Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ирмиё 47 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЧИЛУ ҲАФТУМ 2. Дар бораи замини Фалиштӣ ва Сӯр.

1 Каломи Худованд дар бораи фалиштиён, ки бар Ирмиён набӣ нозил шуд, пеш аз он ки фиръавн Ғаззаро мағлуб намояд.

2 Худованд чунин мегӯяд: «Инак, обҳо аз шимол баланд шуда, мисли наҳре обхез мешавад, ва заминро бо ҳар чизе ки дар он аст, ва шаҳр ва сокинони онро зер мекунад, ва одамон фарьёд мезананд, ва ҳамаи сокинони замин навҳа мекунанд.

3 Аз садои сумҳои аспони пурзӯраш, аз тараққо‐туруқи аробаҳояш ва ғулғулаи чархҳояш падарон ба фарзандони худ назар намекунанд, чунки дастҳошон суст шудааст,

4 Ба сабаби рӯзе ки фаро мерасад, то ҳамаи фалиштиён ба толону тороҷ дучор гардида, Сӯр ва Сидӯн аз ҳар гуна ёрмандӣ маҳрум шаванд, зеро Худованд фалиштиёнро, ки бақияи ҷазираи Кафтӯр мебошанд, хонавайрон хоҳад кард.

5 Мардуми Ғазза мӯйсар тарошида мотам гирифтаанд, Ашқалӯн ва бақияи водии онҳо талаф шудаанд; то ба кай бадани худро харошида маҷрӯҳ хоҳӣ кард?

6 Эй шамшери Худованд, то ба кай ором нахоҳӣ шуд? Ба ғилофи худ баргашта, бозъист ва ором шав.

7 Аммо чӣ гуна вай ором шавад, дар сурате ки Худованд ба вай бар зидди Ашқалӯн ва бар зидди соҳили баҳр амр фармудааст? Варо Ӯ ба он ҷо равона кардааст».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan