Ирмиё 35 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СИЮ ПАНҶУМ Итоати Рекобиён ҳамчун намунаи ибрат барои яҳудиён оварда мешавад. 1 Каломе ки аз ҷониби Худованд дар айёми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо бар Ирмиё нозил шуда, гуфт: 2 «Ба хонаи Рекобиён бирав ва бо онҳо гуфтугӯ намо, ва онҳоро ба хонаи Худованд, ба яке аз ҳуҷраҳои он биёр, ва ба онҳо шароб бинӯшон». 3 Ва ман Еазаньё ибни Ирмиё ибни Ҳавасиньё, ва бародаронаш, ва ҳамаи писаронаш, ва тамоми аҳли хонаводаи Рекобиёнро гирифтам, 4 Ва онҳоро ба хонаи Худованд, ба ҳуҷраи писарони Ҳонон ибни Йигдальёи марди Худо овардам, ки он назди ҳуҷраи мирон, болои ҳуҷраи Маасеё ибни Шаллуми посбони даромадгоҳ мебошад; 5 Ва пеши писарони хонаводаи Рекобиён кӯзаҳои пур аз шароб ва косаҳоро монда, ба онҳо гуфтам: «Шароб нӯшед». 6 Вале онҳо гуфтанд: «Мо шароб наменӯшем, зеро ки падарамон Йӯнодоб ибни Рекоб ба мо амр фармуда, гуфтааст: „Шумо ва писарони шумо то абад шароб нанӯшед, 7 Ва хонаҳо бино накунед, ва тухм кишт нанамоед, ва ток нашинонед, ва соҳиби он чизҳо набошед, балки тамоми айёми худ хайманишин шавед, то бар рӯи замине ки шумо дар он мусофират менамоед, рӯзҳои бисьёр зиндагӣ кунед“. 8 Ва мо ба овози падарамон Йӯнодоб ибни Рекоб, дар ҳар чи ба мо амр фармудааст, итоат намуда, тамоми айёми худ шароб нанӯшидем, — худамон, занонамон, писаронамон ва духтаронамон, 9 Ва хонаҳо барои иқомати худ бино накардем, ва мо токзор ва киштгоҳ ва зироат надорем, 10 Ва дар хаймаҳо сукунат дорем, ва ҳар он чи падарамон Йӯнодоб ба мо амр фармудааст, ба он итоат менамоем ва мувофиқи он амал мекунем. 11 Ва ҳангоме ки Набукаднесар подшоҳи Бобил ба ин замин омад, мо ба худ гуфтем: „Биёед, аз дасти лашкари калдониён ва аз дасти лашкари арамиён ба Ерусалим биравем“, — ва инак мо дар Ерусалим сокин шудаем». 12 Ва каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт: 13 «Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: бирав ва ба мардони Яҳудо ва ба сокинони Ерусалим бигӯй: оё шумо сабақ намегиред, то ки ба суханони Ман гӯш диҳед? — мегӯяд Худованд. 14 Суханони Йӯнодоб ибни Рекоб, ки ба писаронаш амр фармуд, ки шароб нанӯшанд, ба ҷо оварда мешавад, ва онҳо то имрӯз наменӯшанд, зеро ки ба амри падари худ гӯш мекунанд; вале Ман ба шумо гуфтам, ҳар рӯз аз субҳидам сухан рондам, ва шумо ба Ман гӯш надодед. 15 Ва ҳамаи бандагони Худ — анбиёро назди шумо фиристодам, ҳар рӯз аз субҳидам фиристода, гуфтам: „Лутфан, ҳар яке аз шумо аз роҳи бади худ гашта, аъмоли худро ислоҳ намоед, ва аз паи худоёни бегона рафта, онҳоро ибодат накунед, то бар замине ки ба шумо ва падаронатон додаам, сукунат кунед“, вале шумо гӯши худро хам накардед ва Маро нашнидед. 16 Зеро писарони Йӯнодоб ибни Рекоб амри падари худро, ки ба онҳо фармудааст, ба ҷо меоваранд, вале ин қавм ба Ман гӯш намедиҳанд. 17 Бинобар ин Худованд, Худои лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман бар Яҳудо ва бар ҳамаи сокинони Ерусалим тамоми он мусибатро, ки дар ҳаққи онҳо баён намудаам, хоҳам овард, чунки Ман ба онҳо гуфтам, вале онҳо нашниданд, ва Ман онҳоро хондам, вале онҳо ҷавоб надоданд». 18 Ва Ирмиё ба аҳли хонаводаи Рекобиён гуфт: «Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: азбаски шумо ба амри падари худ Йӯнодоб гӯш додед ва тамоми аҳкоми ӯро риоя кардед, ва ҳар он чи ӯ фармудааст, ба ҷо овардед, 19 Бинобар ин Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: аз Йӯнодоб ибни Рекоб касе ки ҳамеша ба ҳузури Ман меистода бошад, кам нахоҳад шуд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden