Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 10 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДАҲУМ Вой бар доварони ноинсоф.

1 Эй вой бар қонунгузороне ки ҷафоро ба ҳукми қонун медароранд; ва эй вой бар котибоне ки аҳкоми ноинсофона менависанд,

2 Барои он ки мискинонро аз доварӣ маҳрум созанд, ва ҳуқуқи мазлумони қавми Маро бирабоянд, то ки бевазанонро ғанимати худ гардонанд, ва ятимонро толону тороҷ кунанд!

3 Пас шумо дар рӯзи доварӣ, ва дар таҳлукае ки аз дурдаст меояд, чӣ хоҳед кард? Аз кӣ барои мадад паноҳ хоҳед ҷуст? Ва сарвати худро дар куҷо пинҳон хоҳед кард?

4 Магар ин ки дар миёни бандиён сари таслим фурӯд оваранд ва дар миёни мақтулон фурӯ ғалтанд; бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст, ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.


Пешгӯии доварӣ бар Ашшур. Чӯбдасти Худо бар Сомария.

5 Ҳой, Ашшур, ки чӯбдасти ғазаби Ман аст, ва қаҳри Ман асоест дар дасти вай!

6 Ман варо ба муқобили халқи риёкор хоҳам фиристод, ва бар зидди қавми хашмовари Ман амр хоҳам фармуд, ки ғанимат бигирад ва ба яғмо бибарад, ва онҳоро мисли лои кӯчаҳо поймол кунад.

7 Валекин вай ин гуна фикр намекунад, ва андешаи дили вай чунин нест, балки дар дили худ ҳавас дорад, ки халқҳои бисьёрро торумор ва маҳв созад;

8 Зеро ки мегӯяд: «Мирони ман, охир, саросар подшоҳонанд!

9 Калну, охир, мисли Каркамиш таслим шудааст! Оё Ҳамот мисли Арфод нест? Оё Сомария мисли Димишқ нест?

10 Чунон ки дасти ман бар мамлакатҳои бутпараст зафар ёфтааст, ва ҳол он ки санамҳошон аз санамҳои Ерусалим ва Сомария зиёдтар буд,

11 Чунон ки, охир, бо Сомария ва бутҳояш амал кардаам, ончунон бо Ерусалим ва ҳайкалҳояш амал хоҳам кард».

12 Ва воқеъ хоҳад шуд, баъд аз он ки Худованд тамоми амали Худро бар кӯҳи Сион ва дар Ерусалим анҷом диҳад, Ӯ хоҳад гуфт: «Ман лофу газофи дили пурғурури подшоҳи Ашшур ва нигоҳи ҳавобаландонаи чашмони варо ба ҷазо гирифтор хоҳам кард».

13 Зеро ки вай мегӯяд: «Бо қуввати дасти худ ва бо ҳикмати худ ин корро кардам, чунки хирадманд ҳастам; ва ҳудуди қавмонро аз миён бардоштам, ва хазоини онҳоро толону тороҷ намудам, ва мисли баҳодуре бар тахт нишастагонро вожгун сохтам;

14 Ва дасти ман сарвати қавмонро мисли лонае гирифтааст, ва мисли он ки тухмҳои дар лона бударо чида мегиранд, ман тамоми заминро чида гирифтам, ва ҷонваре набуд, ки бол ҷунбонад, ва даҳон кушояд, ва чириқ‐чириқ кунад».

15 Оё табар бар касе ки бо он мешиканад, ғурур хоҳад кард? Оё арра бар касе ки онро мекашад, фахр хоҳад намуд? Гӯё ки чӯбдаст баландкунандаи худро ба ҳаракат меоварда бошад! Гӯё ки асо он чиро, ки чӯб нест, баланд мекарда бошад!

16 Бинобар ин Худованд, Худованди лашкарҳо, ба фарбеҳони вай лоғарӣ хоҳад фиристод, ва дар ивази ҷалоли вай сӯхторе мисли сӯхтани оташ барафрӯхта хоҳад шуд.

17 Ва Нури Исроил оташ, ва Қуддуси он аланга хоҳад шуд. ва явшону хори шутури варо дар як рӯз сӯзонида, хоҳад хӯрд;

18 Ва ҷалоли ҷангали варо, ва боғистони варо, аз ҷон то ҷисм, маҳв хоҳад кард; ва он мисли ранҷуре обу адо хоҳад шуд.

19 Ва бақияи дарахтони ҷангали вай он қадар камшумор хоҳад буд, ки кӯдаке онҳоро ба рӯйхат тавонад гирифт.


Рӯъёи бақияи Исроил, ки аз андӯҳи бузурге наҷот ёфтааст.

20 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки бақияи Исроил ва растагорони хонадони Яъқуб дигар ба занандаи худ эътимод нахоҳанд кард, балки ба Худованд, ки Қуддуси Исроил аст, аз сидқи дил таваккал хоҳанд намуд.

21 Бақия хоҳад баргашт: бақияи Яъқуб — сӯи Худои Ҷаббор.

22 Зеро, ҳарчанд қавми ту, эй Исроил, мисли реги дарьё бошанд ҳам, фақат бақияе аз онҳо хоҳад баргашт: ҳалокате ки муқаррар гардидааст, аз рӯи адолат ба амал хоҳад омад.

23 Зеро ки Худованд, Худованди лашкарҳо, ҳалокати муқарраргардидаро бар тамоми замин ба амал хоҳад овард.

24 Бинобар ин Худованд, Худованди лашкарҳо, чунин мегӯяд: «Эй қавми Ман, ки дар Сион сокин ҳастед! Аз Ашшур натарсед; вай бо чӯбдаст шуморо хоҳад зад, ва мисли Миср асои худро бар шумо хоҳад бардошт.

25 Вале баъд аз замони бағоят каме ғазаби Ман фурӯ хоҳад нишаст, ва хашми Ман ба маҳв кардани онҳо нигаронида хоҳад шуд.

26 Ва Худованди лашкарҳо бар вай тозиёна хоҳад бардошт, мисли зарбаи Мидьён бар кӯҳпораи Ӯреб; ва асои Ӯ бар баҳр хоҳад буд, ва онро баланд хоҳад кард, чунон ки бар Миср баланд карда буд.

27 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки бори вай аз дӯши ту, ва юғи вай аз гардани ту нест хоҳад шуд; ва юғ ба сабаби чарб зиён хоҳад дид».


Дар бораи ҳарбу зарби бузург.

28 Вай ба Айёт расид; аз Маҷрун гузашт; захоири худро дар Михмос монд.

29 Аз маъбар гузаштанд; дар Ҷабъ манзил карданд; аҳли Рома ба ҳарос афтоданд; аҳли Ҷабъаи Шоул рӯй ба гурез оварданд.

30 Бо овози худ фиғон бардор, эй духтари Ҷалим! Гӯш андоз, эй Лайшо! Ҷавоб гардон, эй Анотӯт!

31 Аҳли Мадмено гурехтанд, сокинони Ҷебим сӯи паноҳгоҳ шитофтанд.

32 Худи имрӯз вай дар Нӯб мавқеъ мегирад; ба кӯҳи духтари Сион, ба теппаи Ерусалим дасти тааддӣ дароз мекунад.

33 Инак, Худованд, Худованди лашкарҳо, бо қуввати саҳмгине шоху баргҳоро парешон хоҳад кард, ва баландқоматон бурида хоҳанд шуд, ва олимақомон вожгун хоҳанд гардид.

34 Ва шохаҳои печ дар печи ҷангалро бо оҳан қатъ хоҳад кард, ва Лубнон аз дасти неруманд фурӯ хоҳад ғалтид.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan