Ирмиё 46 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧИЛУ ШАШУМ Нубуввати Ирмиё дар бораи халқҳои бутпараст. 1 Каломи Худованд, ки бар Ирмиёи набӣ дар бораи халқҳо нозил шуд: 1. Дар бораи Миср. 2 Дар бораи Миср, дар бораи лашкари фиръавн Накӯҳ — подшоҳи Миср, ки назди наҳри Фурот дар Каркамиш буданд, ва Набукаднесар подшоҳи Бобил дар соли чоруми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо онҳоро шикаст дод. 3 «Сипар ва зиреҳро муҳайё намуда, барои ҷанг пеш оед, 4 Аспонро зин карда, савор шавед, эй саворон! Ва дар хӯдҳо ҳозир бошед, найзаҳоро тез кунед, ҷавшанҳоро бипӯшед. 5 Чаро онҳоро мебинам, ки ба ҳарос афтода, қафо мегарданд? Ва баҳодурони онҳо ба шикаст дучор мешаванд ва ба ақиб нигоҳ накарда мегурезанд: даҳшат аз ҳар тараф пайдост, — мегӯяд Худованд. 6 Тезрав нахоҳад гурехт, ва баҳодур раҳо нахоҳад шуд: дар шимол, назди наҳри Фурот пешпо хӯрда, фурӯ хоҳанд ғалтид. 7 Ин кист, ки мисли дарьё обхез мешавад, ва обҳояш мисли наҳрҳо талотум мекунад? 8 Миср мисли дарьё обхез мешавад, ва обҳояш мисли наҳрҳо талотум мекунад, ва мегӯяд: „Ман обхез шуда, заминро зер хоҳам кард, шаҳр ва сокинонашро ба ҳалокат хоҳам расонид“. 9 Ҷастухез намоед, эй аспон! Ва тунд бидавед, эй аробаҳо! Ва берун биравед, эй баҳодурон, эй Ҳабаш ва Фут, ки сипардоронед, ва эй лудиён, ки камондоронед! 10 Вале он рӯз барои Худованд Худои лашкарҳо рӯзи интиқом хоҳад буд, то ки аз душманони Худ интиқом гирад; ва шамшер онҳоро хӯрда сер хоҳад шуд ва аз хунашон маст хоҳад гардид, зеро ки барои Худованд Худои лашкарҳо дар замини шимолӣ, назди наҳри Фурот қурбонӣ оварда мешавад. 11 Ба Ҷилъод баромада, баласон бигир, эй духтари бокираи Миср! Давоҳоро беҳуда зиёд мекунӣ: шифое барои ту нест. 12 Халқҳо расвоии туро шунидаанд, ва замин аз фиғони ту пур шудааст; зеро ки баҳодур ба баҳодур дучор омадааст, ва ҳар ду якҷоя фурӯ ғалтидаанд». 13 Каломе ки Худованд дар бораи омадани Набукаднесар подшоҳи Бобил барои мағлуб кардани замини Миср ба Ирмиёи набӣ гуфт: 14 «Дар Миср эълон намоед ва дар Миҷдӯл хабар диҳед, ва дар Нӯф ва Таҳфанҳес хабар диҳед; бигӯед: „Бархез ва омода шав, зеро ки шамшер он чиро, ки дар гирду пеши туст, хӯрдааст“. 15 Чаро неруманди ту вожгун шудааст ва натавонист истодагӣ намояд? Зеро ки Худованд варо тела додааст. 16 Ӯ бисьёр касонро бемаҷол гардонидааст, ба тавре ки онҳо бар ҳамдигар меафтанд ва мегӯянд: „Бархезед, то ки аз шамшери ҳалокатовар назди қавми худ ва ба замини зодгоҳи худ баргардем“. 17 Дар он ҷо дод мезананд: „Фиръавн подшоҳи Миср ҳарзагӯй аст, фурсатро аз даст додааст“. 18 Ба ҳаёти Худам қасам ки, — мегӯяд Подшоҳе ки исмаш Худованди лашкарҳост, — он ки хоҳад омад, мисли Тобӯр дар миёни кӯҳҳо ва мисли Кармил дар назди баҳр хоҳад буд. 19 Асбоби муҳоҷират барои худ муҳайё намо, эй духтари сокинаи Миср, зеро ки Нӯф валангор гардида, бодияи ғайрмаскуне хоҳад шуд. 20 Миср ғуноҷини хушлиқост, аммо хармагас аз шимол меояд. 21 Сарбозони зархариди дар миёни он буда низ мисли гӯсолаҳои охурӣ мебошанд, лекин онҳо низ якҷоя қафо гашта гурехтанд ва натавонистанд истодагӣ намоянд, зеро ки рӯзи ҳалокаташон, замони ҷазояшон бар онҳо омадааст. 22 Овози он мисли фишшоси мор ба гӯш мерасад; зеро ки онҳо бо қуввате меоянд, мисли дарахтбурҳо бо табарҳо бар он меоянд; 23 Ҷангали онро хоҳанд бурид, — мегӯяд Худованд, — агарчи дарахтонаш беҳадду ҳисобанд, агарчи онҳо аз малах бештаранд, ва сону шумор надоранд. 24 Духтари Миср шармсор шудааст, ба дасти қавми шимолӣ таслим гардидааст». 25 Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: «Инак, Ман Омӯнро, ки худои Нӯ мебошад, ва фиръавн ва Мисрро, ва худоёни он ва подшоҳони онро, ва фиръавн ва онҳоеро, ки ба ӯ таваккал менамоянд, гирифтори ҷазо хоҳам кард; 26 Ва онҳоро ба дасти толибони ҷонашон, ва ба дасти Набукаднесар подшоҳи Бобил, ва ба дасти ғуломони вай таслим хоҳам кард; ва баъд аз он мисли айёми пеш маскун хоҳад шуд, — мегӯяд Худованд. 27 Вале ту, эй бандаи Ман Яъқуб, натарс, ва эй Исроил, ҳаросон нашав, зеро инак, Ман туро аз ҷои дурдаст, ва насли туро аз замини асирии онҳо наҷот хоҳам дод; ва Яъқуб баргашта, дар амният ва осоиштагӣ хоҳад зист, ва касе ӯро нахоҳад тарсонид. 28 Ту, эй бандаи Ман Яъқуб, натарс, — мегӯяд Худованд, — зеро Ман бо ту ҳастам; зеро Ман ҳамаи халқҳоеро, ки дар миёнашон туро пароканда намудаам, талаф хоҳам кард, аммо туро талаф нахоҳам кард, балки туро аз рӯи инсоф ҷазо хоҳам дод, вале туро тамоман беҷазо нахоҳам мононд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden