Ирмиё 7 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАФТУМ Калом назди дарвозаи хонаи Худованд. 1 Каломе ки аз ҷониби Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт: 2 «Назди дарвозаи хонаи Худованд биист ва дар он ҷо ин каломро эълон намуда, бигӯй: эй ҳамаи яҳудиёне ки ба ин дарвоза дохил мешавед, то ки ба Худованд саҷда намоед, каломи Худовандро бишнавед! 3 Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: роҳҳои худ ва аъмоли худро ислоҳ намоед, ва Ман шуморо дар ин макон сокин хоҳам гардонид. 4 Ба суханони дурӯғи онҳое ки „ин маъбади Худованд, маъбади Худованд, маъбади Худованд“ мегӯянд, таваккал накунед, 5 Балки агар роҳҳои худ ва аъмоли худро ҳақиқатан ислоҳ намоед, агар дар миёни касе ва ёри вай инсофро дуруст ба амал оваред, 6 Ғариб, ятим ва бевазанро ба танг наоваред, ва хуни бегуноҳеро дар ин макон нарезед, ва худоёни бегонаро ба зарари худ пайравӣ накунед, — 7 Он гоҳ шуморо дар ин макон, дар замине ки ба падаронатон аз азал то абад бахшидаам, сокин хоҳам гардонид. 8 Инак, шумо ба суханони дурӯғе ки манфиате намебахшад, таваккал мекунед. 9 Оё равост, ки шумо ба дуздӣ, қатл ва зино машғулед, ва қасами дурӯғ мехӯред, ва барои Баал бухур месӯзонед, ва худоёни дигарро, ки намешинохтед, пайравӣ менамоед, 10 Баъд аз ин омада, ба ҳузури Ман дар ин хонае ки ба исми Ман номида шудааст, биистед ва бигӯед: „Мо наҷот ёфтем!“, то ки ҳамаи ин корҳои зиштро боз ба амал оваред? 11 Оё ин хонае ки ба исми Ман номида шудааст, дар назари шумо ба дуздхона табдил ёфтааст? Инак, Ман низ инро дидаам, — мегӯяд Худованд. 12 Пас, ба макони Ман, ки дар Шилӯ буд, ва исми Худро аввал дар он ҷо сокин гардонида будам, биравед ва он чиро, ки ба сабаби шарорати қавми Ман — Исроил ба он кардаам, бубинед. 13 Ва алҳол, аз барои он ки шумо тамоми ин аъмолро ба ҷо овардед, — мегӯяд Худованд, — ва Ман ҳар рӯз аз субҳидам ба шумо сухан рондам, вале гӯш накардед, ва шуморо хондам, вале ҷавоб надодед, — 14 Ба ин хонае ки ба исми Ман номида шудааст, ва шумо ба он таваккал менамоед, ва ба маконе ки ба шумо ва падарони шумо бахшидаам, ончунон ки ба Шилӯ амал кардам, амал хоҳам кард. 15 Ва шуморо аз ҳузури Худ хоҳам ронд, ончунон ки ҳамаи бародарони шуморо, тамоми насли Эфроимро рондам. 16 Ва ту барои ин қавм дуо нагӯй, ва барои онҳо овози тазаррӯъ ва истиғоса баланд накун, ва назди Ман шафоат нанамо, зеро ки Ман туро иҷобат нахоҳам кард. 17 Оё ту намебинӣ, ки онҳо дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим чӣ корҳо мекунанд? 18 Писарон ҳезум ҷамъ меоваранд, ва падарон оташ дармедиҳанд, ва занон хамир мекунанд, то ки санбӯсаҳо барои маликаи осмон бипазанд, ва ҳадияҳои рехтанӣ барои худоёни дигар рехта, Маро хашмгин созанд. 19 Оё онҳо Маро хашмгин месозанд? — мегӯяд Худованд. — Не, балки худашонро, то ки рӯйҳои худро нангин созанд. 20 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак, хашми Ман ва ғазаби Ман бар ин макон, бар одам ва бар ҳайвон, ва бар дарахти саҳро ва бар меваи замин рехта мешавад, ва он хоҳад сӯхт ва хомӯш нахоҳад шуд». 21 Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: «Курбониҳои сӯхтании худро бар забҳҳои худ илова намоед ва гӯшт бихӯред; 22 Зеро ки ба падарони шумо, дар рӯзе ки онҳоро аз замини Миср берун овардам, дар бораи қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳо сухан нагуфтаам ва амр нафармудаам, 23 Балки ба онҳо чунин амр фармуда, гуфтаам: „Овози Маро бишнавед, ва Ман Худои шумо хоҳам буд, ва шумо қавми Ман хоҳед буд; ва ба ҳар роҳе ки ба шумо амр фармоям, биравед, то ки барои шумо хуб бошад“. 24 Валекин онҳо нашниданд ва гӯши худро хам накарданд, балки бар тибқи машваратҳо ва саркашии дили шарири худ рафтор карданд, ва ба қафо рӯ оварданд, на ин ки ба пеш, 25 Аз ҳамон рӯзе ки падарони шумо аз замини Миср берун омаданд, то худи имрӯз; ва Ман ҳамаи бандагони Худ — анбиёро назди шумо фиристодам, — ҳар рӯз аз субҳидам равона намудам, 26 Вале онҳо Маро нашниданд ва гӯши худро хам накарданд, ва гардани худро сахт карда, аз падарони худ бадтар рафтор карданд. 27 Ту низ ҳамаи ин суханонро ба онҳо бигӯй, гарчанде ки туро нахоҳанд шунид; ва онҳоро бихон, гарчанде ки ба ту ҷавоб нахоҳанд дод. 28 Ва ба онҳо бигӯй: „Инҳо халқе ҳастанд, ки овози Худованд Худои худро намешунаванд ва панд намегиранд; ростӣ барбод рафта, аз даҳонашон нест шудааст. 29 Мӯйсари худро тарошида, бипарто, ва бар теппаҳо навҳа бизан, чунки Худованд аз насле ки Ӯро ба ғазаб овард, нафрат намуда, онро тарк кардааст“. 30 Зеро ки банӣ‐Яҳудо он чиро, ки дар назари Ман бад аст, ба амал оварданд, — мегӯяд Худованд, — ва чизҳои зишти худро дар хонае ки ба исми Ман номида шудааст, гузоштанд, то ки онро палид кунанд; 31 Ва минбарҳои Тӯфетро, ки дар водии Бен‐Ҳиннӯм воқеъ аст, бино карданд, то ки писарон ва духтарони худро дар оташ бисӯзонанд, ки инро Ман амр нафармудаам, ва ин ба хаёлам наомадааст. 32 Бинобар ин, — мегӯяд Худованд, — инак, айёме фаро мерасад, ки он дигар Тӯфет ва водии Бен‐Ҳиннӯм гуфта нахоҳад шуд, балки водии қатл; ва ба сабаби камии ҷой дар Тӯфет дафн хоҳанд кард. 33 Ва ҷасадҳои мурдаи ин қавм хӯроки мурғони осмон ва ҳайвоноти замин хоҳад шуд, ва касе набошад, ки онҳоро гурезонад. 34 Ва Ман аз шаҳрҳои Яҳудо ва аз кӯчаҳои Ерусалим садои шодмонӣ ва садои хурсандӣ, овози домод ва овози арӯсро нест хоҳам кард, зеро ки ин замин биёбон хоҳад шуд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden