Ирмиё 36 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СИЮ ШАШУМ Тӯмор бо суханони Ирмиё ба ҳузури подшоҳ Еҳӯёқим нобуд карда шуд. 1 Ва дар соли чоруми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо воқеъ шуд, ки ин калом аз ҷониби Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт: 2 «Тӯмори китобат барои худ бигир ва ҳамаи суханонеро, ки Ман дар бораи Исроил ва дар бораи ҳамаи халқҳо ба ту гуфтаам, аз рӯзе ки ба ту сухан рондаам, яъне аз айёми Йӯшиё то имрӯз, дар он бинавис. 3 Шояд, хонадони Яҳудо тамоми мусибатеро, ки Ман мехоҳам бар онҳо оварам, бишнаванд, то ки ҳар яке аз роҳи бади худ баргарданд, ва Ман маъсият ва гуноҳи онҳоро биомурзам». 4 Ва Ирмиё Борух ибни Нериёро даъват намуд, ва Борух аз забони Ирмиё ҳамаи суханони Худовандро, ки ба ӯ гуфта буд, дар тӯмори китобат бинавишт. 5 Ва Ирмиё ба Борух амр фармуда, гуфт: «Ман маҳбус ҳастам ва наметавонам ба хонаи Худованд биёям; 6 Пас, ту бирав ва суханони Худовандро, ки аз забони ман дар тӯмор навиштаӣ, дар хонаи Худованд дар рӯзи рӯзадорӣ дар гӯши тамоми қавм бихон, ҳамчунин дар гӯши ҳамаи яҳудиёне ки аз шаҳрҳои худ омадаанд, онҳоро бихон; 7 Шояд, онҳо ба ҳузури Худованд истиғоса баранд ва ҳар яке аз роҳи бади худ баргарданд, зеро хашму ғазабе ки Худованд дар бораи ин қавм баён намудааст, бузург аст». 8 Ва Борух ибни Нериё ҳар он чиро, ки Ирмиёи набӣ ба ӯ фармуда буд, то ки суханони Худовандро аз он тӯмор дар хонаи Худованд бихонад, ба ҷо овард. 9 Ва дар соли панҷуми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо воқеъ шуд, ки дар моҳи нӯҳум тамоми қавме ки дар Ерусалим буданд, ва тамоми қавме ки аз шаҳрҳои Яҳудо ба Ерусалим омаданд, ба ҳузури Худованд рӯза эълон карданд. 10 Ва Борух суханони Ирмиёро аз он тӯмор дар хонаи Худованд, дар ҳуҷраи Ҷамарьё ибни Шофони котиб, дар саҳни боло, дар даҳани дарвозаи нави хонаи Худованд, дар гӯши тамоми қавм хонд. 11 Ва Михой ибни Ҷамарьё ибни Шофон ҳамаи суханони Худовандро аз он тӯмор шунид, 12 Ва ба хонаи подшоҳ, ба ҳуҷраи котиб фурӯд омад, ва инак, дар он ҷо ҳамаи мирон нишаста буданд: Элишомои котиб, ва Далоё ибни Шамаъё, ва Элнотон ибни Ахбӯр, ва Ҷамарьё ибни Шофон, ва Сидқиё ибни Ҳананьё, ва ҳамаи мирон; 13 Ва Михой ҳамаи суханонеро, ки шунида буд, вақте ки Борух тӯморро дар гӯши қавм хонд, ба онҳо ҳикоят кард. 14 Ва ҳамаи мирон Яҳудӣ ибни Натаньё ибни Шамаъё ибни Ҳабаширо назди Борух фиристоданд, ки бигӯяд: «Он тӯморро, ки дар гӯши қавм хондӣ, ба дасти худ гирифта, биё». Ва Борух ибни Нериё он тӯморро ба дасти худ гирифта, назди онҳо омад. 15 Ва онҳо ба ӯ гуфтанд: «Бинишин ва онро дар гӯши мо бихон». Ва Борух дар гӯши онҳо хонд. 16 Ва ҳангоме ки онҳо ҳамаи он суханонро шуниданд, бо ҳарос ба ҳамдигар нигаристанд, ва ба Борух гуфтанд: «Мо ҳамаи ин суханонро албатта ба подшоҳ нақл хоҳем намуд». 17 Ва ба Борух савол дода, гуфтанд: «Ба мо бигӯй, ки ҳамаи ин суханонро чӣ гуна аз забони ӯ навиштӣ?» 18 Ва Борух ба онҳо гуфт: «Ӯ аз забони худ ба ман ҳамаи ин суханонро хонд, ва ман бо сиёҳӣ дар тӯмор навиштам». 19 Ва мирон ба Борух гуфтанд: «Рафта, ту ва Ирмиё пинҳон шавед, то касе надонад, ки шумо куҷоед». 20 Ва тӯморро дар ҳуҷраи Элишомои котиб гузошта, ба қасри подшоҳ рафтанд ва ҳамаи он суханонро дар гӯши подшоҳ нақл карданд. 21 Ва подшоҳ Яҳудиро фиристод, ки тӯморро биёрад, ва ӯ онро аз ҳуҷраи Элишомои котиб овард, ва онро Яҳудӣ дар гӯши подшоҳ ва дар гӯши ҳамаи мироне ки назди подшоҳ истода буданд, хонд. 22 Ва подшоҳ дар моҳи нӯҳум дар хонаи зимистонӣ нишаста буд, ва дар пеши ӯ манқали оташ месӯхт. 23 Ва чун Яҳудӣ се‐чор сутунро хонда тамом мекард, подшоҳ бо кордчаи китобат онро бурида мегирифту дар оташи манқал меандохт, то даме ки тамоми он тӯмор дар оташи манқал сӯзонида шуд. 24 Вале подшоҳ ва ҳамаи бандагонаш, ки ҳамаи ин суханонро шуниданд, натарсиданд ва ҷомаҳои худро чок назаданд, 25 Ва ҳарчанд Элнотон ва Далоё ва Ҷамарьё аз подшоҳ илтимос карданд, ки тӯморро насӯзонад, ӯ ба онҳо гӯш надод. 26 Ва подшоҳ ба Ераҳмеили шоҳзода ва Сароё ибни Азриил ва Шелемьё ибни Абдаил амр фармуд, ки Борухи котиб ва Ирмиёи набиро дастгир кунанд, вале Худованд онҳоро пинҳон кард. Тӯмор аз нав навишта шуд. 27 Ва баъд аз он ки подшоҳ тӯмор ва суханонеро, ки Борух аз забони Ирмиё навишта буд, сӯзонид, каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт: 28 «Барои худ аз нав тӯмори дигаре бигир ва ҳамаи суханони пештараро, ки дар тӯмори якум буд, ва онро Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо сӯзонид, дар он бинавис. 29 Ва ба Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо бигӯй: Худованд чунин мегӯяд: ту ин тӯморро сӯзонида, гуфтӣ: чаро ту дар он чунин навиштӣ: „Подшоҳи Бобил ҳатман хоҳад омад ва ин заминро валангор карда, одамон ва ҳайвонотро аз он барҳам хоҳад зад“? 30 Бинобар ин Худованд дар бораи Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо чунин мегӯяд: ӯро касе нахоҳад буд, ки бар тахти Довуд биншинад, ва ҷасади ӯ дар гармои рӯз ва сармои шаб партофта хоҳад шуд. 31 Ва ӯ ва насли ӯ ва бандагони ӯро Ман барои гуноҳашон ҷазо хоҳам дод, ва бар онҳо ва бар сокинони Ерусалим ва бар мардони Яҳудо тамоми он мусибатро, ки дар ҳаққи онҳо баён намудаам, хоҳам овард, чунки онҳо гӯш надоданд». 32 Ва Ирмиё тӯмори дигаре гирифта, ба Борух ибни Нериёи котиб дод, ва ӯ ҳамаи суханони тӯмореро, ки Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо ба оташ сӯзонида буд, аз забони Ирмиё дар он бинавишт, ва боз бар онҳо суханони бисьёре монанди онҳо илова карда шуд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden