Ирмиё 34 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СИЮ ЧОРУМ Ба Сидкиё пешгӯӣ карда шуд, ки ба зудӣ ба асирӣ меафтад. 1 Каломе ки аз ҷониби Худованд дар замоне ки Набукаднесар подшоҳи Бобил ва тамоми лашкари ӯ, ва ҳамаи мамлакатҳои замин, ки зердасти ӯ буданд, ва ҳамаи қавмҳо бар зидди Ерусалим ва бар зидди ҳамаи шаҳрҳои он меҷангиданд, бар Ирмиё нозил шуда, гуфт: 2 «Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: бирав ва Сидқиё подшоҳи Яҳудоро хитоб намо ва ба ӯ бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман ин шаҳрро ба дасти подшоҳи Бобил месупорам, ва ӯ онро ба оташ хоҳад сӯзонид; 3 Ва Ту аз дасти ӯ раҳо нахоҳӣ шуд, балки дастгир гардида, ба дасти ӯ супурда хоҳӣ шуд, ва чашмони ту чашмони подшоҳи Бобилро хоҳад дид, ва даҳони ӯ бо даҳони ту гуфтугӯ хоҳад кард, ва ту ба Бобил хоҳӣ рафт“. 4 Аммо каломи Худовандро бишнав, эй Сидқиё подшоҳи Яҳудо! Худованд дар бораи ту чунин мегӯяд: ту ба дами шамшер нахоҳӣ мурд; 5 Ту дар осоиштагӣ хоҳӣ мурд, ва чунон ки барои падарони ту, — барои подшоҳоне ки пеш аз ту буданд, — моддаҳои хушбӯй сӯзонидаанд, ончунон барои ту хоҳанд сӯзонид ва барои ту навҳа карда, хоҳанд гуфт: „Э вой оғо!“, зеро ки ин суханро Ман гуфтам, — мегӯяд Худованд». 6 Ва Ирмиёи набӣ ҳамаи ин суханонро ба Сидқиё подшоҳи Яҳудо дар Ерусалим гуфт. 7 Дар ин миён лашкари подшоҳи Бобил бар зидди Ерусалим ва бар зидди ҳамаи шаҳрҳои боқимондаи Яҳудо, яъне бар зидди Локиш ва Азеқо меҷангиданд, зеро ки аз шаҳрҳои ҳисордори Яҳудо фақат ҳамин шаҳрҳо боқӣ монда буданд. 8 Каломе ки аз ҷониби Худованд бар Ирмиё нозил шуд, баъд аз он ки подшоҳ Сидқиё бо тамоми қавме ки дар Ерусалим буданд, аҳд баст, ки озодӣ эълон намоянд, 9 То ки ҳар кас ғуломи ибрии худ ва ҳар кас канизи ибрияи худро ба озодӣ ҷавоб диҳад, ва ҳеҷ кас барои яҳудии бародари худ ғулом набошад. 10 Ва ҳамаи мирон ва тамоми қавме ки ба ин аҳд шарик шуданд, итоат карданд ба он ки ҳар кас ғуломи худ ва ҳар кас канизи худро ба озодӣ ҷавоб диҳад, ва дигар ғуломе надошта бошад, — ва онҳо итоат карданд ва ҷавоб доданд. 11 Валекин баъд аз ин онҳо аз фикри худ гашта, ғуломон ва канизонеро, ки ба озодӣ ҷавоб дода буданд, баргардонида, зердаст карданд, то ки ғулом ва каниз бошанд. 12 Ва каломи Худованд бар Ирмиё аз ҷониби Худованд нозил шуда, гуфт: 13 «Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: Ман бо падарони шумо дар рӯзе ки онҳоро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овардам, аҳд баста, гуфтам: 14 „Дар соли ҳафтум, ки соли охирин аст, ҳар яке аз шумо бародари ибрии худро, ки худро ба ту фурӯхта бошад, ҷавоб диҳед: бигзор ӯ назди ту шаш сол ғулом бошад, ва баъд аз он ӯро аз пеши худ ба озодӣ ҷавоб деҳ“; вале падарони шумо Маро нашниданд, ва гӯши худро хам накарданд. 15 Ва алҳол шумо руҷӯъ намуда, он чиро, ки дар назари Ман ҳаққонист, ба амал овардед: ҳар кас барои ёри худ озодӣ эълон намуд, ва дар ҳузури Ман, дар хонае ки ба исми Ман номида шудааст, аҳд бастед; 16 Вале аз фикри худ гашта, исми Маро хор доштед, ва ҳар кас ғуломи худ ва ҳар кас канизи худро, ки ба дилхоҳи онҳо ба озодӣ ҷавоб дода будед, баргардонида, онҳоро зердаст кардед, то ки барои шумо ғулом ва каниз бошанд. 17 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: шумо Маро нашнидед дар бораи он ки ҳар кас барои бародари худ ва хар кас барои ёри худ озодӣ эълон намояд; пас, инак Ман, — мегӯяд Худованд, — барои шумо озодиро сӯи шамшер, вабо ва қаҳтӣ эълон хоҳам кард, ва шуморо барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшат табдил хоҳам дод; 18 Ва таслим хоҳам намуд касонеро, ки аҳди Маро поймол карданд ва ба ҷо наоварданд суханони аҳдеро, ки ба ҳузури Ман ба василаи гӯсолае бастанд, ки онро ду пора карданд ва аз миёни пораҳои он гузаштанд, 19 Яъне мирони Яҳудо ва мирони Ерусалим, хоҷасароён ва коҳинон ва тамоми қавми заминро, ки аз миёни пораҳои гӯсола гузаштанд, — 20 Онҳоро ба дасти душманонашон ва ба дасти толибони ҷонашон таслим хоҳам намуд, ва ҷасадҳошон хӯроки мурғони осмон ва ҳайвоноти замин хоҳад шуд. 21 Ва Сидқиё подшоҳи Яҳудо ва мирони ӯро ба дасти душманонашон ва толибони ҷонашон, ва ба дасти лашкари подшоҳи Бобил, ки аз назди шумо ақиб нишастаанд, таслим хоҳам намуд. 22 Инак, Ман амр мефармоям, — мегӯяд Худованд, — ва онҳоро сӯи ин шаҳр бармегардонам, ва онҳо ба муқобили он ҷангида, онро забт хоҳанд кард, ва онро ба оташ хоҳанд сӯзонид; ва шаҳрҳои Яҳудоро биёбони ғайримаскун хоҳам гардонид». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden