Ирмиё 49 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧИЛУ НӮҲУМ 4. Дар бораи банӣ‐Аммӯн ва шаҳрҳои онҳо. 1 Дар бораи банӣ‐Аммӯн Худованд чунин мегӯяд: «Оё Исроил писарон надорад? Оё варо ворисе нест? Чаро Малком Ҷодро тасарруф намудааст, ва қавми ӯ дар шаҳрҳои он сокин шудаанд? 2 Бинобар ин инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ва Ман бонги ҷангро дар Раббаи банӣ‐Аммӯн хоҳам шунавонид, ва он ба тали вайронае табдил хоҳад ёфт, ва қасабаҳояш ба оташ сӯзонида хоҳад шуд, ва Исроил тасарруфкунандагони худро тасарруф хоҳад кард, — мегӯяд Худованд. 3 Навҳа намо, эй Ҳешбӯн, зеро ки Ай толону тороҷ шудааст; фарьёд кунед, эй қасабаҳои Рабба, палос ба камар баста, мотам гиред ва дар миёни қӯраҳо овора шуда гардед, зеро ки Малком бо якҷоягии коҳинон ва мирони худ ба асирӣ меравад. 4 Чаро аз водиҳои худ, ки водиҳои баруманд аст, фахр менамоӣ, эй духтари муртад, ки ба ганҷҳои худ умед баста, мегӯӣ: „Кист, ки назди ман ояд?“ 5 Инак, Ман бар ту аз ҷониби ҳамаи атрофиёнат тарсу бим хоҳам овард, — мегӯяд Худованд Худои лашкарҳо, — ва ҳар яке ба ҳар тараф пароканда хоҳад шуд, ва касе нахоҳад буд, ки парокандашудагонро ҷамъ оварад. 6 Вале баъд аз он Ман асирони банӣ‐Аммӯнро хоҳам баргардонид, мегӯяд Худованд». 5. Дар бораи Адӯм. 7 Дар бораи Адӯм Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Оё дигар дар Темон ҳикмат нест? Оё машварат аз соҳибфаҳмон нест шуда, ҳикматашон барҳам хӯрдааст? 8 Бигрезед, пушт гардонед, дар мағораҳо пинҳон шавед, эй сокинони Дадон, зеро ҳалокати Эсовро бар он хоҳам овард, ҳангоме ки онро ба ҷазо мустаҳиқ намоям. 9 Агар ангурчинон назди ту оянд, оё баъзе шингилҳоро боқӣ намегузоранд? Агар дуздон шабона биёянд, оё фақат он қадар, ки ба онҳо лозим бошад, намедузданд? 10 Лекин Ман Эсовро тамоман луч кардаам, ҷойҳои ниҳонии ӯро ошкор намудаам, ва ӯ наметавонад пинҳон шавад; насли ӯ, ва бародарони ӯ, ва ҳамсоягони ӯ торумор гардидаанд, ва ӯ нест шудааст. 11 Ятимони худро тарк намо, Ман онҳоро зинда нигоҳ хоҳам дошт, ва бевазанони ту бигзор ба Ман таваккал кунанд». 12 Зеро Худованд чунин мегӯяд: «Инак, агар онҳое ҳам, ки нӯшидани ҷом насибашон нашудааст, онро ҳатман менӯшида бошанд, оё ту беҷазо хоҳӣ монд? Не, беҷазо нахоҳӣ монд, балки ҳатман хоҳӣ нӯшид. 13 Зеро ба Зоти Худ қасам мехӯрам, — мегӯяд Худованд, — ки Басра мавриди даҳшат ва нанг ва харобӣ ва лаънат хоҳад шуд, ва ҳамаи шаҳрҳояш ба харобазори абадӣ табдил хоҳад ёфт». 14 Хабаре аз ҷониби Худованд шунидам, ки қосиде назди халқҳо фиристода шудааст, ки мегӯяд: «Ҷамъ шавед, ва бар вай тохт оваред, ва барои ҷанг бархезед». 15 «Зеро инак, Ман туро дар миёни халқҳо аз ҳама хурд, дар миёни одамон манфур гардонидаам. 16 Эй, ки дар шикофҳои сахра сокин ҳастӣ ва қуллаи теппаро ишғол намудаӣ, ҳайбати ту ва шарорати дили ту туро фирефта кардааст, лекин агарчи ту лонаи худро мисли уқобе баланд сохтаӣ, Ман туро аз он ҷо фурӯд хоҳам овард, — мегӯяд Худованд. 17 Ва Адӯм мавриди даҳшат хоҳад шуд, ва ҳар кӣ аз он гузар кунад, аз дидани ҳамаи ҷароҳатҳои он мутаҳайир шуда, ҳуштак хоҳад зад. 18 Чунон ки Садӯм ва Амӯро ва ҳамсояҳошон вожгун гардида буданд, — мегӯяд Худованд, — ончунон касе дар он ҷо сокин нахоҳад шуд, ва писари одам дар он зиндагӣ нахоҳад кард. 19 Инак, ӯ мисли шер аз ҷангалистони анбӯҳи Урдун ба иқоматгоҳи мустаҳкам мебарояд, зеро ки Ман дар лаҳзае ӯро аз он ҷо хоҳам гурезонид, ва ҳар кӣ баргузида шуда бошад, Ман ӯро бар он таъин хоҳам кард. Зеро кист, ки мисли Ман бошад, ва кист, ки барои Ман мӯҳлате муқаррар намояд? Ва кист он чӯпоне ки бар зидди Ман тавонад истодагӣ кунад? 20 Бинобар ин қарори Худовандро, ки дар бораи Адӯм қабул кардааст, ва тадбирҳои Ӯро, ки дар бораи сокинони Темон андешидааст, бишнавед: ба ростӣ, хурдтарини рамабонон онҳоро хоҳанд рабуд; ба ростӣ, ӯ масканҳои онҳоро бар онҳо валангор хоҳад кард. 21 Аз садои афтодани онҳо замин ба ларза хоҳад омад; овози фарьёдашон дар баҳри Қулзум шунида хоҳад шуд. 22 Инак, ӯ мисли уқоб парвоз намуда, ҳамла хоҳад овард ва болҳои худро бар Басра паҳн хоҳад кард; ва дили баҳодурони Адӯм дар он рӯз мисли дили зане ки азоби зоиш дошта бошад, хоҳад шуд». 6. Дар бораи Димишқ. 23 Дар бораи Димишқ. — Ҳамот ва Арпод хиҷил шудаанд, зеро ки хабари бадро шунида, маъюс гардидаанд: «Баҳр ба изтироб омадааст, наметавонад сокит шавад. 24 Димишқ аз рӯҳ афтодааст, рӯ ба гурез овардааст, ва онро ларза гирифтааст; азобу дардҳо онро, мисли зане ки мезояд, дар бар гирифтааст. 25 Чӣ гуна ин шаҳри номдор, ин пойтахти шодмонӣ тарк карда шудааст! 26 Ба яқин ҷавонони он дар кӯчаҳои он хоҳанд афтод, ва ҳамаи ҷанговарон дар он рӯз талаф хоҳанд шуд, — мегӯяд Худованди лашкарҳо. 27 Ва Ман дар ҳисори Димишқ оташ хоҳам зад, ва қасрҳои Бин‐Ҳададро нест хоҳам кард». 7. Дар бораи Қедор ва мамлакатҳои Ҳосӯр. 28 Дар бораи Қедор ва дар бораи мамлакатҳои Ҳосӯр, ки Набукаднесар подшоҳи Бобил онҳоро зарба задааст, Худованд чунин мегӯяд: «Бархезед, ба Қедор ҳуҷум оваред ва писарони шарқро тороҷ кунед! 29 Хаймаҳои онҳо ва рамаҳои онҳоро хоҳанд гирифт; пардаҳои онҳо ва тамоми асбобу анҷоми онҳо ва шутурони онҳоро барои худ хоҳанд бурд, ва онҳоро аз ҳар ҷониб ба тарсу ҳарос хоҳанд андохт. 30 Бигрезед, дуртар биравед, дар мағораҳо пинҳон шавед, эй сокинони Ҳосӯр, — мегӯяд Худованд, — зеро ки Набукаднесар подшоҳи Бобил дар ҳаққи шумо қароре қабул кардааст ва бар зидди шумо тадбире андешидааст. 31 Бархезед, ба халқе ки дар осоиштагӣ ва амният зиндагӣ мекунанд, ҳуҷум оваред, — мегӯяд Худованд. — Онҳо на дар доранд, на ғалақа; дар танҳоӣ сукунат доранд. 32 Ва шутурони онҳо толону тороҷ карда ва анбӯҳи чорвои онҳо ба ғанимат гирифта хоҳад шуд; ва онҳоро, ки мӯи чаккаи худро метарошанд, ба ҳар боде ки мевазад, пароканда хоҳам кард, ва ҳалокати онҳоро аз ҳар ҷониби онҳо хоҳам овард, — мегӯяд Худованд. 33 Ва Ҳосӯр маскани шағолон, харобазори абадӣ хоҳад гардид; касе дар он ҷо сокин нахоҳад шуд, ва писари одам дар он ҷо зиндагӣ нахоҳад кард». 8. Дар бораи Элом. 34 Каломи Худованд дар бораи Элом, ки бар Ирмиёи набӣ дар ибтидои подшоҳии Сидқиё подшоҳи Яҳудо нозил шуда, гуфт: 35 «Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: инак, Ман камони Эломро, ки қуввати асосии онҳост, хоҳам шикаст; 36 Ва чор бодро аз чор канори осмон бар Элом хоҳам овард, ва онҳоро бо ҳамаи ин бодҳо пароканда хоҳам кард, ва халқе нахоҳад буд, ки рондашудагони Элом ба он ҷо наоянд; 37 Ва онҳоро пеши душманонашон ва пеши толибони ҷонашон ба шикаст дучор хоҳам кард, ва бар онҳо мусибат, яъне оташи ғазаби Худро хоҳам овард, — мегӯяд Худованд, — ва шамшерро аз паи онҳо хоҳам фиристод, то даме ки онҳоро тамоман талаф намоям; 38 Ва тахти Худро дар Элом барқарор хоҳам намуд, ва подшоҳ ва миронро аз он ҷо нест хоҳам кард, — мегӯяд Худованд. 39 Вале дар рӯзҳои охир асирони Эломро хоҳам баргардонид, — мегӯяд Худованд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden