Ирмиё 43 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧИЛУ СЕЮМ Ирмиё бо зӯрӣ ба Миср бурда шуд. 1 Ва чун Ирмиё ба тамоми қавм гуфтани ҳамаи суханони Худованд Худои онҳоро, ки ба воситаи ӯ Худованд Худои онҳо ба онҳо фиристода буд, яъне гуфтани ҳамаи он суханонро ба анҷом расонид, 2 Он гоҳ Азарьё ибни Ҳӯшаъё, ва Йӯҳонон ибни Қореаҳ ва ҳамаи одамони густох ба Ирмиё гуфтанд: «Ту дурӯғ мегӯӣ; Худованд Худои мо туро нафиристодааст, ки бигӯӣ: „Ба Миср наравед, то ки дар он ҷо сокин шавед“; 3 Балки Борух ибни Нериё туро ба муқобили мо иғво андохтаахт, то ки моро ба дасти калдониён таслим намоӣ, ва онҳо моро бикушанд, ва моро ба Бобил ба асирӣ бибаранд». 4 Пас Йӯҳонон ибни Қореаҳ, ва ҳамаи лашкарбошиҳо, ва тамоми қавм ба овози Худованд гӯш надоданд, то ки дар замини Яҳудо бимонанд, 5 Балки Йӯҳонон ибни Қореаҳ ва ҳамаи лашкарбошиҳо тамоми бақияи Яҳудоро, ки аз миёни ҳамаи халқҳое ки дар байнашон пароканда шуда буданд, баргашта, дар замини Яҳудо сокин шуда буданд, 6 Яъне мардон ва занон ва кӯдакон ва духтарони подшоҳ ва ҳамаи онҳоеро, ки сардори посбонон Набузаръадон назди Ҷадальё ибни Аҳиқом ибни Шофон боқӣ гузошта буд, ва Ирмиёи набӣ ва Борух ибни Нериёро гирифтанд, 7 Ва ба замини Миср рафтанд, зеро ки ба овози Худованд гӯш надоданд; ва ба Таҳфанҳес расиданд. Масал дар бораи сангҳои пинҳон. 8 Ва каломи Худованд дар Таҳфанҳес бар Ирмиё нозил шуда, гуфт: 9 «Ба дасти худ сангҳои калоне бигир, ва онҳоро дар гили хиштрезӣ, ки назди дарвозаи хонаи фиръавн дар Таҳфанҳес аст, дар пеши назари мардуми яҳудӣ пинҳон кун, 10 Ва ба онҳо бигӯй: Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман фиристода, бандаи Худ Набукаднесар подшоҳи Бобилро хоҳам гирифт, ва тахти ӯро бар ин сангҳое ки Ман пинҳон кардаам, хоҳам гузошт, ва ӯ саропардаи худро бар онҳо хоҳад барафрошт; 11 Ва омада, замини Мисрро зарба хоҳад зад: он ки маҳкум ба марг аст — ба марг, ва он ки маҳкум ба асирист — ба асирӣ, ва он ки маҳкум ба шамшер аст — ба шамшер дучор хоҳад шуд. 12 Ва дар хонаҳои худоёни Миср оташ хоҳам зад, ва ӯ онҳоро хоҳад сӯзонид ва ба асирӣ хоҳад бурд, ва ғанимати замини Мисрро дар бар хоҳад кард, чунон ки чӯпон либоси худро дар бар мекунад, ва аз он ҷо ба саломатӣ берун хоҳад рафт. 13 Ва сутунҳои Байт‐Шамсро, ки дар замини Миср аст, хароб хоҳад кард, ва хонаҳои худоёни Мисрро ба оташ хоҳад сӯзонид». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden