Ирмиё 44 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧИЛУ ЧОРУМ Муроҷиат ба онҳое ки дар Миср сокин шудаанд. 1 Каломе ки дар бораи ҳамаи яхудиёне ки дар замини Миср сукунат доштанд, яъне дар Миҷдӯл ва Таҳфанҳес ва Нӯф ва замини Патрӯс сокин буданд, бар Ирмиё нозил шуда, гуфт: 2 «Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: шумо тамоми мусибатеро, ки Ман бар Ерусалим ва бар ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо овардам, дидед; ва инак, имрӯз хароб шудааст, ва сокине дар онҳо нест, 3 Аз сабаби шарорате ки онҳо ба амал оварданд, то Маро ба ғазаб оваранд, яъне рафта, барои худоёни дигар бухур сӯзониданд ва ибодат карданд, ки онҳоро на худашон мешинохтанд, на шумо ва на падарони шумо. 4 Ва Ман ҳамаи бандагони Худ — анбиёро назди шумо фиристодам, ҳар рӯз аз субҳидам фиристода, гуфтам: „Ин кори зиштро, ки Ман аз он нафрат дорам, накунед“. 5 Вале онҳо нашниданд ва гӯши худро хам накарданд, то ки аз шарорати худ баргарданд ва барои худоёни дигар бухур насӯзонанд. 6 Ва хашми Ман ва ғазаби Ман фурӯ рехта, дар шаҳрҳои Яҳудо ва кӯчаҳои Ерусалим аланга зад, ва онҳо вайрону валангор гардид, чунон ки имрӯз аст. 7 Ва акнун Худованд, Худои лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: чаро шумо шарорати азиме бар ҷонҳои худ ба амал меоваред, то ки дар миёни худ мард ва зан, кӯдак ва ширмакро аз Яҳудо талаф намоед, ва аз худ бақияе боқӣ нагузоред, 8 Дар ҳолате ки Маро бо аъмоли дастҳои худ ба ғазаб оварда, дар замини Миср, ки барои сукунат ба он ҷо омадаед, барои худоёни дигар бухур месӯзонед, то ки худро талаф намоед ва дар миёни ҳамаи халқҳои замин мавриди лаънат ва нанг гардед? 9 Оё шароратҳои падарони худ ва шароратҳои подшоҳони Яҳудо ва шароратҳои занони онҳо ва шароратҳои худ ва шароратҳои занони худро, ки дар замини Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим ба амал оварданд, фаромӯш кардаед? 10 Онҳо то имрӯз гардан нафуровардаанд, ва натарсидаанд, ва бар тибқи шариати Ман ва фароизи Ман, ки пеши шумо ва пеши падарони шумо ниҳодаам, рафтор намекунанд. 11 Бинобар ин Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман рӯи Худро ба муқобили шумо барои ҳалокат мегардонам, то ки тамоми Яҳудоро талаф намоям; 12 Ва бақияи Яҳудоро, ки азм доранд ба замини Миср омада, дар он ҷо сокин шаванд, хоҳам гирифт, ва ҳамаи онҳо ба ҳалокат хоҳанд расид, дар замини Миср фурӯ хоҳанд ғалтид, аз шамшер ва қаҳтӣ талаф хоҳанд шуд, аз хурд то калон аз шамшер ва қаҳтӣ хоҳанд мурд, ва мавриди лаънат ва даҳшат ва нафрин ва нанг хоҳанд гардид. 13 Ва чунон ки Ерусалимро ҷазо додам, ончунон онҳоеро, ки дар замини Миср сокин шудаанд, бо шамшер, қаҳтӣ ва вабо ҷазо хоҳам дод. 14 Ва аз бақияи Яҳудо, ки ба замини Миср меоянд, то дар он ҷо сокин шаванд, ҳеҷ яке боқӣ нахоҳад монд ва раҳо нахоҳад шуд, то ба замини Яҳудо баргардад, ба замине ки ҷонашон орзуманди баргаштан ва дар он ҷо сокин шудан аст; зеро ҳеҷ яке нахоҳад баргашт, ғайр аз онҳое ки хоҳанд гурехт». 15 Ва ҳамаи мардоне ки медонистанд, ки занҳошон барои худоёни дигар бухур месӯзонанд, ва ҳамаи заноне ки бо издиҳоми бузурге истода буданд, ва тамоми қавме ки дар замини Миср, дар Патрӯс сокин буданд, ба Ирмиё ҷавоб дода, гуфтанд: 16 «Каломеро, ки ту ба исми Худованд ба мо гуфтӣ, аз ту нахоҳем шунид, 17 Балки ҳар чиро, ки аз даҳони мо баромадааст, ҳатман ба ҷо хоҳем овард: барои маликаи осмон бухур хоҳем сӯзонид ва ҳадияҳои рехтанӣ барои вай хоҳем рехт, чунон ки мо ва падарони мо, подшоҳони мо ва мирони мо дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим мекардем; ва мо серона нон мехӯрдем, ва хушбахт будем, ва мусибате надидаем. 18 Вале аз замоне ки аз бухур сӯзонидан барои маликаи осмон ва аз рехтани ҳадияҳои рехтанӣ барои вай даст кашидем, мӯҳтоҷи ҳама чиз гаштем, ва аз шамшер ва қаҳтӣ талаф мешавем. 19 Ва ҳангоме ки мо барои маликаи осмон бухур месӯзонидем ва ҳадияҳои рехтанӣ барои вай мерехтем, оё бе розигии шавҳарони худ мо барои вай санбӯсаҳо бо тасвири вай мепухтем ва ҳадияҳои рехтанӣ барои вай мерехтем?» 20 Ва Ирмиё ба тамоми қавм, ба мардон ва занон ва тамоми қавме ки ба ӯ чунин ҷавоб гардонданд, гуфт: 21 «Оё ҳамон бухуре набуд, ки шумо дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим сӯзондед, — шумо ва падарони шумо, подшоҳони шумо ва мирони шумо ва қавми мамлакат? Онро Худованд ба ёд овард ва ба дили худ гирифт. 22 Ва Худованд дигар натавонист ба аъмоли бади шумо ва ба корҳои зиште ки кардед, тоқат оварад; ва замини шумо харобазор шуда, мавриди даҳшат ва лаънат ва ғайримаскун гардид, чунон ки имрӯз аст. 23 Азбаски шумо бухур сӯзондед ва пеши Худованд гуноҳ кардед, ва ба овози Худованд гӯш надодед, ва бар тибқи шариати Ӯ ва фароизи Ӯ ва шаҳодоти Ӯ рафтор накардед, бинобар ин бар шумо ин мусибат омад, чунон ки имрӯз аст». 24 Ва Ирмиё ба тамоми қавм ва ба ҳамаи занон гуфт: «Каломи Худовандро бишнавед, эй тамоми Яҳудо, ки дар замини Миср мебошед! 25 Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: шумо ва занони шумо он чи бо даҳони худ гуфтаед, бо дастҳои худ ба ҷо меоваред ва мегӯед: „Назрҳоеро, ки кардаем, албатта ба ҷо оварда, барои маликаи осмон бухур хоҳем сӯзонид ва ҳадияҳои рехтанӣ барои вай хоҳем рехт“; шумо назрҳои худро албатта иҷро хоҳед кард, ва ба назрҳои худ вафо хоҳед намуд. 26 Бинобар ин каломи Худовандро бишнавед, эй тамоми Яҳудо, ки дар замини Миср сокин ҳастед: инак, Ман ба исми бузурги Худ қасам хӯрдаам, — мегӯяд Худованд, — ки исми Ман дигар ба даҳони ҳеҷ як марди Яҳудо дар тамоми замини Миср оварда нахоҳад шуд ва нахоҳанд гуфт: „Қасам ба ҳаёти Худованд Худо!“ 27 Инак, Ман бар онҳо ба бадӣ назар хоҳам кард, ва на ба некӣ; ва ҳамаи мардони Яҳудо, ки дар замини Миср мебошанд, аз шамшер ва қаҳтӣ нобуд хоҳанд шуд, то даме ки тамоман талаф гарданд. 28 Фақат адади каме аз шамшер раҳо шуда, аз замини Миср ба замини Яҳудо хоҳанд баргашт, ва тамоми бақияи Яҳудо, ки ба замини Миср омадаанд, то дар он ҷо сокин шаванд, хоҳанд донист, ки каломи кӣ ба амал хоҳад омад: аз они Ман ё аз они онҳо. 29 Ва ин аст аломат барои шумо, — мегӯяд Худованд, — ки Ман шуморо дар ин макон ҷазо хоҳам дод, то бидонед, ки суханони Ман дар ҳаққи шумо ба бадӣ ба амал хоҳад омад. 30 Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман фиръавн Ҳофраъ — подшоҳи Мисрро ба дасти душманони ӯ ва ба дасти толибони ҷони ӯ хоҳам супурд, чунон ки Сидқиё подшоҳи Яҳудоро ба дасти Набукаднесар подшоҳи Бобил, ки душмани ӯ ва толиби ҷони ӯ буд, супурдаам». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden