Ирмиё 9 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ НӮҲУМ Давоми он. 1 Кошки сари ман чашмаи об мебуд, ва чашмонам — чашмаи ашк! Рӯзу шаб барои шаҳидони духтари қавми худ мегиристам. 2 Кошки дар биёбон мусофирхонае меёфтам! Қавми худро тарк карда, аз пешашон мерафтам, чунки ҳамаашон зинокоранд, анбӯҳи хоинонанд. 3 «Забони худро барои дурӯғ мисли камон зеҳ мекунанд, ва бар замин на аз барои ростӣ пурзӯр шудаанд, зеро ки аз як шарорат ба шарорати дигар мегузаранд, вале Маро намешиносанд», — мегӯяд Худованд. 4 Ҳар яке аз ёри худ барҳазар бошед, ва ба ҳеҷ бародар эътимод накунед, зеро ки ҳар бародар пойпечак медиҳад, ва ҳар ёр бӯҳтон зада мегардад. 5 Ва ҳар яке ёри худро фиреб медиҳанд, ва сухани рост намегӯянд: забони худро ба дурӯғгӯӣ одат кунондаанд, то ба дараҷаи хастагӣ каҷравӣ менамоянд. 6 «Маскани ту андаруни макр аст; аз боиси макр намехоҳанд Маро бишносанд», мегӯяд Худованд. 7 Бинобар ин Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Инак, Ман онҳоро гудохта, имтиҳон хоҳам намуд, зеро ки нисбат ба духтари қавми Худ чӣ гуна метавонам амал кунам? 8 Забони онҳо тири қотил аст, бо макр сухан меронад; бо даҳони худ ба ёри худ суханони сулҳомез мегӯянд, вале дар дили худ бар вай камин мегиранд. 9 Оё барои чунин аъмол ҷазо нахоҳам дод? — мегӯяд Худованд. — Ва оё ҷони Ман аз чунин халқ интиқом нахоҳад гирифт?» 10 Барои кӯҳҳо гирья ва нола мекунам, ва барои чарогоҳҳои биёбон — навҳагарӣ, зеро онҳо сӯхтааст, ба тавре ки касе аз он ҷо гузар намекунад, ва садои рамаҳо шунида намешавад: аз мурғони осмон гирифта то чорпоён пароканда шуда рафтаанд. 11 «Ва Ман Ерусалимро ба сангтӯдаҳо, ба маъвои шағолон табдил хоҳам дод, ва шаҳрҳои Яҳудоро биёбони ғайримаскуне хоҳам гардонид». 12 Кист марди хирадманд, ки инро тавонад фаҳм кунад, ва даҳони Худованд ба ӯ сухан гуфта бошад, ва ӯ эзоҳ диҳад, ки чаро замин талаф шуда, мисли биёбоне сӯхтааст, ба тавре ки касе аз он ҷо гузар намекунад? 13 Ва Худованд мегӯяд: «Чунки онҳо шариати Маро, ки дар пешашон гузошта будам, тарк карданд, ва ба овози Ман гӯш надоданд, ва бар тибқи он рафтор накарданд, 14 Балки ба саркашии дили худ пайравӣ намуданд, ва ба Баалҳо низ, чунон ки падаронашон онҳоро таълим додаанд». 15 Бинобар ин Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: «Инак, Ман онҳоро, яъне ин қавмро, явшон хоҳам хӯронид, ва онҳоро оби заҳрдор хоҳам нӯшонид. 16 Ва онҳоро дар миёни халқҳое ки онҳо ва падаронашон намешинохтанд, пароканда хоҳам кард, ва шамшерро аз қафои онҳо хоҳам фиристод, то ки онҳоро талаф намоям». 17 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Диққат диҳед, ва занони навҳагарро бихонед, то ки биёянд, ва назди занони хирадманд бифиристед, то ки биёянд; 18 Бигзор онҳо шитоб намуда, барои мо навҳагарӣ кунанд, то ки аз чашмони мо сиришк резад, ва аз мижгони мо об ҷорӣ шавад. 19 Зеро ки садои навҳа аз Сион шунида мешавад: „Чӣ сон мо тороҷ шудаем! Мо бағоят шармсор гардидаем, зеро ки заминро тарк кардаем, ва масканҳои мо фурӯ ғалтидааст“». 20 Пас, эй занон, каломи Худовандро бишнавед, ва бигзор гӯши шумо каломи даҳони Ӯро бипазирад; ва шумо ба духтарони худ навҳаро таълим диҳед, ва ҳар зан ба дугонаи худ — овозандозиро. 21 Зеро ки мамот ба тирезаҳои мо баромада, ба кӯшкҳои мо дохил шудааст, то ки тифлонро аз кӯчаҳо ва ҷавононро аз майдонҳо талаф намояд. 22 Бигӯй: «Худованд чунин мегӯяд: „Ва ҷасадҳои одамон мисли ахлоте бар рӯи саҳро, ва мисли бандҳо дар қафои даравгар афтодааст, ва касе нест, ки онҳоро ҷамъ кунад“». 23 Худованд чунин мегӯяд: «Бигзор хирадманд бо хиради худ наболад, ва зӯровар бо зӯри худ наболад, ва сарватдор бо сарвати худ наболад, 24 Балки каси боланда фақат бо ин биболад, ки Маро фаҳм мекунад ва мешиносад, ки Ман Худованд ҳастам, ки марҳамат, инсоф ва адолатро бар замин ба амал меоварам, зеро фақат ҳамин барои Ман матлуб аст», — мегӯяд Худованд. 25 «Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман ҳамаи онҳоеро, ки дар ҷисм махтун ҳастанд, ҷазо хоҳам дод: 26 Миср ва Яҳудо, ва Адӯм ва банӣ‐Аммӯн ва Мӯоб, ва ҳамаи онҳоеро, ки мӯи чаккаҳошонро метарошанд ва дар биёбон сокинанд; зеро ки ҳамаи ин халқҳо номахтунанд, ва тамоми хонадони Исроил дили номахтун доранд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden