Ирмиё 50 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ПАНҶОҲУМ 9. Дар бораи Бобил ва замини калдониён. 1 Каломе ки Худованд дар бораи Бобил, дар бораи замини калдониён ба воситаи Ирмиёи набӣ гуфт: 2 «Дар миёни халқҳо баён намоед ва эълон кунед, ва ливое бардошта, эълон кунед, пинҳон надоред, бигӯед: „Бобил забт гардидааст, Бил шармсор шудааст, Мерӯдах шикаст хӯрдааст, санамҳояш расво шудааст, бутҳояш ба шикаст дучор омадааст“. 3 Зеро ки халқе аз шимол бар зидди он бархостаанд, ки замини онро биёбон хоҳанд гардонид, ва касе дар он сокин нахоҳад шуд: аз инсон то ҳайвон онро тарк карда, хоҳанд рафт. 4 Дар он айём ва дар он замон, — мегӯяд Худованд, — банӣ‐Исроил хоҳанд омад, онҳо бо якҷоягии банӣ‐Яҳудо гирьякунон равона хоҳанд шуд ва Худованд Худои худро ҷустуҷӯ хоҳанд кард. 5 Дар бораи Сион пурсуҷӯ хоҳанд намуд, рӯи худро сӯи роҳи он ниҳода, хоҳанд гуфт: „Биёед, бо аҳди ҷовидонӣ, ки фаромӯш нахоҳад шуд, ба Худованд пайванд шавем“. 6 Қавми Ман рамаи гумроҳе буданд: чӯпононашон онҳоро гумроҳ карда, бар кӯҳҳо бурданд; онҳо аз кӯҳ ба теппа овора шуда гашта, ҷои фароғати худро фаромӯш карданд. 7 Ҳар кӣ онҳоро меёфт, онҳоро мехӯрд, ва душманонашон мегуфтанд: „Мо гуноҳкор нестем; зеро ки онҳо пеши Худованд, ки маскани адолат аст, ва пеши Худованд, ки умеди падарони онҳо буд, гуноҳ кардаанд“. 8 Аз даруни Бобил бигрезед, ва аз замини калдониён берун оед, ва мисли такаҳо пешопеши рама қадамгузор бошед. 9 Зеро ки инак, Ман анбӯҳи халқҳои бузургро аз замини шимолӣ барангехта, бар Бобил меоварам, ва онҳо бар зидди вай саф хоҳанд баст, ва аз он ҷо вай забт хоҳад шуд; тирҳои онҳо, мисли тирҳои баҳодури нишонгир, холӣ нахоҳад баргашт. 10 Ва калдониён толону тороҷ хоҳанд гардид, ва ҳар кӣ онҳоро тороҷ кунад, сер хоҳад шуд, — мегӯяд Худованд. 11 Зеро ки шумо, эй ғораткунандагони мероси Ман, шодӣ ва хурсандӣ кардед, мисли ғуноҷине ки хирманро поймол кунад, рақсидед, ва мисли аспони зӯровар шеҳа кашидед. 12 Модари шумо бағоят хиҷил хоҳад гардид, волидаи шумо расво хоҳад шуд; инак оқибати халқҳо: биёбон, саҳрои хушк ва чӯли бедолу дарахт. 13 Аз ғазаби Худованд он ғайримаскун хоҳад шуд, ва саросар ба харобазор табдил хоҳад ёфт; ҳар кӣ аз Бобил гузар кунад, аз ҳамаи ҷароҳатҳои он дар ҳайрат афтода, ҳуштак хоҳад зад. 14 Гирдогирди Бобил саф бандед, эй ҳамаи камонкашон! Бар вай тирандозӣ кунед, тирҳоро дареғ надоред, зеро ки вай пеши Худованд гуноҳ кардааст. 15 Аз ҳар тараф бар вай бонг занед; вай сари таслим ниҳодааст; буньёдҳои вай фурӯ ғалтидааст, ҳисорҳои вай хароб шудааст, зеро ки ин интиқоми Худованд аст; аз вай интиқом гиред; чӣ тавре ки вай амал карда буд, ҳамон тавр бо вай амал кунед. 16 Аз Бобил коранда ва касеро, ки дар мавсими дарав бо дос кор мекунад, маҳв намоед; аз тарси шамшери ҳалокатовар бигзор ҳар кас ба қавми худ рӯ оварад, ва ҳар кас ба замини худ бигрезад. 17 Исроил рамаи парокандашудаест; шерон онро ронданд; аввал подшоҳи Ашшур онро ба коми худ кашид, ва сонӣ ин Набукаднесар подшоҳи Бобил устухонҳои онро шикаст. 18 Бинобар ин Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман подшоҳи Бобил ва замини ӯро ҷазо хоҳам дод, чунон ки подшоҳи Ашшурро ҷазо додаам. 19 Ва Исроилро ба чарогоҳи худаш хоҳам баргардонид, ва ӯ дар Кармил ва Бошон хоҳад чарид, ва ҷони ӯ бар кӯҳи Ҷилъод ва Эфроим сер хоҳад шуд. 20 Дар он айём ва дар он замон, — мегӯяд Худованд, — маъсияти Исроилро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, вале нахоҳад буд, ва гуноҳҳои Яҳудоро хоҳанд ҷуст, ва ёфт нахоҳад шуд; зеро онҳоеро, ки боқӣ мегузорам, хоҳам омурзид. 21 Бар замини Меротаим ва бар сокинони Пекӯд ҳуҷум овар, онҳоро қатл намо ва ҳар чиро, ки пас аз онҳо боқӣ монад, несту нобуд соз, — мегӯяд Худованд, — ва он чи ба ту амр фармудаам, ба амал овар. 22 Садои корзор бар замин аст, ва шикасти бузурге ҳувайдост. 23 Путки тамоми замин чӣ гуна вожгун ва торумор шудааст, ва Бобил дар миёни халқҳо мавриди даҳшат гардидааст! 24 Ман барои ту дом ниҳодам, ва ту ба он гирифтор шудӣ, эй Бобил, дар ҳолате ки бехабар мондӣ; ту ёфт шудӣ ва ба даст афтодӣ, зеро ки бар зидди Худованд исьён кардӣ. 25 Худованд қӯрхонаи Худро кушода, аслиҳаи ғазаби Худро берун овардааст, зеро ки Худованд Худои лашкарҳо бо замини калдониён коре дорад. 26 Аз ҳар тараф ба сари он биёед, анборҳои онро бикшоед, онро мисли ғарамҳо поймол кунед ва онро тамоман талаф намоед, то ки бақияе аз он намонад. 27 Ҳамаи барзаговони онро қатл кунед, бигзор гирифтори куштор шаванд; вой бар онҳо! Зеро ки рӯзи онҳо, замони ҷазои онҳо расидааст. 28 Овози гурезагон ва наҷотьёфтагон аз замини Бобил ба гӯш мерасад, то ки дар Сион аз интиқоми Худованд Худои мо, аз интиқоми маъбади Ӯ огоҳӣ диҳад. 29 Тирандозонро бар зидди Бобил ҷамъ оваред! Эй ҳамаи камонкашон, гирдогирди он ӯрду занед, то ки наҷоте барои он намонад; ба он мувофиқи аъмолаш подош диҳед; чӣ тавре ки рафтор карда буд, ҳамон тавр нисбат ба он рафтор намоед, зеро ки ба зидди Худованд, ба зидди Қуддуси Исроил густохӣ намудааст. 30 Бинобар ин ҷавонони он дар кӯчаҳои он хоҳанд афтод, ва ҳамаи ҷанговаронаш дар он рӯз талаф хоҳанд шуд, — мегӯяд Худованд. 31 Инак, Ман зидди ту ҳастам, эй густоҳ, — мегӯяд Худованд Худои лашкарҳо, — зеро ки рӯзи ту, замоне ки туро ба ҷазо мустаҳиқ намоям, расидааст. 32 Ва густох пешпо хӯрда, фурӯ хоҳад ғалтид, ва касе набошад, ки ӯро бархезонад; ва оташ дар шаҳрҳои ӯ хоҳам зад, ва он тамоми гирду пеши ӯро хоҳад сӯзонид. 33 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: банӣ‐Исроил ва банӣ‐Яҳудо якҷоя мазлум ҳастанд, ва ҳамаи касоне ки онҳоро ба асирӣ бурданд, онҳоро маҳкам нигоҳ доштаанд ва намехоҳанд онҳоро ҷавоб диҳанд. 34 Лекин Раҳокунандаи онҳо, ки исмаш Худованди лашкарҳост, пуриқтидор аст; Ӯ доди онҳоро хоҳад ситонид, то ки заминро ором созад ва сокинони Бобилро ба ларза андозад. 35 Шамшере бар калдониён аст, — мегӯяд Худованд, — ва бар сокинони Бобил, ва бар мирон ва ҳакимони он; 36 Шамшере бар козибон аст, ва беақлии онҳо зоҳир хоҳад шуд; шамшере бар баҳодурони ӯст, ва онҳо ба изтироб хоҳанд афтод; 37 Шамшере бар аспони ӯст ва бар аробаҳои ӯст, ва бар тамоми мардуми гуногунқабилае ки андаруни ӯ ҳастанд, ва онҳо мисли занон хоҳанд буд; шамшере бар хазоини ӯст, ва онҳо толону тороҷ хоҳанд шуд; 38 Хушкоӣ бар обҳои ӯст, ва онҳо хушк хоҳад шуд; зеро ки он замини санамҳост, ва аз бими бутҳо девона хоҳанд шуд. 39 Бинобар ин дар он ҷо гурбаҳои ваҳшӣ бо рӯбоҳон сокин хоҳанд шуд, ва шутурмурғон маскан хоҳанд гирифт; ва он дигар то абад маскун нахоҳад гардид, ва то абадуддаҳр обод нахоҳад шуд. 40 Чунон ки Худо Садӯм ва Амӯро ва ҳамсояҳошонро вожгун намуд, — мегӯяд Худованд, — ончунон касе дар он ҷо сокин нахоҳад шуд, ва писари одам дар он зиндагӣ нахоҳад кард. 41 Инак, қавме аз шимол меоянд, ва халқи бузурге ва подшоҳони бисьёр аз ақсои замин бармехезанд; 42 Онҳо камон ва мизроқ дар дасташон доранд; сангдил ҳастанд ва раҳм намекунанд; овозашон мисли баҳр мехурӯшад, ва бар аспон савор мешаванд; чун як тан барои ҷанг ба зидди ту, эй духтари Бобил, саф бастаанд. 43 Подшоҳи Бобил овозаи онҳоро шунид, ва дастҳояш суст шуд; азоб ва дард ӯро мисли зане ки мезояд, дар бар гирифт. 44 Инак, ӯ мисли шер аз ҷангалистони анбӯҳи Урдун ба иқоматгоҳи мустаҳкам мебарояд, зеро ки Ман дар лаҳзае онҳоро аз он ҷо хоҳам гурезонид, ва ҳар кӣ баргузида шуда бошад, Ман ӯро бар он таъин хоҳам кард. Зеро кист, ки мисли Ман бошад, ва кист, ки барои Ман мӯҳлате муқаррар намояд? Ва кист он чӯпоне ки бар зидди Ман тавонад истодагӣ кунад? 45 Бинобар ин қарори Худовандро, ки дар бораи Бобил қабул кардааст, ва тадбирҳои Ӯро, ки дар бораи замини калдониён андешидааст, бишнавед: ба ростӣ, хурдтарини рамабонон онҳоро хоҳанд рабуд; ба ростӣ, ӯ маскани онҳоро бар онҳо валангор хоҳад кард. 46 Аз садои забти Бобил замин ба ларза хоҳад омад, ва фарьёде дар миёни халқҳо шунида хоҳад шуд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden