Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 11 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЁЗДАҲУМ Масеҳ Малакути осоиштагӣ барпо намуда, парокандагонро ҷамъ хоҳад кард.

1 Ва навдае аз танаи Йисой берун хоҳад омад, ва ниҳоле аз решаҳояш сабзида, бор хоҳад овард.

2 Ва бар Ӯ Рӯҳи Худованд, рӯҳи ҳикмат ва хирад, рӯҳи машварат ва қудрат, рӯҳи шинохтани Худованд ва тарси Ӯ қарор хоҳад гирифт.

3 Ва рӯҳи худотарсӣ Ӯро пур хоҳад кард, ва Ӯ на бар тибқи нигоҳи чашмонаш доварӣ хоҳад намуд, ва на аз рӯи шуниди гӯшҳояш ҳукм хоҳад кард,

4 Балки мискинонро бо адолат доварӣ хоҳад кард, ва мазлумони заминро бо росткорӣ ҳукм хоҳад намуд; ва бо чӯбдасти даҳонаш заминро зарба хоҳад зад, ва бо дами лабҳояш шарирро хоҳад кушт.

5 Ва адолат миёнбанди камараш, ва садоқат камарбанди миёнаш хоҳад буд.

6 Ва гург бо барра зиндагӣ хоҳад кард, ва паланг бо бузғола хоҳад хобид; ва гӯсола ва шербача ва парворӣ бо ҳам хоҳанд буд, ва кӯдаки хурде онҳоро хоҳад чаронид.

7 Ва гов бо хирс хоҳад чарид, ва бачаҳои онҳо бо ҳам хоҳанд хобид; ва шер мисли гов коҳ хоҳад хӯрд.

8 Ва бачаи ширмак бар сӯрохи мори гурза бозӣ хоҳад кард, ва кӯдаки аз пистон баромада дасти худро ба хонаи мори афъӣ дароз хоҳад кард.

9 Дар тамоми кӯҳи муқаддаси Ман бадӣ нахоҳанд кард ва осебе нахоҳанд расонид, зеро замин аз шинохтани Худованд пур хоҳад буд, мисли он ки баҳр пур аз обҳост.

10 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки решаи Йисой ливое барои қавмҳо хоҳад гардид, — халқҳо ба ӯ рӯ хоҳанд овард, ва осоиштагӣ ҷалоли ӯ хоҳад буд.

11 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Худованд дубора дасти Худро дароз хоҳад кард, то ки бақияи қавми Худро, ки аз Ашшур ва Миср, аз Патрос ва Ҳабаш, аз Элом ва Шинъор ва аз Ҳамот ва ҷазираҳои баҳр саломат монда бошанд, баргардонад.

12 Ва Ӯ ливое барои халқҳо барафрошта, рондашудагони Исроилро ҷамъ хоҳад кард, ва парокандагони Яҳудоро аз чор канори дуньё фароҳам хоҳад овард.

13 Ва ҳасади Эфроим нест хоҳад шуд, ва душманони Яҳудо маҳв хоҳанд гардид. Эфроим аз Яҳудо ҳасад нахоҳад хӯрд, ва Яҳудо Эфроимро ба танг нахоҳад овард.

14 Ва онҳо якҷоя бар китфи фалиштиён ба ғарб ҳуҷум хоҳанд овард, аҳли шарқро тороҷ хоҳанд кард, бар Эдӯм ва Мӯоб дасти худро хоҳанд гузошт, ва банӣ‐Аммӯн ба онҳо тобеъ хоҳанд шуд.

15 Ва Худованд халиҷи баҳри Мисрро хоҳад хушконид, ва дасти Худро бо боди шадиди Худ бар наҳр афшонда, онро ба ҳафт ҷӯй тақсим хоҳад кард, ва одамонро бо роҳи хушк хоҳад гузаронид.

16 Ва барои бақияи қавми Ӯ, ки аз Ашшур саломат монда бошанд, шоҳроҳе мавҷуд хоҳад буд, чунон ки барои Исроил дар рӯзи берун омадани вай аз замини Миср мавҷуд буд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan