Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ирмиё 8 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАШТУМ Давоми он.

1 «Дар он замон, — мегӯяд Худованд, — устухонҳои подшоҳони Яҳудо, ва устухонҳои мирони он, ва устухонҳои коҳинон, ва устухонҳои анбиё, ва устухонҳои сокинони Ерусалимро аз қабрҳои онҳо берун хоҳанд овард;

2 Ва он устухонҳоро пеши офтоб ва моҳ ва тамоми лашкари осмон, ки онҳоро дӯст медоштанд, ва ибодат ва пайравӣ ва ҷустуҷӯ намуда, пеши онҳо саҷда мекарданд, паҳн хоҳанд кард; он устухонҳо ҷамъ оварда ва дафн карда нахоҳад шуд, балки мисли ахлоте бар рӯи замин хоҳад буд.

3 Ва тамоми бақияе ки аз ин қабилаи шарир боқӣ мемонад, дар ҳар маконе ки боқӣ монда бошад, ва Ман онҳоро ба он ҷо бадар ронда бошам, мамотро аз ҳаёт афзал хоҳанд донист, — мегӯяд Худованди лашкарҳо.

4 Ва ба онҳо бигӯй: Худованд чунин мегӯяд: магар меафтанд ва намехезанд? Магар муртад мешаванд ва руҷӯъ намекунанд?

5 Пас чаро ин қавм, яъне аҳли Ерусалим, бо муртадии доимӣ муртад шудаанд? Онҳо ба фиреб маҳкам часпидаанд ва намехоҳанд руҷӯъ намоянд.

6 Бодиққат гӯш додам, аммо суханони онҳо аз самими қалб нест: ҳеҷ кас аз шарорати худ пушаймон шуда, намегӯяд: „Чӣ корест, ки ман кардаам!“ — балки ҳар яке, мисли аспе ки ба ҷанг медавад, дартоз ба роҳи худ руҷӯъ менамояд.

7 Лайлак низ дар осмон мӯҳлатҳои худро медонад, ва қумрӣ ва фароштурук ва турна замони омадани худро риоя мекунанд, Вале қавми ман аҳкоми Худовандро намедонанд.

8 Чи гуна шумо метавонед бигӯед: „Мо хирадманд ҳастем, ва шариати Худованд бо мост“? Дар ҳақиқат қалами козиби китобдонон онро ба чизи дурӯғе табдил медиҳад.

9 Хирадмандон шармсор ва ошуфтахотир гардида, ба дом афтоданд; инак, онҳо аз каломи Худованд нафрат карданд; пас хирадмандии онҳо аз чӣ иборат аст?

10 Бинобар ин занони онҳоро ба дигарон хоҳам дод, киштзорҳои онҳоро — ба ворисони ғайр; зеро ки ҳамаи онҳо, аз хурд то калон, ба тамаъкорӣ дода шудаанд, аз набӣ гирифта то коҳин, саросар козибона рафтор мекунанд.

11 Ва марази духтари қавми Маро сабукфикрона шифо дода, „Осоиштагӣ! Осоиштагӣ!“ мегӯянд, вале осоиштагӣ нест.

12 Оё онҳо шарм медоранд, вақте ки корҳои зишт мекунанд? Не, шарм ҳам надоранд, аз ҳаё ҳам бехабаранд; бинобар ин дар миёни афтодагон хоҳанд афтод, ва дар рӯзе ки онҳоро доварӣ намоям, пешпо хоҳанд хӯрд — мегӯяд Худованд.

13 Онҳоро комилан талаф хоҳам кард, — мегӯяд Худованд. — На ангуре бар ток боқӣ хоҳад монд, на анҷире бар дарахти анҷир; ва баргҳо пажмурда хоҳад шуд, ва он чи ба онҳо додаам, ба дасти дигарон хоҳад гузашт».

14 Пас, мо чаро нишастаем? Ҷамъ шавед, то ки ба шаҳрҳои истеҳкомдор равем, ва дар он ҷо талаф шавем; зеро ки Худованд Худои мо моро гирифтори ҳалокат кардааст, ва моро оби заҳрдор нӯшонидааст, чунки пеши Худованд гуноҳ кардаем.

15 Осоиштагиро умедвор шудем, вале некие ҳосил нашуд; замони шифоро интизор шудем, ва инак, даҳшат фаро расид.

16 «Аз ҷониби Дон фах‐фахи аспони вай шунида мешавад; аз садои шеҳаи аспони зӯровараш тамоми замин ба ларза меояд; ва онҳо омада, замин ва ҳар чиро, ки дар он аст, — шаҳр ва сокинонашро талаф мекунанд.

17 Зеро, инак, Ман бар шумо морони афъиро мефиристам, ки онҳоро афсун кардан мумкин нест, ва онҳо шуморо заҳр хоҳанд зад», — мегӯяд Худованд.

18 Кошки бар андӯҳи худ ғолиб меомадам! Аммо дилам андаруни ман сӯзиш мекунад.

19 Инак, истиғосаи духтари қавми худро аз кишвари дурдаст мешунавам: «Магар Худованд дар Сион нест? Магар Подшоҳаш дар он нест?» — «Чаро онҳо Маро бо бутҳои худ, бо батолатҳои бегона ба ғазаб оварданд?»

20 «Мавсими дарав гузашт, тобистон тамом шуд, вале мо наҷот наёфтаем».

21 Аз шикасти духтари қавми худ шикастадил ҳастам, тирарӯй гардидаам; даҳшат маро фаро гирифтааст.

22 Оё баласон дар Ҷилъод нест? Оё табибе дар он ҷо нест? Пас чаро духтари қавми ман шифо наёфтааст?

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan