Ирмиё 31 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СИЮ ЯКУМ Пешгӯӣ дар бораи наҷоти ояндаи Исроил ва Яҳудо ва дар бораи Аҳди Ҷадид. 1 «Дар он замон — мегӯяд Худованд, — Ман Худои ҳамаи қабилаҳои Исроил хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд». 2 Худованд чунин мегӯяд: «Қавме ки аз шамшер саломат монданд, дар биёбон лутф пайдо карданд; биравам, то Исроилро ором намоям. 3 Аз дурдаст Худованд ба ман зоҳир шуд: бо муҳаббати абадӣ туро дӯст доштам, бинобар ин туро бо марҳамат ба Худ ҷалб намудам. 4 Боз туро, эй бокираи Исроил, бино хоҳам кард, ва ту бино хоҳӣ ёфт; боз бо дафҳои худ зинат ёфта, бо дастаи раққасони шодком берун хоҳӣ омад; 5 Боз бар кӯҳҳои Сомария токҳо хоҳӣ шинонд; токдорон ток шинонда, худашон меваи онро хоҳанд хӯрд. 6 Зеро рӯзе фаро хоҳад расид, ки дидбонон бар кӯҳи Эфроим нидо хоҳанд кард: „Бархезед ва назди Худованд Худои худ ба Сион бароем!“» 7 Зеро Худованд чунин мегӯяд: «Барои Яъқуб бо шодмонӣ тараннум намоед, ва дар сари халқҳо ба ваҷд оед; нидо карда ва ҳамду сано хонда, бигӯед: „Қавми Худоро, эй Худованд, бақияи Исроилро наҷот деҳ!“ 8 Инак, Ман онҳоро аз замини шимолӣ хоҳам овард, ва онҳоро аз ақсои замин ҷамъ хоҳам кард; дар миёни онҳо кӯр ва ланг, зани ҳомиладор ва зоянда бо ҳам хоҳанд буд; анбӯҳи бузурге ба ин ҷо хоҳанд баргашт. 9 Онҳо бо гирья хоҳанд омад, ва Ман онҳоро бо марҳамат хоҳам бурд; онҳоро сӯи ҷӯйҳои об бо роҳи рост хоҳам бурд, ки дар он пешпо нахоҳанд хӯрд; зеро ки Ман падари Исроил ҳастам, ва Эфроим нахустзодаи Ман аст. 10 Каломи Худовандро бишнавед, эй халқҳо, ва ба ҷазираҳои дурдаст эълон намоед, ва бигӯед: „Ӯ, ки Исроилро пароканда намуд, ӯро ҷамъ хоҳад овард, ва ӯро нигоҳдорӣ хоҳад кард, чунон ки чӯпон рамаи худро нигоҳдорӣ мекунад“. 11 Зеро Худованд барои Яъқуб фидия хоҳад дод, ва ӯро аз дасти касе ки аз ӯ пурзӯртар аст, раҳо хоҳад кард. 12 Ва онҳо омада, бар баландии Сион тараннум хоҳанд кард; ва сӯи неъмати Худованд: сӯи гандум ва шароб ва равғани зайтун, ва сӯи барраҳо ва гӯсолаҳо равон хоҳанд шуд; ва ҷони онҳо мисли боғи сероб хоҳад буд, ва онҳо дигар ғамгин нахоҳанд шуд. 13 Он гоҳ бокира дар дастаи раққосон шодӣ хоҳад кард, ва ҷавонон ва пирон — бо якҷоягӣ; ва Ман мотами онҳоро ба шодмонӣ табдил хоҳам дод, ва онҳоро аз кулфате ки кашидаанд, тасаллӣ дода, шод хоҳам гардонид. 14 Ва ҷони коҳинонро аз чарбу ба фаровонӣ ғизо хоҳам дод, ва қавми Ман аз неъмати Ман сер хоҳанд шуд», — мегӯяд Худованд. 15 Худованд чунин мегӯяд: «Овозе дар Ромо шунида шуд, садои нола ва гирьяи талх: Роҳел барои фарзандони худ гирья мекунад; барои фарзандони худ наметавонад тасаллӣ ёбад, зеро ки онҳо нестанд». 16 Худованд чунин мегӯяд: «Овози худро аз навҳа, ва чашмони худро аз ашк нигоҳ дор, зеро ки барои заҳмати худ подош хоҳӣ гирифт, — мегӯяд Худованд, — ва онҳо аз замини душман хоҳанд баргашт. 17 Ва барои ояндаи ту умеде ҳаст, — мегӯяд Худованд, — ва фарзандонат ба ҳудуди худ хоҳанд баргашт. 18 Овози Эфроимро шунидам, ки дар мотами худ сар ҷунбонда, мегуфт: „Ту маро ҷазо додӣ, ва ман мисли гӯсолаи ноозмуда ҷазо дидам; маро баргардон, ва ман хоҳам баргашт, зеро ки Ту Худованд Худои ман ҳастӣ; 19 Зеро, баъд аз он ки баргаштам, пушаймон шудам, ва баъд аз он ки фаҳм кардам, бар рони худ задам; хиҷил шудам, ва нангам низ омад, зеро ки расвоии ҷавонии худро бардошта мегаштам“. 20 Оё Эфроим писари азизи Ман аст? Оё ӯ валади сурурангез аст? Зеро, ҳар бор, ки дар бораи ӯ сухан меронам, ӯро бисьёр ёд мекунам; бинобар ин ба ӯ дилам месӯзад, ба ҳар ҳол ба ӯ раҳм хоҳам кард», — мегӯяд Худованд. 21 Нишонаҳо барои худ бимон, сутунҳо барои худ барпо бикун, ба ҷодда ва роҳе ки рафтаӣ, диққат намо; баргард, эй бокираи Исроил, ба ин шаҳрҳои худ баргард! 22 То ба кай рӯ хоҳӣ тофт, эй духтари муртад? Зеро Худованд бар замин таомули наве офаридааст: зан гирди мард хоҳад гашт. 23 Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: «Боз дар замини Яҳудо ва шаҳрҳояш, вақте ки асирони онҳоро баргардонам, ин каломро хоҳанд гуфт: „Эй маскани адолат ва эй кӯҳи муқаддас, Худованд туро муборак созад!“ 24 Ва Яҳудо бо якҷоягии ҳамаи шаҳрҳояш, зироаткорон ва онҳое ки бо рама мегарданд, дар он сокин хоҳанд шуд. 25 Зеро ки Ман ҷони ташнаро хоҳам нӯшонид, ва ҳар ҷони ғамгинро сер хоҳам кард». 26 Дар айни ҳол ман бедор шудам ва ба гирду пешам назар андохтам, ва хобам барои ман хуш буд. 27 «Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман хонадони Исроил ва хонадони Яҳудоро бо тухми одам ва тухми чорпоён кишт хоҳам кард. 28 Ва воқеъ хоҳад шуд: чунон ки Ман бар онҳо барои аз беху бор кандан, ва вожгун сохтан, ва хароб кардан, ва барҳам задан, ва осеб расондан диққат намудаам, ончунон бар онҳо барои бино кардан ва ниҳол шинондан диққат хоҳам намуд, — мегӯяд Худованд. 29 Дар он рӯзҳо дигар нахоҳанд гуфт: „Падарон ғӯра хӯрданд, ва дандони писарон кунд шуд“, 30 Балки ҳар кас ба гуноҳи худ хоҳад мурд: ҳар одаме ки ғӯра хӯрад, дандонаш кунд хоҳад шуд. 31 Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман бо хонадони Исроил ва бо хонадони Яҳудо аҳди нав хоҳам баст, — 32 На мисли он аҳде ки бо падарони онҳо бастам, дар рӯзе ки дасташонро гирифтам, то ки онҳоро аз замини Миср берун оварам; онҳо он аҳди Маро поймол карданд, гарчанде ки Ман оғои онҳо будам, — мегӯяд Худованд. 33 Чунин аҳде Ман бо хонадони Исроил баъд аз он айём хоҳам баст, — мегӯяд Худованд: — шариати Худро дар ботини онҳо ҷойгир хоҳам кард, ва онро бар дили онҳо хоҳам навишт, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми ман хоҳанд буд, 34 Ва касе ба ёри худ ва касе ба бародари худ дигар таълим дода нахоҳад гуфт: „Худовандро бишносед“, зеро ки ҳамаашон, аз хурд то калон, Маро хоҳанд шинохт, — мегӯяд Худованд, — чунки Ман маъсияти онҳоро хоҳам омурзид ва гуноҳи онҳоро дигар ба ёд нахоҳам овард». 35 Чунин мегӯяд Худованде ки офтобро барои рӯшноии рӯз, ва қонунҳои моҳ ва ситорагонро барои рӯшноии шаб додааст, ва баҳрро тавре ба шӯр меоварад, ки мавҷҳояш хурӯш бардорад; исми Ӯ Худованди лашкарҳост. 36 «Агар ин қонунҳо аз ҳузури Ман барҳам хӯрад, — мегӯяд Худованд, — он гоҳ насли Исроил низ дигар дар ҳузури Ман ба таври доимӣ халқ нахоҳанд буд». 37 Худованд чунин мегӯяд: «Агар дар боло чен кардани осмон ва дар поён тадқиқ намудани асосҳои замин имконпазир бошад, он гоҳ Ман низ аз тамоми насли Исроил аз боиси ҳар он чи онҳо карданд, безор хоҳам шуд», — мегӯяд Худованд. 38 «Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки ин шаҳр, аз бурҷи Ҳананъил то дарвозаи кунҷакӣ барои Худованд бино хоҳад ёфт. 39 Ва боз ресмони андоза дар рӯ ба рӯи он то теппаи Ҷореб берун рафта, сӯи Ҷӯот давр хоҳад зад. 40 Ва тамоми водии лошаҳо ва хокистар, ва тамоми саҳро то наҳри Қидрӯн, то гӯшаи дарвозаи аспон ба тарафи шарқ, барои Худованд муқаддас хоҳад буд; дигар ҳаргиз решакан ва хароб нахоҳад шуд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden