Ирмиё 48 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧИЛУ ҲАШТУМ 3. Дар бораи Мӯоб. 1 Дар бораи Мӯоб Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: «Эй вой бар Набӯ! Зеро ки он валангор шудааст; Қирьётаим расво шуда, забт гардидааст; қалъа расво шуда, шикаст хӯрдааст. 2 Ҷалоли Мӯоб дигар вуҷуд надорад; дар Ҳешбӯн дар ҳаққи он бадиҳо андешидаанд: „Биравем ва онро маҳв намоем, то ки дигар халқ набошад“. Ту низ, эй Мадмен, мотам хоҳӣ гирифт: шамшер туро таъқиб хоҳад кард. 3 Садои нола аз Ҳӯрӯнаим ба гӯш мерасад: „Тороҷ ва шикасти азиме рӯй додааст“. 4 Мӯоб ба шикаст дучор шудааст; ҷавонони он доду фарьёд мекунанд. 5 Ба фарози Луҳит гирьякунон мебароянд, ва дар фуромадгоҳи Ҳӯрӯнаим душманон фиғони шикастро мешунаванд. 6 Бигрезед, ҷонҳои худро халос кунед, то ки онҳо мисли дарахти аръар дар бодия бошанд. 7 Азбаски ту ба аъмоли худ ва ба ганҷҳои худ таваккал кардӣ, ту низ забт хоҳӣ шуд, ва Камӯш бо якҷоягии коҳинон ва мирони худ ба асирӣ хоҳад рафт. 8 Ва тороҷгар ба ҳар шаҳр хоҳад омад, ва ҳеҷ шаҳр раҳо нахоҳад шуд; ва водӣ ба ҳалокат хоҳад расид, ва дашт валангор хоҳад шуд, чунон ки Худованд гуфтааст. 9 Болҳо ба Мӯоб диҳед, то ки парида равад; шаҳрҳои он ба биёбон мубаддал хоҳад шуд, ва касе набошад, ки дар онҳо сокин шавад. 10 Малъун бод касе ки кори Худовандро мусоҳилакорона ба ҷо оварад, ва малъун бод касе ки шамшери худро аз хунрезӣ нигоҳ дорад! 11 Мӯоб аз ҷавонии худ осудаҳол буд, ва бар дурди худ менишаст, ва аз зарфе ба зарфе рехта нашудааст, ва ба асирӣ нарафтааст; бинобар ин таъмаш дар он мондааст, ва накҳаташ тағьир наёфтааст. 12 Бинобар ин инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ва Ман резандагонро мефиристам, ки ӯро бирезанд, ва онҳо зарфҳои ӯро холӣ карда, машкҳояшро пора‐пора хоҳанд намуд. 13 Ва Мӯоб аз боиси Камӯш хиҷил хоҳад шуд, чунон ки хонадони Исроил аз боиси Байт‐Ил, ки пушту паноҳашон буд, хиҷил шудаанд. 14 Чӣ гуна шумо мегӯед: „Мо баҳодурон ва ҷанговарон барои корзор ҳастем“? 15 Мӯоб гирифтори тороҷ гардида, ба шаҳрҳояш душман баромадааст, ва гузини ҷавононаш ба қатлгоҳ фуромадаанд, — мегӯяд Подшоҳ, ки исмаш Худованди лашкарҳост. 16 Фаро расидани ҳалокати Мӯоб наздик аст, ва мусибаташ бағоят мешитобад. 17 Ба ҳоли ӯ таассуф намоед, эй ҳамаи ҳамсоягони ӯ ва ҳамаи онҳое ки номи ӯро медонед! Бигӯед: „Асои қудрат ва чӯбдасти шавкат чӣ гуна шикаст хӯрдааст!“ 18 Аз курсии кибриёи худ фурӯд омада, дар саҳрои хушк бинишин, эй духтари сокинаи Дибӯн! Зеро ки тороҷгари Мӯоб бар зидди ту бархостааст ва қалъаҳои туро хароб мекунад. 19 Дар сари роҳ биист ва бингар, эй сокинаи Арӯэр! Аз онҳое ки барои наҷот ёфтан рӯ ба гурез овардаанд, пурсуҷӯ намо ва бигӯй: „Чӣ воқеае рӯй додааст?“ 20 Мӯоб шармсор шудааст, зеро ки торумор гардидааст; навҳа кунед ва фиғон кашед, дар Арнӯн эълон намоед, ки Мӯоб толону тороҷ шудааст. 21 Ва доварӣ бар замини даштрӯя расидааст, бар Ҳӯлӯн ва Яҳсо ва Мефоат, 22 Ва бар Дибӯн ва Набӯ ва Байт‐Диблотаим, 23 Ва бар Қирьётаим ва Байт‐Ҷомул ва Байт‐Меӯн, 24 Ва бар Қрийӯт ва Басра, ва бар ҳамаи шаҳрҳои дур ва наздики замини Мӯоб. 25 Шохи Мӯоб бурида шудааст, ва бозуи он шикастааст, — мегӯяд Худованд. 26 Ӯро маст кунед, зеро ки ӯ пеши Худованд такаббур намудааст, ва бигзор Мӯоб дар қаи худ ғӯта занад, ва ӯ низ хандазор шавад. 27 Оё Исроил барои ту хандазор нашуда буд? Оё вай дар миёни дуздон ёфт шуда буд, ки ҳар бор ту дар бораи вай сухан мерондӣ, бо нафрат калла меҷунбондӣ? 28 Шаҳрҳоро тарк карда, дар сахра сокин шавед, эй сокинони Мӯоб, ва мисли кабӯтаре бошед, ки дар лаби ҷар лона месозад. 29 Мо дар бораи ғурури Мӯоб, ки бисьёр мағрур аст, дар бораи кибри ӯ ва ғурури ӯ ва калонигарии ӯ ва ҳавобаландии ӯ шунидаем. 30 Ман густохии ӯро медонам, — мегӯяд Худованд, — ва суханони ӯ нодуруст аст: онҳо нодуруст амал кардаанд. 31 Бинобар ин дар ҳаққи Мӯоб навҳа хоҳам кард, ва барои тамоми Мӯоб фиғон хоҳам кашид; барои мардони Қир‐Ҳерес оҳу воҳ хоҳанд кард. 32 Барои ту, эй токи Сибмо, бештар аз гирьяи Яъзир хоҳам гирист; шохаҳои ту то баҳр паҳн шуда, ба кӯли Яъзир расида буд; тороҷгар бар меваҳои тобистонӣ ва бар ҳосили ангури ту ҳуҷум овардааст. 33 Шодӣ ва хурсандӣ аз боғистон ва аз замини Мӯоб барҳам хӯрдааст; ва Ман шаробро аз чархуштҳо нест кардаам; касе ангурро бо гулбонги сурур пахш нахоҳад кард: гулбонге ки барояд, гулбонги сурур нахоҳад буд. 34 Аз фиғони Ҳешбӯн, ки то Элъола мерасад, овози худро то Яҳас баланд хоҳанд кард, ва аз Сӯар то Ҳӯрӯнаим, ки Эглат Шлишиё мебошад, зеро ки обҳои Нимрим низ хушк хоҳад шуд. 35 Ва Ман дар Мӯоб, — мегӯяд Худованд, — ҳар киро, ки бар минбарҳо қурбонӣ меоварад ва барои худоёни худ бухур месӯзонад, нест хоҳам кард. 36 Бинобар ин дили ман барои Мӯоб мисли най оҳу воҳ мекунад, ва дили ман барои мардони Қир‐Ҳерес мисли най оҳу воҳ мекунад, чунки сарвате ки онҳо андӯхта буданд, талаф шудааст. 37 Зеро ки ҳар калла бемӯй ва ҳар риш тарошида шудааст, ва ҳамаи дастҳо харошида ва бар камарҳо палос баста шудааст. 38 Бар ҳамаи бомҳои Мӯоб ва дар кӯчаҳои он саросар навҳахонист, зеро ки Ман Мӯобро мисли зарфи нодаркоре шикастаам, — мегӯяд Худованд. 39 Чӣ гуна вай торумор шудааст! Барои вай навҳа кунед! Чӣ сон Мӯоб пушт гардонда, шармсор шудааст! Ва Мӯоб барои ҳамаи атрофиёнаш хандахариш ва даҳшат гардидааст». 40 Зеро Худованд чунин мегӯяд: «Инак, ӯ мисли уқоб ҳамла оварда, болҳои худро бар Мӯоб паҳн хоҳад кард. 41 Шаҳрҳо забт ва қалъаҳо мусаххар карда хоҳад шуд, ва дили баҳодурони Мӯоб дар он рӯз мисли дили зане ки азоби зоиш дошта бошад, хоҳад шуд. 42 Ва Мӯоб барҳам хӯрда, дигар қавм нахоҳад буд, зеро ки пеши Худованд такаббур намудааст. 43 Тарс ва чоҳ ва дом барои туст, эй сокини Мӯоб, — мегӯяд Худованд. 44 Он ки аз тарс бигрезад, дар чоҳ хоҳад афтод, ва он ки аз чоҳ барояд, гирифтори дом хоҳад шуд, зеро Ман бар вай, бар Мӯоб соли ҷазои онҳоро хоҳам овард, — мегӯяд Худованд. 45 Гурезаҳои бемаҷол дар сояи Ҳешбӯн бозъистодаанд, зеро ки оташ аз Ҳешбӯн, ва аланга аз миёни Сиҳӯн берун омадааст, ва чаккаи Мӯоб ва фарқи сари ғавғокунандагонро хоҳад хӯрд. 46 Вой бар ту, эй Мӯоб! Қавми Камӯш талаф шудаанд, зеро ки писарони ту ба асирӣ гирифта шудаанд, ва духтарони ту гирифтори асорат гардидаанд. 47 Вале дар рӯзҳои охир Ман асирони Мӯобро хоҳам баргардонид, — мегӯяд Худованд». — Доварӣ дар бораи Мӯоб то ин ҷост. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden