Ишаъё 12 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУВОЗДАҲУМ Суруди ҳамду санои наҷотьёфтагон. 1 Ва дар он рӯз хоҳӣ гуфт: «Туро, эй Худованд, ҳамд мегӯям, зеро ки ҳарчанд бар ман ғазаб кардӣ, аммо ғазабат фурӯ нишаст, ва маро тасаллӣ додӣ. 2 Инак, Худо наҷоти ман аст: ман ба Ӯ таваккал мекунам, ва наметарсам, зеро ки қуввати ман ва суруди ман Худованд Худост, ва Ӯ наҷоти ман гардидааст». 3 Ва бо шодмонӣ аз чашмаҳои наҷот об хоҳед кашид. 4 Ва дар он рӯз хоҳед гуфт: «Худовандро ҳамд гӯед, исми Ӯро бихонед; корҳои Ӯро дар миёни қавмон хабар диҳед; зикр намоед, ки исми Ӯ олист. 5 Худовандро бисароед, зеро ки Ӯ корҳои бузург кардааст; ин дар тамоми замин маълум аст. 6 Ба ваҷд ой ва бисарой, эй сокинаи Сион, зеро ки Қуддуси Исроил андаруни ту бузург аст». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden