Ишаъё 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЯКУМ Аз Худо ҷудо шудани Исроил. 1 Рӯъёи Ишаъё ибни Омӯс, ки онро дар бораи Яҳудо ва Ерусалим дар айёми Узиё, Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, дидааст. 2 Эй осмон, бишнав, ва эй замин, гӯш андоз, чунки Худованд сухан меронад: «Писаронро парвариш додам ва ба воя расонидам, вале онҳо бар зидди Ман исьён карданд. 3 Барзагов молики худро, ва хар охури соҳиби худро мешиносад, аммо Исроил намешиносад: қавми Ман фаҳм намекунанд». 4 Эй вой бар халқи хатокор, бар қавме ки зери бори гуноҳ мондаанд, бар насли бадкешон, бар писарони каҷрафтор! Худовандро тарк кардаанд, Куддуси Исроилро хор доштаанд, ақиб гаштаанд. 5 Чаро боз зарбу лат хӯред, чун маъсиятро давом диҳед? Тамоми сар дарднок аст, ва тамоми дил садчок. 6 Аз кафи по то фарқи сар дар ӯ ҷои сиҳате нест: ҷароҳат ва реш ва захми хуншор, ки на пок карда шудааст, на баста шудааст ва на бо равған нарм гардонида шудааст. 7 Замини шумо харобазор гардидааст; шаҳрҳои шумо ба оташ сӯхтааст; саҳроҳои шуморо дар пеши назари шумо бегонаҳо мехӯранд, ва харобӣ асари торумори бегонаҳост. 8 Ва духтари Сион мисли чайлае дар токзор, мисли чатре дар полиз, мисли шаҳри муҳосирашудае мебошад. 9 Агар Худованди лашкарҳо бақияи андаке барои мо намегузошт, мо мисли Садӯм мешудем ва ба Амӯро монандӣ медоштем. 10 Эй мирони Садӯм! Сухани Худовандро бишнавед. Эй қавми Амӯро! Ба шариати Худои мо гӯш андозед. 11 «Қурбониҳои бисьёри шумо ба Ман чӣ лозим аст? — мегӯяд Худованд. — Аз қурбониҳои сӯхтании қӯчқорҳо ва чарбуи парвориён сер шудаам, ва ба хуни нарговҳо, гӯсфандҳо ва такаҳо рағбат надорам. 12 Вақте ки меоед, то ба ҳузури Ман ҳозир шавед, кист, ки аз шумо талабида бошад, ки саҳнҳои Маро поймол кунед? 13 Ҳадияи бекора дигар набиёред; бухур барои Ман зишт аст; навмоҳ ва шанбе ва анҷуман низ: ба хабосат ва маҷлиси идона наметавонам тоқат оварам. 14 Аз навмоҳҳо ва идҳои шумо ҷони Ман нафрат дорад; онҳо барои Ман бори гарон аст, ки аз бардоштанаш тоқатам тоқ шудааст. 15 Ва ҳангоме ки дастҳои худро дароз мекунед, чашмони Худро аз шумо мепӯшам; дуоро афзун кунед ҳам, намешунавам, чунки дастҳои шумо пур аз хун аст. 16 Шустушӯй кунед, пок шавед; аъмоли бади худро аз чашмони Ман дур созед; аз бадкирдорӣ даст кашед. 17 Некӯкориро таълим гиред; толиби адлу инсоф бошед; ба мазлум халосӣ диҳед; ба ятим додгарӣ намоед; бевазанро ҳимоят кунед». 18 «Биёед исбот намоем, — мегӯяд Худованд, — агар гуноҳҳои шумо мисли қирмиз бошад, мисли барф сафед хоҳад шуд; агар мисли арғувон сурх бошад, мисли пашм хоҳад шуд. 19 Агар орзуманд бошед ва бишнавед, неъматҳои заминро хоҳед хӯрд. 20 Вале агар сар печида, муқобилат кунед, шамшер шуморо хоҳад хӯрд: зеро ки даҳони Худованд чунин мегӯяд». 21 Пойтахти амин чӣ гуна зинокор шудааст! Вай аз инсоф пур буд, дар вай адолат сокин буд, вале алҳол — қотилон! 22 Нуқраи ту ба ғаш табдил ёфтааст; шароби ту бо об омехта шудааст. 23 Мирони ту худсар шуда, шарики дуздон гардидаанд; ҳар яке аз онҳо ришваро дӯст медоранд ва аз паи бахшишҳо медаванд; ба ятим додгарӣ намекунанд, ва даъвои бевазан назди онҳо намеояд. 24 Бинобар ин Худованд, Худованди лашкарҳо, Неруманди Исроил мегӯяд: «Ҳой, Ман аз шикасти адуёни Худ қаноат ҳосил хоҳам кард ва аз душманони Худ интиқом хоҳам гирифт! Огоҳӣ додан ва даъват кардан ба тавба. 25 Ва дасти Худро бар ту хоҳам баргардонид, ва ғашши туро чун дар ишқор тоза хоҳам кард, ва тамоми нопокии туро дур хоҳам сохт. 26 Ва доварони туро мисли пештара ва мушовирони туро мисли аввала хоҳам баргардонид; пас аз он ту „Шаҳри адолат, пойтахти амин“ хонда хоҳӣ шуд». 27 Сион ба василаи инсоф наҷот хоҳад ёфт, ва тавбакунандагонаш — ба василаи адолат. 28 Ва осиёну хатокорон саросар шикаст хоҳанд хӯрд, ва онҳое ки Худовандро тарк кардаанд, маҳв хоҳанд шуд. 29 Зеро онҳо аз дарахтони пистае ки шумо орзу карда будед, хиҷил хоҳанд шуд, ва аз боғҳое ки шумо баргузида будед, нангин хоҳанд гашт. 30 Зеро шумо мисли дарахти пистае ки баргҳояш пажмурда шуда бошад, ва мисли боғе ки об надошта бошад, хоҳед шуд. 31 Ва зӯровар ба пӯстлохи катон, ва амалаш ба шарорае мубаддал хоҳад шуд, ва ҳар дуяшон якҷоя хоҳанд сӯхт, ва оташкуше нахоҳад буд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden