Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ирмиё 51 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ПАНҶОҲУ ЯКУМ Давоми нубувват дар бораи Бобил ва дар бораи баргардонидани яҳудиён аз асирӣ.

1 Худованд чунин мегӯяд: «Инак, Ман бар Бобил ва бар сокинони Лев‐Қомой боди ҳалокатоваре бармехезонам,

2 Ва бар Бобил барбоддиҳандагонро мефиристам, ва онро барбод хоҳанд дод, ва замини онро холӣ хоҳанд кард, зеро ки онҳо дар рӯзи мусибат онро аз ҳар тараф иҳота хоҳанд намуд.

3 Бигзор камонкаш камонашро зеҳ накунад, ва аз зиреҳаш фахр нанамояд; ва бар ҷавонони он раҳм накунед, тамоми лашкари онро маҳв намоед.

4 Бигзор мақтулон бар замини калдониён ва маҷрӯҳон бар кӯчаҳои он биафтанд».

5 Зеро ки Исроил ва Яҳудо аз Худои худ, аз Худованди лашкарҳо матрук нашудаанд, ва ҳол он ки замини онҳо аз маъсият бар зидди Қуддуси Исроил пур шудааст.

6 Аз даруни Бобил бигрезед, ва бигзор ҳар кас ҷони худро халос кунад, то ки аз боиси гуноҳи он талаф нашавед; зеро ки ин замони интиқоми Худованд аст: Ӯ подоши онро хоҳад дод.

7 Бобил косаи тилло дар дасти Худованд буд, ки тамоми дуньёро маст мекард: халқҳо аз шароби он нӯшиданд, бинобар ин халқҳо девонагӣ карданд.

8 Ногаҳон Бобил фурӯ ғалтида, шикаст хӯрдааст; барои он навҳа намоед, баласон барои ҷароҳати он бигиред: шояд шифо ёбад.

9 Бобилро табобат кардем, вале шифо наёфт; онро тарк кунед, ва ҳар яке аз мо ба замини худ биравем; зеро ки доварии он то ба афлок расидааст ва то абрҳо баланд шудааст.

10 Худованд адолати моро ба рӯи об баровард; биёед, аъмоли Худованд Худои моро дар Сион эълон намоем.

11 Тирҳоро тез кунед, сипарҳоро ба даст гиред! Худованд рӯҳи подшоҳони Модайро барангехтааст, чунки Ӯ қасде бар зидди Бобил дорад, то ки онро талаф намояд, зеро ин интиқоми Худованд аст, интиқоми маъбади Ӯст.

12 Бар зидди ҳисорҳои Бобил байрақ бардоред, нигоҳбониро пурзӯр намоед, посбононро таъин кунед, каминҳоро муҳайё созед! Зеро он чи Худованд қасд намудааст, ва он чи дар бораи сокинони Бобил гуфтааст, ба амал хоҳад овард.

13 Эй, ки назди обҳои фаровон сокин ҳастӣ ва ганҷҳои зиёде дорӣ! Фарҷоми ту, анҷоми тамаъкории ту фаро расидааст.

14 Худованди лашкарҳо ба Зоти Худ қасам хӯрдааст: ба ростӣ, туро аз одамон мисли малах пур хоҳам кард, ва онҳо бар ту гулбонг хоҳанд зад.

15 Ӯ заминро бо қуввати Худ офарид, дуньёро бо ҳикмати Худ барқарор намуд, ва осмонро бо хиради Худ густаронид.

16 Ҳамин ки Ӯ овоз диҳад, обҳо дар осмон ғулғула меандозанд, ва Ӯ абрҳоро аз ақсои замин боло мебардорад, барқҳоро барои борон ба вуҷуд меоварад, ва бодро аз махзанҳои Худ берун меоварад.

17 Ҳар одам аз ақл бегона ва ҳар заргар аз санаме ки сохтааст, шармсор хоҳад шуд, зеро ки бутҳои вай чизи дурӯғ аст, ва ҳеҷ нафасе дар онҳо нест.

18 Онҳо ҳеҷу пуч аст, амали фиребгарист; чун ба доварӣ дучор ояд, нест хоҳад шуд.

19 Ӯ, ки насибаи Яъқуб аст, мисли онҳо нест, зеро ки Ӯ Офаринандаи тамоми мавҷудот аст, ва (Исроил) сибти мероси Ӯст; исми Ӯ Худованди лашкарҳост.

20 «Ту барои Ман путк, аслиҳаи ҷанг будӣ; ва Ман ба воситаи ту халқҳоро торумор кардам, ва ба воситаи ту мамлакатҳоро талаф намудам;

21 Ва ба воситаи ту асп ва саворашро торумор кардам, ва ба воситаи ту ароба ва саворашро торумор кардам;

22 Ва ба воситаи ту мард ва занро торумор кардам, ва ба воситаи ту пир ва кӯдакро торумор кардам, ва ба воситаи ту ҷавон ва дӯшизаро торумор кардам;

23 Ва ба воситаи ту чӯпон ва рамаашро торумор кардам, ва ба воситаи ту зироаткор ва ҷуфти барзаговонашро торумор кардам, ва ба воситаи ту волиён ва ҳокимонро торумор кардам.

24 Ва ба Бобил ва ҳамаи сокинони кишвари калдониён барои тамоми шарорате ки дар Сион ба амал овардаанд, дар пеши назари шумо подош хоҳам дод, — мегӯяд Худованд.

25 Инак, Ман, — мегӯяд Худованд, — зидди ту ҳастам, эй кӯҳи ҳалокатовар, ки тамоми дуньёро ба ҳалокат расондаӣ! Ва Ман дасти Худро бар ту дароз хоҳам кард, ва туро аз болои сахраҳо фурӯ хоҳам ғалтонид, ва туро ба кӯҳи сӯхтае табдил хоҳам дод.

26 Ва аз ту санге барои сари гӯша ва санге барои таҳкурсӣ нахоҳанд гирифт, зеро ки ту харобазори абадӣ хоҳӣ шуд», — мегӯяд Худованд.

27 Байрақе бар замин бардоред, шохе дар миёни халқҳо бинавозед, халқҳоро бар зидди он даъват намоед, мамлакатҳои Аророт, Минӣ ва Ашканазро бар зидди он ҷамъ оваред, сипаҳсолоре бар зидди он таъин кунед, аспонро мисли малахи сихдоре бархезонед.

28 Халқҳоро бар зидди он даъват намоед: подшоҳони Модай, волиёнаш ва ҳамаи ҳокимонаш, ва тамоми замини қаламравашро.

29 Ва замин ба изтироб омада, меларзад, зеро тадбирҳои Худованд дар ҳаққи Бобил ба амал меояд, то ки замини Бобилро харобазори ғайримаскун гардонад.

30 Баҳодурони Бобил аз ҳарбу зарб даст кашида, дар истеҳкомҳои худ нишастаанд; қуввати онҳо адо шуда, мисли занон гардидаанд; масканҳои он сӯзонида, ғалақаҳои он шикаста шудааст.

31 Қосид ба пешвози қосид медавад, ва хабарбар ба пешвози хабарбар, то ба подшоҳи Бобил хабар диҳад, ки шаҳри ӯ аз ҳар тарафаш забт гардидааст,

32 Ва гузаргоҳҳо гирифта шудааст, ва қамишзорҳо ба оташ сӯхтааст, ва ҷанговарон ба ҳарос афтодаанд.

33 Зеро ки Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: духтари Бобил мисли хирмангоҳест дар вақти поймол шудани он; баъд аз андак замон мавсими дарави он фаро хоҳад расид.

34 «Набукаднесар подшоҳи Бобил маро хӯрдааст, маро дарҳам‐барҳам намудааст, маро зарфи холие гардонидааст, мисли тимсоҳе маро фурӯ бурдааст, шиками худро аз неъматҳои ман пур кардааст, маро бадар рондааст.

35 Осебе ки ба ман ва ба ҷисми ман расидааст, бар гардани Бобил бод!» — хоҳад гуфт сокинаи Сион. «Ва хуни ман бар гардани сокинони кишвари калдониён бод!» — хоҳад гуфт Ерусалим.

36 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: «Инак, Ман доди туро хоҳам ситонид, ва интиқоми туро хоҳам гирифт: баҳри ӯро хоҳам хушконид, ва чашмаашро хушк хоҳам кард.

37 Ва Бобил ба сангтӯдаҳо, ба маъвои шағолон, ба мавриди даҳшат ва масхара табдил ёфта, ғайримаскун хоҳад шуд.

38 Мисли шерон якҷоя наъра мезананд, мисли шербачаҳо ғурриш мекунанд.

39 Ҳамин ки гарм шавард, барояшон базме барпо намуда, онҳоро маст хоҳам кард, то ки дилхушӣ намоянд, ва ба хоби абадӣ бираванд, ва бедор нашаванд, — мегӯяд Худованд.

40 Онҳоро мисли мешони парворӣ, мисли қӯчқорон ва такаҳо барои куштан фурӯд хоҳам овард.

41 Чӣ сон Шешак мусаххар, ва ҷалоли тамоми дуньё зердаст карда шудааст! Чӣ сон Бобил дар миёни халқҳо мавриди даҳшат гардидааст!

42 Баҳр бар Бобил туғьён намуда, бо анбӯҳи мавҷҳояш вай пӯшида шудааст.

43 Шаҳрҳои он хароб гардида, ба замини хушк ва чӯл табдил ёфтааст, ба замине ки ҳеҷ кас дар он сокин нест, ва писари одам аз он гузар намекунад.

44 Ва Билро дар Бобил ҷазо хоҳам дод, ва он чи фурӯ бурдааст, аз даҳонаш берун хоҳам овард, ва халқҳо ба сӯи он дигар равон нахоҳанд шуд; ҳисори Бобил низ фурӯ хоҳад ғалтид.

45 Аз даруни он берун оед, эй қавми Ман, ва ҳар яке ҷони худро аз оташи ғазаби Худованд халос кунед!

46 Ва бигзор дили шумо суст нашавад, ва шумо аз овозае ки дар замин шунида хоҳад шуд, натарсед; он овоза дар як сол ба гӯш хоҳад расид, ва дар соли баъд аз он овозаи дигаре; ва зулм дар замин ҳукмфармо гардида, ҳокиме ба муқобили ҳокиме қиём хоҳад кард.

47 Бинобар ин инак, айёме фаро мерасад, ки Ман бар санамҳои Бобил доварӣ хоҳам намуд, ва тамоми замини он расво хоҳад шуд, ва ҳамаи мақтулони он андаруни он хоҳанд афтод.

48 Ва осмону замин ва ҳар чи дар онҳост, бар Бобил тараннум хоҳанд кард, зеро ки аз шимол тороҷгарон бар он хоҳанд омад», — мегӯяд Худованд.

49 Бобил низ ба сабаби мақтулони Исроил фурӯ хоҳад ғалтид, дар Бобил низ мақтулони тамоми замин фурӯ хоҳанд ғалтид.

50 Эй онҳое ки аз шамшер раҳо шудаед, биравед, наистед! Худовандро аз дурдаст ба хотир оваред, ва бигзор Ерусалим дар дили шумо бошад.

51 Мо хиҷил шудем, ҳангоме ки ҳақорат шунидем; нанг рӯи моро пӯшонид, ҳангоме ки аҷнабиён ба қудсҳои хонаи Худованд дохил шуданд.

52 «Бинобар ин инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман бар санамҳои он доварӣ хоҳам намуд, ва дар тамоми замини он маҷрӯҳон оҳу нола хоҳанд кард.

53 Ҳатто агар Бобил то ба афлоқ барояд, ва ҳатто агар иқтидори худро дар истеҳкомоти баланд пурзӯр созад, аз ҷониби Ман тороҷгарон бар он хоҳанд омад», — мегӯяд Худованд.

54 Садои нола аз Бобил ба гӯш мерасад, ва овози шикасти азиме аз замини калдониён,

55 Зеро Худованд Бобилро гирифтори тороҷ мегардонад ва садои бузургро аз даруни он нест мекунад; ва мавҷҳои онҳо мисли обҳои фаровон мехурӯшанд, ва садои ғулғулаи онҳо ба гӯш мерасад.

56 Зеро ки бар он, бар Бобил тороҷгар меояд, ва баҳодурони он ба даст афтода, камонҳошон мешиканад, зеро ки Худованд Худои мукофотҳост, ва ҳатман подош хоҳад дод.

57 «Ва Ман мирони он ва ҳакимони онро, волиёни он ва ҳокимони он ва баҳодурони онро маст хоҳам кард, ва онҳо ба хоби абадӣ хоҳанд рафт ва бедор нахоҳанд шуд», — мегӯяд Подшоҳе ки исмаш Худованди лашкарҳост.

58 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Ҳисорҳои фарохи Бобил тамоман хароб хоҳад шуд, ва дарвозаҳои баландаш ба оташ хоҳад сӯхт: қавмҳо бар абас меҳнат кардаанд, ва қабилаҳо аз барои оташ хаста шудаанд».

59 Каломе ки Ирмиёи набӣ ба Сароё ибни Нериё ибни Маҳсеё амр фармуд, ҳангоме ки вай бо Сидқиё подшоҳи Яҳудо дар соли чоруми подшоҳии ӯ ба Бобил мерафт; ва Сароё мири бор буд.

60 Ва Ирмиё тамоми мусибатеро, ки бояд бар Бобил биёяд, дар як тӯмори китобат бинавишт, яъне ҳамаи ин суханонро, ки дар бораи Бобил навишта шудааст.

61 Ва Ирмиё ба Сароё гуфт: «Ҳангоме ки ба Бобил дохил шавӣ, бубин ва ҳамаи ин суханонро бихон,

62 Ва бигӯй: „Худовандо! Ту дар бораи ин макон гуфтаӣ, ки онро тавре талаф хоӣ кард, ки дар он на одаме ва на чорпое сокин нашавад, ва он ба биёбони абадӣ табдил ёбад“.

63 Ва ҳангоме ки хондани ин тӯморро ба анҷом расонӣ, санге ба он бибанд, ва онро андаруни Фурот биандоз,

64 Ва бигӯй: „Бобил аз боиси мусибате ки Ман бар он хоҳам овард, хамин тавр ғарқ хоҳад шуд, ва онҳо хаста хоҳанд гардид“». То ин ҷост суханони Ирмиё.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan