Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ирмиё 6 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ШАШУМ Давоми он.

1 Эй банӣ‐Биньёмин! Аз даруни Ерусалим бигрезед, ва дар Тақӯо шох навозед, ва бар Байт‐Ҳакерем аломате бо оташ баланд кунед, зеро ки мусибате аз ҷониби шимол ва таҳлукаи бузурге падид меояд.

2 Ман духтари Сионро, ки ҷамил ва латиф мепиндоштам, нобуд хоҳам кард.

3 Чӯпонон бо рамаҳои худ назди вай хоҳанд омад, гирдогирди вай хаймаҳо хоҳанд барафрошт, ҳар яке дар қитъаи худ хоҳанд чаронид.

4 «Барои ҷанг ба муқобили вай омода шавед!» — «Бархезед, то ки дар нимирӯзӣ бароем!» — «Вой бар мо, ки рӯз ба охир расида, сояҳои шом дароз мешавад!»

5 «Бархезед, то ки шабона баромада, қасрҳояшро несту нобуд кунем!»

6 Зеро ки Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Дарахтонро бурида, хокрезе бар зидди Ерусалим барпо кунед: ин шаҳр бояд ба ҷазо гирифтор шавад, чунки саросар пур аз зулм аст.

7 Чунон ки чашма обҳояшро беист ҷорӣ менамояд, ончунон вай шарорати худро торафт меафзояд: ситам ва тороҷ андаруни вай шунида мешавад, ҷароҳат ва шаллоқ ҳамеша пеши назари Ман аст.

8 Ба ақл ой, эй Ерусалим, мабодо ҷони Ман аз ту дур шавад, мабодо туро биёбоне, замини ғайримаскуне гардонам».

9 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Бақияи Исроилро мисли шингилҳои боқимондаи ток хоҳанд чид: дасти худро мисли ангурчин ба шингилҳо дароз кун».

10 Ба киҳо сухан гӯям ва киҳоро таъкид намоям, то ки бишнаванд? Инак, гӯши онҳо номахтун аст, ва наметавонанд бишнаванд; инак, каломи Худованд барои онҳо нангин гардидааст, ва онро толиб нестанд.

11 Ва ман аз ғазаби Худованд пур шудаам, ва аз нигоҳ доштани он лакот гардидаам. «Пас, онро дар кӯча бар кӯдакон ва бар маҷлиси ҷавонон якбора бирез; мард бо зан низ гирифтор хоҳанд шуд, ва мӯйсафед бо шахси солхӯрда.

12 Ва хонаҳои онҳо, бо якҷоягии киштзорҳо ва занонашон, насиби дигарон хоҳанд шуд, чунки Ман дасти Худро ба муқобили сокинони ин замин дароз хоҳам кард», — мегӯяд Худованд.

13 «Зеро ки ҳамаи онҳо, аз хурд то калон, ба тамаъкорӣ дода шудаанд, ва аз набӣ гирифта то коҳин, саросар козибона рафтор мекунанд.

14 Ва марази духтари қавми Маро сабукфикрона шифо дода, „Осоиштагӣ! Осоиштагӣ!“ мегӯянд, вале осоиштагӣ нест.

15 Оё онҳо шарм медоранд, вақте ки корҳои зишт мекунанд? Не, шарм ҳам надоранд, аз ҳаё ҳам бехабаранд; бинобар ин дар миёни афтодагон хоҳанд афтод, ва дар рӯзе ки онҳоро доварӣ намоям, пешпо хоҳанд хӯрд», — мегӯяд Худованд.

16 Худованд чунин мегӯяд: «Дар роҳҳо биистед ва назар андозед, ва дар бораи тариқҳои қадимӣ бипурсед, ки роҳи нек кадом аст, ва бо он биравед, ва барои ҷони худ оромӣ хоҳед ёфт. Вале онҳо гуфтанд: „Нахоҳем рафт“.

17 Ва Ман бар шумо посбононро гузоштам: „Ба садои шох гӯш диҳед!“ Вале онҳо гуфтанд: „Гӯш нахоҳем дод“.

18 Бинобар ин, эй халқҳо, бишнавед, ва эй ҷамоат, бидонед, ки чиҳо ба онҳо рӯй хоҳад дод.

19 Бишнав, эй замин! Инак, Ман мусибате бар ин қавм меоварам, ки самари афкори онҳост; зеро ки онҳо ба суханони Ман гӯш надоданд, ва шариати Маро рад карданд.

20 Лебӯное ки аз Шабо, ва наи атрогине ки аз кишвари дурдаст оварда мешавад, ба Ман чӣ лозим аст? Қурбониҳои сӯхтании шумо табъи дил нест, ва забҳҳои шумо ба Ман хуш намеояд.

21 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: „Инак, Ман пеши ин қавм монеаҳо мегузорам, ва падарону писарон якҷоя, ҳамсоя ва ёри вай пешпо хӯрда, талаф хоҳанд шуд“».

22 Худованд чунин мегӯяд: «Инак, қавме аз замини шимол меоянд, ва халқи бузурге аз ақсои замин бармехезанд.

23 Онҳо камон ва мизроқ дар дасташон доранд; сангдил ҳастанд ва раҳм намекунанд; овозашон мисли баҳр мехурӯшад, ва бар аспон савор мешаванд; чун як тан барои ҷанг ба зидди ту, эй духтари Сион, саф бастаанд».

24 Овозаи варо шунидем, ва дастҳои мо суст шуд: азоб ва дард моро, мисли зане ки мезояд, дар бар гирифт.

25 Ба саҳро набароед, ва дар роҳ равона нашавед, зеро ки шамшери душман ва даҳшат аз ҳар тараф аст.

26 Эй духтари қавми ман! Палос бипӯш ва хокистар бар худ бипош; мисли зане ки писари ягонааш мурда бошад, мотам бигир ва зор‐зор гирья бикун, зеро ки тороҷгар ногаҳон бар мо меояд.

27 «Туро дар миёни қавми Худ имтиҳонкунанда ва заршинос қарор додаам, то ки роҳи онҳоро бидонӣ ва имтиҳон намоӣ.

28 Ҳамаашон муртадҳои гузаро ҳастанд, ва бӯҳтон зада мегарданд; онҳо мис ва оҳан мебошанд, ва ҳамаашон фасодпешаанд.

29 Дами заргарӣ нимсӯхта шуд; сурб дар оташ фано шуд; заргар бар абас гудохт, чунки шарирон ҷудо нашуданд.

30 Онҳоро нуқраи мардуд меноманд, зеро ки Худованд онҳоро рад намудааст».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan