Ирмиё 42 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧИЛУ ДУЮМ Ирмиё ба Йӯҳонон ва дигарон ба Миср рафтанро манъ мекунад. 1 Ва ҳамаи лашкарбошиҳо, ва Йӯҳонон ибни Қореаҳ, ва Езаньё ибни Ҳӯшаъё, ва тамоми қавм аз хурд то калон пеш омаданд 2 Ва ба Ирмиёи набӣ гуфтанд: «Бигзор истиғосаи мо ба ҳузури ту мақбул афтад, ва ту барои мо, барои тамоми ин бақия назди Худованд Худои худ дуо гӯӣ, зеро ки мо каме аз бисьёр боқӣ мондаем, чунон ки чашмонат моро мебинад; 3 Ва бигзор Худованд Худои ту роҳеро, ки бояд бо он биравем, ва кореро, ки бояд бикунем, ба мо нишон диҳад». 4 Ва Ирмиёи набӣ ба онҳо гуфт: «Шунидам; инак, ман назди Худованд Худои шумо бар тибқи гуфтори шумо дуо хоҳам гуфт, ва ҳар чи Худованд дар ҷавоби шумо бигӯяд, ба шумо эълон хоҳам намуд, ва ҳеҷ чизе аз шумо пинҳон нахоҳам дошт». 5 Ва онҳо ба Ирмиё гуфтанд: «Бигзор Худованд дар миёни мо шоҳиди рост ва амин бошад, ки мо бар тибқи ҳар он чи Худованд Худои ту ба воситаи ту назди мо бифиристад, амал хоҳем кард: 6 Хоҳ некӯ бошад ва хоҳ бад, лекин ба овози Худованд Худои мо, ки мо туро назди Ӯ мефиристем, гӯш хоҳем дод, то ки барои мо некӯ бишавад, вақте ки ба овози Худованд Худои мо гӯш диҳем». 7 Ва пас аз даҳ рӯз воқеъ шуд, ки каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуд. 8 Ва ӯ Йӯҳонон ибни Қореаҳ ва ҳамаи лашкарбошиҳое ки бо ӯ буданд, ва тамоми қавмро аз хурд то калон даъват намуд, 9 Ва ба онҳо гуфт: «Худованд, Худои Исроил, ки маро назди Ӯ фиристодед, то истиғосаи шуморо ба Ӯ бирасонам, чунин мегӯяд: 10 Агар шумо дар ин замин бимонед, Ман шуморо бино намуда, хароб нахоҳам кард, ва шуморо мисли ниҳоле шинонда, решакан нахоҳам кард, зеро аз мусибате ки бар шумо овардам, таассуф менамоям. 11 Аз подшоҳи Бобил, ки аз ӯ бим доред, натарсед; аз ӯ наҳаросед, — мегӯяд Худованд, — зеро ки Ман бо шумо ҳастам, то ки шуморо наҷот диҳам ва шуморо аз дасти ӯ раҳо намоям. 12 Ва Ман ба шумо раҳм хоҳам кард, то ки ӯ ба шумо марҳамат намояд, ва шуморо ба заминатон баргардонад. 13 Вале агар шумо гӯед: „Дар ин замин нахоҳем монд“, ва ба овози Худованд Худои худ гӯш надода, 14 Бигӯед: „Не, мо ба замини Миср хоҳем рафт, ки дар он ҷо рӯи ҷангро нахоҳем дид, ва садои шохро нахоҳем шунид, ва аз қаҳтии нон азоб нахоҳем кашид, ва дар он ҷо хоҳем зист“, — 15 Пас бинобар ин акнун, эй бақияи Яҳудо, каломи Худовандро бишнавед: Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: агар шумо ба рафтан ба Миср азм дошта бошед, ва рафта дар он ҷо сокин мешуда бошед, 16 Пас шамшере ки шумо аз он метарсед, он ҷо, дар замини Миср, шуморо хоҳад ёфт, ва қаҳтие ки шумо аз он хавотир доред, он ҷо, дар Миср, шуморо таъқиб хоҳад кард, ва дар он ҷо хоҳед мурд. 17 Ва ҳамаи одамоне ки ба рафтан ба Миср азм доранд, то ки дар он ҷо сокин шаванд, аз шамшер, қаҳтӣ ва вабо хоҳанд мурд, ва ҳеҷ яке аз онҳо аз мусибате ки Ман бар онҳо хоҳам овард, боқӣ нахоҳад монд ва раҳо нахоҳад шуд. 18 Зеро ки Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: чунон ки хашми Ман ва ғазаби Ман бар сокинони Ерусалим фурӯ рехтааст, ончунон хашми Ман бар шумо, вақте ки ба Миср оед, фурӯ хоҳад рехт, ва шумо мавриди лаънат ва даҳшат ва нафрин ва нанг хоҳед шуд, ва ин маконро дигар нахоҳед дид. 19 Худованд дар бораи шумо, эй бақияи Яҳудо, гуфт: „Ба Миср наравед! Яқин бидонед, ки Ман имрӯз шуморо таъкид намудам“. 20 Зеро шумо ҷонҳои худро дар иштибоҳ андохтед: шумо маро назди Худованд Худои худ фиристода, гуфтед: „Барои мо назди Худованд Худои мо дуо гӯй, ва ҳар чи Худованд Худои мо бигӯяд, ба мо эълон намо, ва мо бар тибқи он амал хоҳем кард“. 21 Ва ман имрӯз ба шумо эълон намудам, вале шумо ба овози Худованд Худои худ ва ба ҳар чи Ӯ ба воситаи ман ба шумо фиристод, гӯш надодед. 22 Пас акнун бидонед, ки шумо дар маконе ки мехоҳед биравед ва дар он ҷо сокин шавед, аз шамшер, қаҳтӣ ва вабо хоҳед мурд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden