дидааст.

2 Бар кӯҳи бараҳна ливое бардоред, бо овози баланд онҳоро даъват намоед ва бо даст ишора кунед, то ки сӯи дарвозаҳои мирон биёянд.

3 Ман ба муқаддасони Худ амр фармудам, ва ин зӯроварони Худро, ки бо кибриёи Ман ваҷд мекунанд, ба рехтани ғазабам даъват намудам.

4 Садои ҳаёҳу дар кӯҳҳо мисли ғиреви қавми сершумор аст; садои ғавғои мамлакатҳо ва халқҳоест, ки ҷамъ омадаанд: Худованди лашкарҳо сипоҳи ҷангиро аз назар мегузаронад.

5 Онҳо аз замини дурдаст, аз ақсои осмон меоянд, — яъне Худованд ва олоти ғазаби Ӯ, — то ки тамоми заминро несту нобуд кунанд.

6 Вовайло кунед, зеро ки рӯзи Худованд наздик аст: мисли таҳлукае аз ҷониби Қодир меояд.

7 Бинобар ин ҳамаи дастҳо суст мешавад, ва ҳамаи дилҳои мардум бемаҷол мегардад,

8 Ва онҳоро воҳима мегирад, ба дарду озорҳо гирифтор мешаванд, мисли зане ки мезояд, азоб мекашанд, ба якдигар бо ҳайрат нигоҳ мекунанд, рӯйҳошон аз ҳаяҷон шӯълавар аст.

9 Инак рӯзи Худованд меояд, ки рӯзи бераҳм ва пур аз шиддати хашм ва ғазаб аст, то ки заминро харобазор гардонад, ва гуноҳкорони онро маҳв намояд.

10 Зеро ки ситорагони осмон ва сайёраҳои он аз худ рӯшноӣ нахоҳанд дод; офтоб дар вақти тулӯи худ хира хоҳад шуд, ва моҳ бо рӯшноии худ нахоҳад дурахшид.

11 Ва Ман дуньёро барои шарорат, ва шариронро барои гуноҳҳошон ба ҷазо гирифтор хоҳам кард, ва ба кибри бадқасдон хотима хоҳам дод, ва ғурури мустабидонро ба залолат хоҳам андохт.

12 Инсонро аз зари холис, ва одамро аз тиллои Ӯфир азизтар хоҳам гардонид.

13 Бинобар ин осмонро ба ларза хоҳам овард, ва замин аз ғазаби Худованди лашкарҳо дар рӯзи шиддати хашми Ӯ аз ҷои худ хоҳад ҷунбид.

14 Ва ҳар кас мисли оҳуе ки гирифтори таъқиб шуда бошад, ва мисли гӯсфандоне ки чӯпон надошта бошанд, ба сӯи қавми худ рӯ хоҳад овард, ва ҳар кас ба сӯи замини худ хоҳад давид.

15 Ҳар касе ки ёфт шавад, найза хоҳад хӯрд, ва ҳар касе ки дастгир шавад, аз дами шамшер хоҳад афтод.

16 Ва кӯдакони онҳо дар пеши назари онҳо ба деворҳо зада кушта хоҳанд шуд, хонаҳои онҳо тӯъмаи тороҷ хоҳад гардид, ва ба номӯси занони онҳо таҷовуз карда хоҳад шуд.


Дар бораи хароб шудани Бобил.

17 Инак, Ман ба муқобили онҳо аҳли Модайро хоҳам барангехт, ки нуқраро писанд намекунанд, ва ба тилло рағбат надоранд.

18 Ва камонҳошон кӯдаконро нобуд хоҳад кард, ва ба самараи батн раҳм нахоҳад дошт; чашмонашон ба кӯдакон шафаққат нахоҳад намуд.

19 Ва Бобил, ки шукӯҳи мамлакатҳо ва шавкати ифтихори калдониён аст, мисли Садӯм ва Амӯро хоҳад шуд, ки онҳоро Худо вожгун карда буд.

20 Вай ҳаргиз обод нахоҳад шуд, ва то абад маскун нахоҳад гардид; ва аъробӣ дар он ҷо хайма нахоҳад зад, ва чӯпонон рамаҳои худро дар он ҷо нахоҳанд хобонид,

21 Балки даррандагони биёбон дар он ҷо хоҳанд хобид; ва хонаҳои он аз бумҳо пур хоҳад шуд; ва шутурмурғон дар он ҷо сукунат хоҳанд дошт; ва ҷинҳои биёбонӣ дар он ҷо рақс хоҳанд кард.

22 Ва шағолон дар кӯшкҳои он, ва кафторон дар тамошогоҳҳо нула хоҳанд кашид; ва замони он наздик аст, ва рӯзҳояш дер нахоҳад кашид.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan